Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 07.01.2020

Нигаронӣ аз боздошти эронитаборон дар марзи Канада бо ИМА

Ozodi.org 

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар, мансабдорони давлатӣ ва қонунгузорон гузоришҳо дар бораи боздошти эрониҳо ва амрикоиҳои эронитабор дар марзи Канада ва Амрикоро таҳқиқ мекунанд. Бахши Шӯрои равобити амрикоиву исломӣ дар шаҳри Вашингтон мегӯяд, охири ҳафтаи гузашта беш аз 60 эронӣ ва амрикоии эронитабори сину  соли мухталиф ҳангоми бозгашт аз Канада ба ИМА боздошт шуда, то 10 соат ва ё бештар аз он дар бораи назари сиёсияшон бозпурсӣ шуданд. Дар ин байн чизу чораи шахсии онҳо ба мисли шиноснома, калиди... Читать дальше...

Сон Хин Мин беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2019 эълон шуд

Ozodi.org 

Сон Хин Мин, ҳамлагари 27-солаи «Тоттенҳэм»-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2019, ки онро нашрияи варзишии интернетии "Fox Sport Asia» таъсис додааст, эълон гардид. Барои ин ҷоиза 24 бозигар довталаб буданд. Дар ин бора сомонаи «Fox Sport Asia» хабар додааст. Сон Хин Мин 258 имтиёз гирифтааст. Соли гузашта ӯ дар ҳайати «Тоттенҳэм» дар 48 бозӣ 20 гол зада, барои ба финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА баромадани бошгоҳаш кӯмак кардааст. «Тоттенҳэм» дар бозии ниҳоӣ аз «Ливерпул» шикаст хӯрд. Читать дальше...

Амрико ба Зариф барои иштирок дар нишасти Шӯрои Амният "виза надодааст"

Ozodi.org 

Вебсайти нашрияи "Foreign Policy" ва хабаргузории "Рейтерз" мегӯянд, вазири умури хориҷии Эрон аз Амрико барои ширкат дар нишасти Шӯрои амнияти СММ дар Ню-Йорк виза ё раводид дарёфт накардааст. Мақомҳои расмӣ ҳанӯз ба хабарҳо вокунише нишон надодаанд. Нахуст "Foreign Policy" навишта буд, Доналд Трамп дар ин ҳафта ҷилави вуруди дипломатҳои баландпояи Эрон ба Амрико барои ширкат дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди кушта шудани Қосим Сулаймониро гирифтааст. Пас аз он хабаргузории... Читать дальше...

Додситонӣ таҳқиқи парвандаи марбут ба Гулнора Каримоваро ба поён расонд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Узбекистон дар бораи ба поён расонидани таҳқиқи парвандаи нави марбут ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини он кишвар Ислом Каримов хабар дод. Парванда моддаҳои тамаъҷӯӣ, дуздии пулҳои будҷа ва қонунисозии маблағҳои ҷиноиро дар кишварҳои хориҷ дар бар мегирад. "Дар ҳоли ҳозир парвандаи ҷиноӣ бо хулосаи айбдорсозӣ ба додгоҳ ирсол шудааст", -хабар доданд аз Додситонии кулли Узбекистон. Додситонии кулли Узбекистон моҳи гузашта хабар дод, ки зидди Гулнора Каримова бо гумони дуздии пули давлат... Читать дальше...

Низои сокинони наздимарзии Қирғизистон бо марзбонони узбек

Ozodi.org 

Дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Ала-Букини Қирғизистон миёни сокинони ин кишвар бо марзбонони Узбекистон рӯзи 6 январ низоъ бархост. Собир Сайидакмат уулу, сокини маҳаллӣ дар ин низоъ аз тири силоҳ захмӣ шудааст. "Сокинони маҳаллӣ вақте фаҳмиданд, ки марзбонон гӯсфандони онҳоро аз чарогоҳ меронанд, гирди ҳам омаданд. Байни сокинон ва марзбонон баҳси лафзӣ бархост ва марзбонон тир кушоданд. Аз тири онҳо ман захмӣ шудам",-гуфт Собир Сайидакмат уулу. Гуфта мешавад, ворид шудани гӯсфандон ба минтақаи баҳсӣ боиси ин низоъ гардидааст. Читать дальше...

Нархи нафту тило дар пайи куштори генерали эронӣ боло рафт

Ozodi.org 

Нархи нафт ва тило дар пасманзари нооромиҳои Ховари Миёна, аз ҷумла куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ боло рафтааст. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg иттилоъ медиҳад. Нархи ҳар як унси тило то ба 1,576.85 доллар расидааст, ки баландтарин дар шаш соли ахир мебошад. Ҳамчунин арзиши як бушка нафти "Brent" 70 доллар шудааст. Қосим Сулаймонӣ, генерал ва фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 3 январ дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуд. Дастури қатли... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Россиянка Людмила Самсонова выиграла турнир WTA в Хертогенбосе






В Подмосковье поженились более 17 тысяч пар с начала 2024 года

Ракова: В Москве более 120 человек обращались за медпомощью с симптомами ботулизма

Спецгруппа СК изучит массовое отравление продуктами сервисов доставки в Москве

Школьники Пензы участвовали в первом детском историческом форуме «Маршал Жуков»