Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 20.01.2020

Эрон "сандуқи сиёҳ"-и ҳавопайморо ба хориҷ намефиристад

Ozodi.org 

Рӯзи 19-уми январ ҳамзамон бо интиқоли ҷасадҳои 11 украинӣ, ки дар ҳавопаймои сарнагуншуда дар Эрон ҷон доданд, мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки абзори сабти иттилои парвозро барои таҳқиқ ба хориҷ намефиристанд. Хабаргузории давлатии ИРНА аз қавли Ҳасан Ризоифар, раҳбари гурӯҳи тафтишотии фалокат навиштааст, "абзорҳои сабти ҳавопаймои "Боинг"-и Украина дар дасти эрониҳост ва мо ҳеҷ нияти фиристодани он ба хориҷро надорем". Айни замон Канада рӯзи 19-уми январ дигарбора аз Теҳрон хост, ки "сандуқи сиёҳ"... Читать дальше...

Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд-2020" Исландияро шикаст дод

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020” дар Мински Беларус мунтахаби наврасони Исландияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум заданд. Як голи мунтахаби Исландияро Даниэл Деян Ҷурич дар дақиқаи 50-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Бозии дигари гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Исроил ва Гурҷистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Читать дальше...

Нигаронӣ аз паҳн шудани як вируси нави чинӣ ба нуқтаҳои дигари ҷаҳон

Ozodi.org 

Мақомҳои Чин рӯзи душанбеи 20-уми январ аз интиқоли сареъи як вируси нав ва ношинохта ба шаҳрҳои мухталифи он кишвар хабар додаанд. Дар ҳоли ҳозир шумораи қурбониёни ин вирус ба се нафар расидааст ва чандин тани дигар низ сироят шудаанд. Мақомҳои Чин ҳанӯз манбаи пайдоиши ин вирусро, ки ба коронавируси маргбори "SARS" монандии зиёд дорад, эълом накардаанд.  Ин вирус, ки нахуст дар шаҳри Вуҳани вилояти Ҳубей пайдо шуд, нигарониҳоеро дар ҷомеаи байналмилалӣ ба миён овардааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ... Читать дальше...

Дар Узбекистон ширкати нави ҳавопаймоӣ таъсис мешавад

Ozodi.org 

Дар Узбекистон ширкати нави ҳавопаймоии Humo Air таъсис мешавад. Дар ин бора рӯзи 18-уми январ сарвазири он кишвар Абдулло Орипов хабар дод. Ба гуфтаи вай, ширкати мазкур парвозҳои дохилӣ анҷом медиҳад ва чиптаҳоро бо қимати арзонтар ба фурӯш мебарорад. Қарор аст, тарҳи мазкур соли ҷорӣ амалӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки Узбекистон тасмим дорад, рӯзҳои 19-20 феврал яке аз бузургтарин форумҳои ҳавопаймоиро баргузор кунад. Бархе аз расонаҳо менависанд, мумкин аст, ширкати нав дар ҳамин форум муаррифӣ шавад. Читать дальше...

Қотили эҳтимолии тарроҳи тошкандӣ боздошт шуданд

Ozodi.org 

Қотили эҳтимолии тарроҳи машҳури тошкандӣ Наримон Григорян боздошт шуд. Дар ин бора аз додситонии Тошканд хабар доданд. Боздоштшударо дар "Куштори барқасдона" айбдор мекунанд. Ба иттилои мақомот, дар бораи марги тарроҳ 14-уми январ, тақрибан соатҳои 11:50 ба Идораи ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Яшнободи Тошканд хабар дода шудааст. Ҷасади Григорянро, соли таваллудаш 1985, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар утоқи зисташ дар меҳмонсарои воқеъ дар кӯчаи Чигил пайдо кардаанд. Додситонии... Читать дальше...

Ҳомиёни Трамп "парвандаи нобоварӣ"-ро дахолат ба интихобот номиданд

Ozodi.org 

Ҳар ду ҷониби парвандаи изҳори нобоварӣ ба президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи шанбе барои ҳимояти мавқеъҳои худ далелҳои ҳуқуқиеро пешниҳод карданд. Дар санади 111-саҳифаии демократҳои Маҷлиси намояндагон, ки қарор аст, ба Сенат пешниҳод шавад, омадааст, Трамп ба қонуншиканиҳое роҳ додааст, ки бояд аз мақоми президентӣ канор равад. Ба гуфтаи демократҳо, Трамп бо ин амалҳояш сохти конститутсионӣ ва амнияти Амрикоро зери хатар гузошт. Трамп дар сӯистифода аз мақом ва монеъ шудан ба рафти тафтишот дар Конгресс айбдор мешавад. Читать дальше...

Духтари Назарбоев бо $45 млн дар Швейтсария замин харид

Ozodi.org 

Динора Қулибоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Швейтсария ба маблағи 44 миллион франк (ҳудуди 45 миллион доллар) замин харидааст. Дар ин бора нашрияи швейтсарии "La Tribune de Genève" хабар дод. Ба иттилои нашрия, замин дар минтақаи Коллонж-Белриви Швейтсария ҷойгир аст. Он бо ҳудуди қасре бо номи Белрив пайваст аст, ки Қулибоева соли гузашта харидорӣ карда буд. Замини мазкур ҳудуди якуним ҳектар буда, аз сокин Монако Марк Сёрсок харидорӣ шудааст. Қасре ки духтари Назарбоев харидорӣ кардааст... Читать дальше...

Нигаронии Айматова аз таъқиби ҷонибдоронаш дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Раҳбари ҳаракати "Умут-2020" Ширин Айтматова бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ ба номи президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, ҷонибдоронаш зери таъқиб қарор доранд. "Ҳаракати "Умут-2020" бидуни ягон ангезаи сиёсӣ чеҳраи дуздҳоро ошкор мекунад. Дар давоми моҳҳои ахир бо дастгирии давлат таъқиби ҷонибдорони мо шуруъ шудааст. Ҷонибдорони моро боздошт, таъқиб ё талош мекунанд, амволашонро ғасби рейдерӣ кунанд. Шумо дар оғози коратон ба ҳайси президент ва ахиран дар нишасти хабарӣ масъулияти... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Большой шлем

Рублёв и еще два российских теннисиста не сыграют на Олимпиаде в Париже






МОК установил дедлайн для заявки на Олимпиаду российских спортсменов, чьё участие одобрено

Круиз по Волге: Неповторимые пейзажи и города

«Уход от доллара»: с чем связан растущий интерес мировых центробанков к золоту

Капремонт дома № 45 на ул Гоголя в поселке Люберец завершат к концу июня