Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2020

Новости за 21.04.2020

Жанна Кавелие: Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бадтар шудааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), қароргоҳаш дар Фаронса, дар шохис ё индекси нави озодии матбуот Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар, мисли соли гузашта, дар мақоми 161-ум ҷой дод.

Овозхони опера барои ташвиқи раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Осетияи Шимолӣ боздошт шуд

Ozodi.org 

Мақомот дар ҷумҳурии Осетияи Шимолии Русия, ки бахше аз Қафқози Шимолӣ аст, овозхони опера Вячеслав Челдиевро бо иттиҳоми ташвиқи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ боздошт карданд. Рӯзи 21 апрел вакили дифои Челдиев – Батраз Кулчиев дар сӯҳбат бо ТВ Настоящее время гуфт,ки зерҳимояи ӯ ба нишони эътироз аз боздошти думоҳааш даст ба гуруснанишинӣ зад. Челдиев, ки дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад, аз сокинони Осетияи Шимолӣ даъват кард, ки зидди тадбирҳои маҳдудкунандаи марбут ба коронавирус эътироз ва... Читать дальше...

Ширкати тоҷикон дар Амрико ниқоби тиббии бепул тақсим мекунад

Ozodi.org 

Як ширкати м утааллиқ ба зодагони Тоҷикистон дар Вашингтон, пойтахти Амрико, ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ пардохтааст ва онро бепул ба хонаи пиронсолон ва бемористонҳои ин кишвар тақдим мекунад. Ширкати "ТМ Интернешнл Груп"-ро, ки дар Вашингтон ва инчунин шаҳри Торонтои Канада амал мекунад, тоҷикон таъсис додаанд. Ширкат дар бахши маориф фаъолият дорад. Мушаррафа Абдуллоева, як масъули ширкат, рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт:  "Ҳар рӯз аз 1000 то 1500 ниқоби тиббӣ омода мекунем ва ба хонаи пиронсолон ва шифохонаҳо ройгон медиҳем. Читать дальше...

Наздикони Абдуҷабборзода карантин шудаанд, вале мактабҳо бозанд. САДО

Ozodi.org 

Наздикони Ҷалолиддин Абдуҷабборзода (Пиров), сардори шуъбаи назорати милиса дар Додситонии шаҳри Душанбе, ки ба гуфтаи мақомот аз илтиҳоби шуш ва зуком фавтид, ба карантин гирифта шудаанд.

Дар пасманзари коронавирус: Трамп барномаи муҳоҷират ба ИМА-ро боздошт

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп амре имзо мекунад, ки дар шароити пандемияи коронавирус, ки то ҳол дар ИМА ҷони 40 ҳазор нафарро гирифтааст, муваққатан барномаи муҳоҷират ба ИМА-ро бозмедорад. Дар як изҳороти твиттерии худ Трамп шоми 20 апрел навишт, ки чунин тасмим вокуниш ба “ҳамлаи Душмани Ноаён ва зарурати ҳимоят аз кори  Шаҳрвандони Азими Амрико” мебошад. Ҷузъиёти дигар дар даст нест. Бо сабаби пандемияи коронавирус  тамоми ҷараёни марбут ба додани виза, аз ҷумла визаи муҳоҷират ба ИМА боздошта шудааст. Читать дальше...



Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 24 апрел оғоз мешавад

Ozodi.org 

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 24-уми апрел оғоз мешавад. Дар ин бора рӯзи сешанбе қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон содир шуд. Ин ниҳоди содиркунандаи фатво нисоби закотро 21 ҳазор сомонӣ муқаррар намуд, ки аз он 525 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр 5 сомонӣ барои як нафар муайян шудааст. Шӯрои уламо барои афроде, ки узри шаръӣ доранд ва "бемороне, ки барои сиҳатшавиашон умеде нест" ва наметавонанд рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, фидя ба маблағи 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян кардааст. Читать дальше...

Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона шуруъ шуд

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона рӯзи якшанбе, 19-уми апрел, оғоз ёфт. Мисли соли гузашта дар мавсими нав даҳ даста барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад. Дар бозии марказии даври аввали мусобиқа муддаиёни медалҳои тилло – “Зебонисо”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар – бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии бохтариҳо бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Бо ҳамин ҳисоб “Зебо”-и Дӯстӣ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Барқ”-и Норак бар “Равшан”-и Кӯлоб ғолиб омаданд. Инчунин... Читать дальше...

Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Вазорати тандурустӣ хост, ба норӯшаниҳо дар бораи коронавирус посух диҳад

Ozodi.org 

18 созмону шахсияти алоҳида ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақозо кардаанд, ки ба суолҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба коронавирус посух диҳад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла аз Вазорати тандурустӣ пурсидаанд, ки ба тестҳое, ки Тоҷикистон аз Русия ва Чин овардааст то куҷо метавон бовар кард? Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, то имрӯз дар кишвар сироятёбӣ ба бемории КОВИД 19 ба қайд гирифта нашудааст, ҳарчанд чанд марги... Читать дальше...

Нархи як бушка нафт дар Амрико аз як доллар камтар шуд

Ozodi.org 

Дар пайи коҳиши талабот ба нафт бинобар паҳн шудани коронавирус, қимати нафт дар Амрико рӯзи душанбеи 20-уми апрел назар ба рӯзи ҷумъаи 17-уми апрел то 300 дарсад арзон шуд ва дар бархе ҳолатҳо то ҳадди 37 доллар суқут кард, ки дар таърихи ин кишвар бесобиқа будаст. Поин омадани қимати нафти Амрико ба зери сифр ба ин маъно аст, ки фурӯшандагон ва тавлидкунандагони амрикоӣ бояд ба муштариёни худ маблағе ҳам бидиҳанд, зеро махзанҳои захираи нафт ҳам то чанд рӯзи дигар лабрез хоҳанд шуд. Сабаб ин аст... Читать дальше...

Эътирози коргарони қазоқ: "Дар давраи коронавирус кор намекунем"

Ozodi.org 

Шоми 19-уми апрел дар яке аз шаҳракҳои вилояти Атирауи Қазоқистон, ки нафткашҳои ширкати "Тенгизшевройл" зиндагӣ доранд, эътироз сар зад. Эътироз баъди овардани чандин коргар аз шаҳракҳое сар зад, ки вируси корона он ҷо сабт шуда аст. Коргарон аз мубтало шудан ба вируси корона ҳарос доранд. Дар наворе, ки дар шабакаҳо нашр шуд, эътирози коргарон дида мешавад. Субҳи 20-уми апрел наздики 500 тан аз коргарони "Тенгизшевройл" аз тарси мубтало шудан ба вируси корона нахостанд, ба кор бароянд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд... Читать дальше...

Мақомоти узбек гуфтанд, дар кишвар камбуди пули нақд эҳсос нахоҳад шуд

Ozodi.org 

Мамаризо Нурмуратов, раиси Бонки марказии Узбекистон гуфт, чанде пеш ба кишвараш аз ИМА 200 миллион доллари нақд ворид шудааст. Ба ин далел, ба гуфтаи вай, дар Узбекистон камбуди асъори нақдӣ эҳсос нахоҳад шуд. Нурмуратов афзуд, бонкҳои тиҷорӣ то оғози моҳи апрел ба Бонки марказӣ барои дарёфти асъори нақди хориҷӣ муроҷиат накардаанд. Раиси Бонки марказии Узбекистон камчинии асъори хориҷиро дар бонкҳои тиҷорӣ ноуҳдабароии бонкҳо унвон кард. "Ҳарчанд ин сирри хидматист, вале ошкор мекунам, ки то... Читать дальше...

Дар Ишқобод нони арзон тамом шуд, сокинон барои орд навбат мепоянд

Ozodi.org 

Сокинони шаҳри Ишқободи Туркманистон барои хариди маҳсулоти арзон аз мағозаҳои давлатӣ аз як рӯз қабл навбат мепоянд. Дар ин гуна мағозаҳо маҳсулот зери назорати пулис ба фурӯш бароварда шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки бо камёфт шудани орд нони арзон, ки пештар 2 манат арзиш дошт, ҳамакнун 5 манат фурӯхта мешавад. (Бонки миллии Туркманистон 1 долларро ба 3,5 манат баробар кардааст). "Дар мағозаҳои давлатӣ нони арзон, ки 60 танга фурӯхта мешуд, тамом шудааст. Аммо ҳамин нонро дар мағозаҳои хусусӣ 1 манат мефурӯшанд. Читать дальше...

Тоқаев қонуни ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони узбекро имзо кард

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қонуни тасвиби созишнома бо Узбекистонро дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони ду кишвар ба имзо расонд. Дар ин бора сомонаи президент иттилоъ додааст. "Аз ҷумла ба муҳоҷирон дарёфти ёрии тиббӣ кафолат дода мешавад. Ҳамчунин дар сурати бардоштани ҷароҳат ё осеб дидани саломатияшон ҳангоми иҷрои вазифа, ҷубронпулӣ дарёфт хоҳанд кард", омадааст дар иттилоияи расмӣ. Ба ҷуз ин, созишнома ба муҳоҷирон имкон медиҳад, дар бахши омӯзгорӣ, тиббӣ ва... Читать дальше...

Исроил: Нетаняҳу бо Гантс ҳукумати муштарак ташкил мекунанд

Ozodi.org 

Сарвазири Исроил Бенёмин Нетаняҳу ва рақиби пешинаш дар интихобот Беннӣ Гантс дар робита ба ташкили ҳукумати муштарак ба созиш расиданд. Омодагии ҷонибҳо барои ташкили ҳукумати муштарак маънои бурунрафти Исроил аз бунбасти сиёсиеро дорад, ки як соли ахир рӯбарӯст. Ҳамзамон ба Нетаняҳу имкон медиҳад, ки ба ҷои бо ҷурми фасодкорӣ дар курсии айбдорӣ нишастан дар мақоми давлатӣ бимонад. "Ню-Йорк таймс" менависад, эъломи созиши раҳбарони ду ҳизби мухолиф ба Нетаняҳу имкон медиҳад, ки дар мақомаш боқӣ... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Уимблдон

Соболенко и Димитров вместе потренировались на «Уимблдоне»






Кинолог Голубев рассказал, почему собаки могут есть землю

Российский седан «Москвич 6» подешевел на полмиллиона рублей менее чем за год

Мужчина попал под колеса трамвая в проезде Дежнева

Синоптик: в Москве на выходных будет тепло и солнечно