Натаняҳу бори панҷум сарвазири Исроил мешавад
Бино бар натиҷаҳои интихобот порлумонии Исроил, ки рӯзи сешанбеи 9 апрел баргузор шуд, Бинямин Натаняҳу бори панҷум ҳукумати Исроилро раҳбарӣ хоҳад кард. Шумориши 97 дарсади баргаҳои раъй нишон дод, ки ҳизби "Ликуд"-и сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу дар интихобот пешсаф аст. Ин ҳизб ҳамроҳ бо ҳампаймонҳояш дар Кнессет ё маҷлиси Исроил соҳиби 65 курсӣ шудааст. Пирӯзии Натаняҳу расман эълон нашудааст, вале президенти Исроил Реувен Ривлин ҳафтаи оянда машваратҳояшро барои таъсиси ҳукумати нав оғоз мекунад. Читать дальше...