Президенти собиқи Руминия дар ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам шуд
Собиқ президенти Руминия Ион Илиеску барои нақшаш дар ошӯбҳои хунини соли 1989, ки баъди саркӯби режими диктатории коммунистии Николай Чаушеску рӯй дод, дар додгоҳе посух хоҳад дод. Илиескуи 89-сола дар ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мешавад. Додситони кулли Руминия Августин Лазар рӯзи 8 апрел дар Бухарест гуфт, ки “барои низоми додгустарии Руминия дар амри иҷрои ӯҳдадориҳояш дар назди таърих як лаҳзаи хеле муҳим фаро расидааст”. Ба ҷавобгарӣ кашидани Илиеску ҳосили даҳсолаҳо тафтишоти ҷиноӣ аст... Читать дальше...