Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2019

Новости за 25.04.2019

Рӯзноманигорони тоҷику қирғиз Маркази бозтоби баҳсҳои марзиро таъсис доданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзноманигорои тоҷику қирғиз ба тавофуқ расиданд, ки барои пӯшиши беғаразонаи масоили марзӣ, дар минтақаҳои сарҳадӣ миёни ду кишвар, як маркази матбуотии сайёр таъсис диҳанд.

Украина аз фармони ахири Путин ба СММ шикоят бурд

Ozodi.org 

Киев аз фармони президент Владимир Путин дар бораи сода гардонидани раванди дарёфти шиносномаҳои Русия ба сокинони минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ба Шӯрои амнияти СММ шикоят бурд. Дар ин бора намояндаи доимии Украина дар СММ Владимир Елченко дар Твиттер хабар дод. Дипломати украин гуфт, иқдоми раҳбарияти Русия хилофи созишномаи Минск аст. Пештар ситоди президенти нави Украина Владимир Зеленский даъват карда буд, ки дар робита ба фармони мазкур фишорҳои дипломатӣ ва таҳримҳо зидди Москва пурзӯр карда шаванд. Читать дальше...

Президенти Тоҷикистон озими Чин шуд

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел барои иштирок дар Форуми дувуми байналмилалии "Як камарбанд-як роҳ" ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба шаҳри Пекин -- пойтахти Чин сафар кард. Тибқи иттилои расмӣ, оқои Раҳмонро дар ин сафар ёвари президент дар масоили байналмилалӣ,  вазирони умури хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, президенти Академияи илмҳо, раиси Кумитаи андоз, директори Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва дигар афрод расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд. Форуми "Як камарбанд-як роҳ" рӯзҳои 26-27 апрел баргузор хоҳад шуд. Читать дальше...

Блогнависони "авбош"-и тошкандиро ба боздоштгоҳ интиқол доданд

Ozodi.org 

Ду блогнависи тошкандиро, ки оғози моҳи ҷорӣ дар авбошӣ дар бинои Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон айбдор карда буданд, ба боздоштгоҳи тафтишотии Хадамоти давлатии амният интиқол доданд. Ҳамакнун онҳоро дар тундгароӣ айбдор мекунанд. Блогнависон Рустам Карим ва Тулқин Остонов, ки пештар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда буданд, акнун ҳамчун тундгаро муҳокима мешаванд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон хабар доданд. Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти Ӯзбекистон дар телефонҳои ҳамроҳи ин... Читать дальше...

Баҳсҳо дар атрофи кони урани вилояти Иссиқкӯл

Ozodi.org 

Ширкати "ЮрАзия дар Қирғизистон" вазъи атрофи коркарди уран дар вилояти Иссиқкӯлро шарҳ дод. Светлана Менг, мудири кулли ширкат мегӯяд, истихроҷи уран барои муҳити атроф ва сокинони маҳаллӣ зиёновар нест. "Конҳои уран дар ҳоле хатарнок мешаванд, ки агар шумо коркарди ҳаҷми бузург ва зеризаминии онро бар роҳ монед. Мо коркарди ҳаҷми хурди онро анҷом медиҳем. Одамон дар ин макон солҳои сол зиндагӣ кардаанд. Онҳо танҳо оташро бод медиҳанд. Мо технологияи безарартаринро интихоб кардем. Мо заминро покиза мекунем... Читать дальше...

Додгоҳи Алмато вакили пешини Қирғизистонро 10 сол зиндонӣ кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулуро бо айби "ташкил ва роҳбарии гуруҳи фаромиллии муташаккили ҷиноӣ" ва "қочоқи иқтисодӣ" 10 сол зиндонӣ кард. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ӯро 13 сол зиндонӣ кунад. Дамирбек Асилбек уулуи 38-сола аз 15 феврали соли 2018 дар ҳабс аст. Ду шаҳрванди дигари Қирғизистон - Уланбек Мурадилови 39-сола ва Шингис Абакирови 34-сола дар узвияти гуруҳ айбдор дониста шуданд. Айбдоршавандаҳои дигар аз 14 то 5-солии ҳабси шартӣ маҳкум шуданд. Читать дальше...

Медали панҷуми тиллои Дилшод Назаров дар қаҳрамонии Осиё

Ozodi.org 

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа – дар гурзандозӣ соҳиби медали тилло гардид. Ин панҷумин нишони тиллои ӯ дар қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад.

Ноҷияи Карим. Аз шеър то ҳуқуқи занон

Ozodi.org 

Дар Душанбе китоби шоираи афғон Ноҷияи Карим "Рангинсипеҳр" рӯнамоӣ шуд, ки бо хатти сириллик аз чоп даромад ва "садои як зан дар баробари хушунату зуроварӣ дар як кишвари ҷангзада" унвон ёфт.

Туркманистон дипломҳои Тоҷикистонро эътироф намекунад?

Ozodi.org 

Туркманистон рӯйхати донишгоҳҳои хориҷиеро таҳия кардааст, ки танҳо дипломи онҳо дар он кишвар эътибор доранд. Номи донишгоҳҳои Тоҷикистон дар ин рӯйхат нест ва тақдири беш аз 2 ҳазор донишҷӯи туркман дар Тоҷикистон норӯшан мондааст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Уимблдон

Даниил Медведев представил форму, в которой выступит на Уимблдоне






Девятилетний мальчик, искусанный сворой собакой под Читой, пришел в себя

Жителей Дзержинского приглашают на «День молодежи»

Родион Газманов рассказал о планах завершить карьеру из-за политической деятельности

Лев Додин получил «Золотую маску»