Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2021

Новости за 12.01.2021

Рушд на дар ҳама ҷост: Минтақаҳои Тоҷикистон чӣ гуна тараққӣ мекунанд?

Ozodi.org 

Бо гузашти тақрибан сӣ сол аз лаҳзае, ки Тоҷикистон истиқлол ба даст овард, мушкили рушди нобаробари минтақаҳо ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Мақомот инро мероси Шӯравӣ медонанд ва бовар доранд, бо ёфтани сармоя мушкилӣ ҳал хоҳад шуд.

КМИР-и Қазоқистон натиҷаи ниҳоии интихоботро эълон кард

Ozodi.org 

Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии (КМИР) Қазоқистон рӯзи 12 январ натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии рӯзи 10 январро эълом кард. "Нур Отан" 76 курсӣ, "Ақ жол" 12 курсӣ ва Ҳизби мардумӣ соҳиби 10 курсӣ шудааст. Ба огаҳии КМИР, Ҳизби ҳокими "Нур Отан" 71,09 дарсад, Ҳизби мардумии Қазоқистон 9,10 дарсад, Ҳизби "Оқ жол" 10,95 дарсад, Ҳизби "Ауил" 5,29 дарсад ва Ҳизби "Адал" 3,57 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд. Ҳамин тариқ, раъйи зарурӣ (7%) барои ворид шудан ба порлумони Қазоқистонро се ҳизб - "Нур Отан"... Читать дальше...

Маҳдудияти дастрасӣ ба Instagram ва Facebook дар Тоҷикистон. Хадамоти алоқа: "Коре накардем." ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки садҳо корбар аз пурра ё қисман дастнорас будани шабакаҳои Фейсбуку Инстаграм ва чанд сомонаи хабарӣ дар Тоҷикистон шикоят доранд, масъулони Хадамоти алоқа гуфтанд, ки "ҳеч мушкил ҷой надорад".

Даъвати Иттиҳоди Аврупо аз президенти нави Қирғизистон

Ozodi.org 

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар шаҳри Бишкек роҷеъ ба интихоботи ахири президентӣ ва раъйпурсии Қирғизистон изҳоротеро нашр кард. Дар изҳорот омадааст, ки ИА аз "баргузории интихоботи президентии бонизому хуб созмонёфта" истиқбол мекунад. Вале ҳамчунин қайд шуда, ки бар асоси хулосаи Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), дар ҷараёни интихобот нобаробарии шароит барои номзадҳо, сӯистифода аз манбаъҳои маъмурӣ ва нақзи раванди таблиғот мушоҳида шудааст. Читать дальше...



Раҳмон умедвор аст, равобит бо Қирғизистон "сатҳи сифатан нав" касб мекунад

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон табрик кард. Дар барқияе, ки матнаш 12-уми январ дар вебсайти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд, натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон  ҳамчун “далели ҷонибдории васеи ҷомеа” ситоиш шудааст. Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки равобити ду ҳамсоякишвар “ба сатҳи сифатан нав” мебарояд. Баъди ҳисоби тахминан тамоми баргаҳо Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки Ҷабборов 79,2 дарсади овозҳоро... Читать дальше...

Ҳушдори мақомоти Узбекистон ба корбарони TikTok ва волидонашон

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Узбекистон муаллифони наворҳои шабакаи TikTok ва волидони онҳоро ҳушдор дод, ки "нақзи оромии шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ майдавбошӣ ба шумор рафта, ҷазо дар намуди ҳабсро дар пай дорад". Сухангӯи вазорат Шохрух Ғиёсов дар як муроҷиатномаи видеоӣ мегӯяд, "вақтҳои ахир як тамоюли нохуб мушоҳида мешавад. Шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ дар шабакаи TikTok ҳар гуна видеоҳоро нашр мекунанд, ки оромии ҷомеаро ба ҳам мезананд". Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои як корбари TikTok нашр шуд... Читать дальше...

Президенти нави Қирғизистон мардумро ба ваҳдат даъват кард

Ozodi.org 

Сиёсатмадори миллатгаро Содир Ҷабборов, ки ҳанӯз чанд моҳ пеш дар зиндон бо иттиҳоми одамрабоӣ ҳукми 10 соли ҳабсро пуштисар мекард, баъди ғалабааш дар интихоботи президентии Қирғизистон ҷомеаро ба ваҳдату ҳамбастагӣ даъват намуд. Нозирони байналмилалӣ интихоботи Қирғизистонро ҳамчун “дар умум ҷавобгӯи озодиҳои бунёдӣ” баҳогузорӣ  карда гуфтанд, ки бо ин вуҷуд интихобот “пурра одилона” набуд. Дар арзёбиҳои рӯзи 11-уми январи ODIHR – Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ва Маҷмаи парлумонии САҲА гуфта шуд... Читать дальше...

Доналд Трамп дар Вашингтон вазъи фавқулода эълом кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп дар Вашингтон вазъи фавқулода эълом карда, дастур дод, барои ҳифзи тартибот дар арафаи маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ин кишвар, ки 20-уми январ баргузор мешавад, нерӯҳои федеролии иловагӣ сафарбар шаванд. Ҳолати изтирорӣ аз 11 то 24-уми январ давом хоҳад кард. Дар ин бора Кохи сафед баъди нигарониҳо аз таҳдидҳои амниятӣ дар ҷараёни интиқоли қудрат ба президенти нави ИМА Ҷо Байден хабар дод. Мақомоти маҳаллии Вашингтон рӯзи 6-уми январ, баъди ҳамлаи... Читать дальше...

Даъвати Тоҷикистон ба рушди иқтисоди интернетӣ дар қаламрави СҲШ

Ozodi.org 

Тоҷикистон ба ҳайси раҳбари давраии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аз кишварҳои дигари узв даъват кард, ки ба рушди заминаҳои тиҷорати электронӣ ва инфрасохтори рақамӣ таваҷҷӯҳ кунанд. Оҷонсии расмии ТАСС рӯзи 12-уми январ хабар дод, ки бо чунин даъват сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода  дар нишасти матбуотии марбут ба раҳбарии имсолаи Душанбе дар ин созмони минтақавии сиёсӣ, ки зери назари Пекин ва Маскав мебошад, суханронӣ намуд. Сафири Тоҷикистон дар Чин гуфтааст, “дар даҳсолаҳои охир нақш ва... Читать дальше...

Дархости AstraZeneca барои бақайдгирии воксинаи зидди COVID-19

Ozodi.org 

Ширкати  AstraZeneca аз мақомоти дахлдори аврупоӣ дархост кард, ки воксинаи зидди COVID-19-и онро ба қайд бигиранд. Ин воксинаро ширкати бритониёӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Оксфорд таҳия кардааст. Оҷонсии аврупоии дорувор рӯзи 12-уми январ гуфт, ки аризаи ин ширкатро ба таври изтирорӣ арзёбӣ мекунад ва имкон дорад то 29-уми январ хулосаҳои он омода шаванд.  Дар сурати тасдиқи ин воксина, баъди Pfizer-BioNTech ва Moderna - AstraZeneca сеюмин ширкате мешавад, ки воксинаи зидди коронавируси он дар қаламрави... Читать дальше...

Мулоқоти Трамп ва Пенс дар пасманзари талошҳо барои барканории президенти ИМА аз мақом

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп ва муовини ӯ Майк Пенс шоми 11-уми январ мулоқот каданд ва ин чун аломати то охири мӯҳлати президентӣ дар мақомаш боқӣ мондани Трамп арзёбӣ шуд. Дар паи ҳамлаи издиҳоми тарафдорони Трамп ба бинои Конгресс ҳафтаи гузашта, Конгресс талош дорад Трампро барои таҳрики ин амалҳо пеш аз мӯҳлати анҷоми раёсатҷумҳуриаш дар таърихи 20-уми январ аз мақомаш барканор кунад. Мулоқоте, ки шоми душанбе дар дафтари кории Трамп барпо шуд, аввалин бор баъди хушунатҳои ҳафтаи гузашта дар Капитол баргузор шуд. Читать дальше...

Сокинони деҳае дар Турсунзода баъди гузориши Радиои Озодӣ соҳиби барқ шуданд

Ozodi.org 

Сокинони деҳаи навбунёди Саттор Раҷабов дар шаҳри Турсунзода баъди 12 сол соҳиби барқ шуданд. Мақомот ва сокинон мегӯянд, мушкилашон баъд аз пахши гузориши Радиои Озодӣ дар тирамоҳи соли гузашта ҳал шуд.

Ҳукми озодии марди муттаҳам ба бадрафторӣ бо духтари 12-соларо дар Ҳисор бекор кардаанд

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи шаҳри Ҳисорро дар бораи афви як ҷавони гумонбар ба таҷовуз ба номуси духтари 12-сола бекор карда, барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ фиристодааст.

Сомон ва Беҳрӯз дар мусобиқаи World Judo Masters дар Доҳаи Қатар ноком шуданд

Ozodi.org 

Ду паҳлавони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар аввалин рақобати худ дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар Доҳаи Қатар ҷараён дорад, мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд. Ҳ

Новости России
Москва

Форум Доноров представил результаты первой лаборатории проекта «Музеи и меценаты»


Путин бо раҳбарони Арманистону Озарбойҷон гуфтугӯ кард

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 11-уми январ  дар Маскав бо раҳбарони Арманистону Озарбойҷон мулоқот кард. Ин нишаст ду моҳ баъди хатми низоъ дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ ва оташбаси имзошуда бо миёнҷигии Русия барпо шуд.  Дар поёни музокирот Путин, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва нахуствазири Арманистон Никол Пашинян изҳороти муштараке қабул карданд. Дар ин  санад аз таъсиси гурӯҳи кории сеҷониба хабар дода шуд, ки бо масъалаи аз байн бурдани маҳдудиятҳои иқтисодиву нақлиётӣ дар минтақа машғул мешавад. Читать дальше...

СҶТ: Шояд имсол иммунитети дастаҷамъӣ ҳосил нашавад

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор дод, ки бо вуҷуди шурӯи эмкунии мардум аз COVID-19, эҳтимол аст, ки соли ҷорӣ иммунитет ё масунияти дастаҷамъӣ ҳосил шавад. Сумя Сваминатан, донишманди аршади СҶТ рӯзи 11-уми январ гуфт, “ҳатто агар воксина битавонад  қишрҳои аз ҳама осебпазирро ҳимоят кунад, ҳамоно дар соли 2021 мо наметавонем ба иммунитети дастаҷамъӣ даст ёбем”.  Ӯ гуфт,  чунин натиҷа дар баъзе кишварҳо ба даст ояд ҳам, саросари ҷаҳонро фаро нахоҳад гирифт.  Дар як соли охир COVID-19 нишон дод... Читать дальше...

"Пуштибони покии забон рафт". Ӯктами Холиқназарро дар Душанбе дафн карданд

Ozodi.org 

Ӯктами Холиқназар аз чеҳраҳои шинохати забону фарҳанги тоҷикиро дар шаҳри Душанбе ба хок супориданд. Маросими видои ӯ бо иштироки чанде аз чеҳраҳои фарҳангӣ баргузор шуд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, намояндагони мақомот ба ҷаноза наомаданд.

Нигарониҳо аз  эҳтимоли “эътирозҳои мусаллаҳона” дар остонаи савгандёдкунии Байден

Ozodi.org 

FBI – Бюрои федеролии таҳқиқот аз эҳтимоли дар остонаи маросими савгандёдкунии президенти мунтахаб Ҷо Байден дар таърихи 20-уми январ  сар задани “эътирозҳои мусаллаҳона” дар саросари кишвар огаҳ кард. Дар як бюллетени ин оҷонсӣ, ки рӯзи 11-уми январ дастраси матбуот шуд, омадааст, ки дар 50 аёлат ва ҳам назди бинои Капитол “эътирозҳои мусаллаҳона” пешбинӣ шудааст. Дар аксар иёлоти ИМА, ба истиснони пойтахт - шаҳри Вашингтон ошкоро нигаҳ доштани силоҳ қонунӣ ҳисоб мешавад. Огаҳӣ аз  эътирозҳои сартосарии эҳтимолӣ... Читать дальше...

Қурбоналӣ Абдуллоевро дар зодгоҳаш ба хок супориданд

Ozodi.org 

Қурбоналӣ Абдуллоев (Қурбоналӣ Абдулло), овозхони шинохта ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат ба хок супориданд. Ин ҳунарманди шинохта рӯзи 11-уми январ дар 57-солагӣ дар Душанбе даргузашт.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Российский бизнесмен обвинил Алькараса в договорных матчах. Он направил письмо в ATP






Михаил Перепелкин: «Романс, с которым ассоциировалась эпоха»

Новый инфоцыган: куда пропал и сколько зарабатывает Нагиев

Туляки стали победителями этапа Кубка России по стрельбе из ружья

Диетолог Макиша: витамин К в ряде случаев может привести к образованию тромбов