Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2020

Новости за 24.12.2020

Ҳушдори Трамп ба Эрон дар бораи ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолӣ ба амрикоиҳо дар Ироқ

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 23-юми декабр ҳушдор дод, ки дар ҳаргуна ҳамла дар Ироқ, ки боиси кушта шудани ҳатто як амрикоӣ шавад, Эронро масъул медонад. Ин ҳушдори Трамп чанд соат пас аз нашри гузоришҳо дар бораи ҷаласаи амниятии мақомоти баландпояи ҳукумати Амрико нашр шуд.

Трамп ба тарҳи буҷаи низомии ИМА дар соли 2021 вето гузошт

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп ба лоиҳаи қонун дар бораи буҷаи низомии соли оянда, ки 740 миллиард долларро дар бармегирад, вето гузошт. Трамп гуфт, барои он вето гузошт, ки лоиҳа барои амнияти миллии ИМА чораҳои мушахассеро пешбинӣ намекунад ва ҳамчунин хилофи талошҳои маъмурияти ӯ барои додани авлавият ба Амрико дар масъалаҳои дохиливу хориҷӣ аст. "Ин туҳфа ба Чину Русия аст",-навишт ӯ дар "Твиттер". Ба гуфтаи Трамп, ҳамчунин санад муқарраротеро дар барнамегирад, ки "собиқадорон ва таърихи низомии Амрикоро эҳтиром гузорад". Читать дальше...

Як кони тилои Қирғизистонро афроди ношинос ғасб карданд

Ozodi.org 

Пулиси вилояти Норини Қирғизистон тасдиқ кард, ки як гуруҳи ношинос кони тилои Солтон-Сариро ғасб кардааст. Дар ҳоли ҳозир як гуруҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кон сафарбар шуда, қарор аст, ҳодиса имрӯз, 24 декабр муфассал шарҳ дода шавад. Дар бораи ғасб шудани кони тилои мазкур нахуст фаъоли маданӣ Качкинбек Булатов дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, як гуруҳи сокинони деҳаи Эмгекчил худсарона минтақаҳои Кол-Тор ва Чолок-Торро дар кони Солтон-Сарӣ ғасб кардаанд. Фаъоли маданӣ хабар дод... Читать дальше...

Дар Малайзия намуди нави COVID-19-ро ошкор карданд

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Малайзия Нур Ҳишом Абдулло рӯзи чоршанбе хабар дод, ки табибони кишвараш намуди нави коронавирус ё COVID-19-ро ошкор кардаанд. Дар ин бора нашрияи New Straits Times хабар додааст. Навъи нави коронавирус, ки A701V номгузорӣ шудааст, дар натиҷаи як пажӯҳиш дар иёлати Сабоҳ ошкор гаштааст. Дар ҳоли ҳозир мутахассисони Малайзия таъсири намуди нави вирусро меомӯзанд. Ин хабар баъди ошкор шудани навъи нави коронавирус дар Бритониё расонаӣ шуд. Намуде, ки дар Бритониё ошкор шудааст... Читать дальше...

Порлумони Қазоқистон санади бекорсозии ҳукми қатлро ба тасвиб расонд

Ozodi.org 

Палатаи поёнии порлумони Қазоқистон Санади иловагии Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ба тасвиб расонд, ки ба бекорсозии ҳукми қатл равона шудааст. Вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ гуфт, Нурсултон санадеро ба имзо расонд, ки вазифадор мекунад, то аз ҳукми қатл истифода бурда нашавад. Вале ҳамзамон дар санад ҳаққи истифодаи он дар давраи ҷангӣ дода шудааст. "Қазоқистон ҳақ дорад, дар давраи ҷангӣ ба онҳое ҳукми қатл бидиҳад, ки дар анҷоми ҷиноятҳои вазнини... Читать дальше...

Вируси нав дар Бритониё. Тоҷикистон масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудияти вуруд аз Аврупоро баррасӣ дорад

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ба хотири пешгирӣ аз воридшавии шакли нави коронавирус аз Бритониё, масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудият барои вуруд аз Аврупоро баррасӣ доранд. Пайдоиши шакли нави коронавирус дар Бритониё бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст.  Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин масъала феълан дар баррасӣ аст, ки чигуна маҳдудиятҳо дар вуруди шаҳрвандон аз Аврупо бояд ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорат, рӯзҳои наздик тасмими ниҳоӣ дар ин бора эълон хоҳад шуд.

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020

Ozodi.org 

Пандемияи короновирус ба монанди он ки СOVID-19 дар бадани инсон бемориҳои дигарро бедор мекунад, заъфҳои иқтисоди Тоҷикистонро бармало кард. Зарбаи аввали пандемия ба шоҳраги даромади иқтисоди Тоҷикистон – интиқоли пули муҳоҷирон – ворид шуд.

"Бемории кӯҳна"-и Тоҷикистон, ки дар аҳди коронавирус "авҷ" гирифт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пандемияи короновирус ба монанди он ки СOVID-19 дар бадани инсон бемориҳои дигарро бедор мекунад, заъфҳои иқтисоди Тоҷикистонро бармало кард. Зарбаи аввали пандемия ба шоҳраги даромади иқтисоди Тоҷикистон – интиқоли пули муҳоҷирон – ворид шуд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Елена Рыбакина «заменила» Геннадия Головкина






Синоптики пообещали москвичам кратковременный дождь и до +27 градусов 15 июня

Якутские школьники участвуют в историческом форуме «Маршал Жуков» в Музее Победы в Москве

Вильфанд: москвичей на выходных ожидает замечательная погода

Брянск принимает Атлантиду