Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2021

Новости за 22.01.2021

Дар Хуҷанд чӣ гуна фурӯ нишондани тазоҳуроти норозиён аз бебарқиро машқ кардаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти интизомӣ дар маркази вилояти Суғд шеваҳои муқобила бо тазоҳурот ё бетартибиҳои оммавиро тамрин кардаанд. Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишт, ки тамрин рӯзи 21-уми январ дар қисми низомии 3501, дар шаҳри Хуҷанд, гузашт.

Даъвати се созмон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон ба "озодии фаврӣ"-и Дониёр Набиев

Ozodi.org 

Намояндагони се созмони ҳомии ҳуқуқи башар ва чанде аз фаъолон аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, Дониёр Набиев (Бобои Дона)-и 80-соларо, ки аз ҷониби мақомот бо гуноҳи ифротгароӣ 7 сол зиндонӣ шудааст, "билофосила ва бе қайду шарт" озод кунад.

Раҳбари нави USAGM мудирони “Садои Амрико”-ро барканор кард

Ozodi.org 

Иҷрокунандаи мақоми Раиси Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико ё USAGM Келу Чао дар рӯзи аввали кораш раиси “Садои Амрико”-ро барканор кард. Бо ин қарори худ Чао таъиноти шадидан интиқодшудаи раҳбарияти пешини USAGM-ро бекор кард. Собиқ раҳбари ин созмон Майкл Пэк, ки бо кӯмаки  президенти собиқ Доналд Трамп ба ин мақом расида буд, рӯзи 20-уми январ аз мақомаш истеъфо доод. Моҳи декабр Пэк Роберт Рейлиро раҳбари “Садои Амрико” таъин кард ва бар асоси қарори Чао, Рейли ҳамроҳ бо муовинаш Элизабет Роббинс аз мақомаш сабукдӯш шуд. Читать дальше...

"Маҳсулоти хайрияро тасарруф кард". Вокуниш ба касе, ки гуфт, "дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест"

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз ду моҳи ҳабси Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб, тафсилоти парвандаи ӯро ошкор кард. Иноятзодаро рӯзи 20-уми ноябри соли гузашта ба 12 сол зиндони низомаш сахт маҳкум карданд, вале ӯ бо норизоятӣ гуфт, "дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест".

Ронандагони мусофирбарҳои Бишкек боло бурдани нархи роҳкироро талаб доранд

Ozodi.org 

Шаҳрдории Бишкек мегӯяд, ронандаҳои мусофирбар дар пойтахти Қирғизистон талаб доранд, ки нархи роҳкиро то ба 20 сом боло бурда шавад. Дар шаҳрдории пойтахти Қирғизистон 22 январ бо иштироки раҳбарони ширкатҳои хусусии мусофирбарӣ ҷаласае баргузор ва тадриҷан боло бурдани нархи роҳкиро баррасӣ шудааст. Ба иттилои шаҳрдорӣ, ронандагони мусофирбарҳо хостаанд, нархи роҳкиро барои як нафар то ба 19-20 сом гарон карда шавад. Иҷрокунандаи вазифаи шарҳдори Бишкек Балбак Тулобоев дар навбати худ пешниҳод кардааст... Читать дальше...



Русия аз тамдиди New Start аз ҷониби Вашингтон истиқбол кард

Ozodi.org 

Русия пешниҳоди президенти ИМА Ҷо Байденро дар бораи тамдиди мӯҳлати созишномаи назорати силоҳҳои ҳастаӣ бо номи “New START”-ро хуш пазируфт, вале гуфт, ки бояд пешниҳодҳои мушаххаси ҷониби Амрикоро бубинад. Кохи Сафед рӯзи 21-уми январ гуфт, Байден мехоҳад пеш аз хатми мӯҳлати созишнома дар моҳи феврал созиши назорати силоҳҳои ҳастаиро ба панҷ соли дигар тамдид кунад. Ин як иқдоми калони маъмурияти нави Кохи Сафед дар бахши сиёсати хориҷӣ мебошад. Дар вокуниш ба изҳороти Вашингтон, сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 22-юми январ гуфт... Читать дальше...

Дар Қазоқистон ба фирориёни Шинҷони Чин ҳамла карданд

Ozodi.org 

Ба Кайша Акан ва Мурагер Олимулӣ, ду фирорӣ аз Шинҷони Чин, ки ба инъикоси масоили поймолсозии ҳуқуқи ақалиятҳо дар Чин машғул буданд, дар Қазоқистон ҳамла сурат гирифт. Ба Кайша Акан, ки соли гузашта дар Қазоқистон паноҳандагӣ дарёфт кард, шоми 21 январ дар шаҳри Алмато ҳамла шуд. "Афроди номаълум ба вай ҳамла кардаанд. Ба сараш задаанд, бӯғӣ карда, ба рӯи замин кашидаанд", - гуфт Бекзод Мақсудхонулӣ, роҳбари созмони сабтнашудаи "Нағиз Атажурт". Ин созмон ба пажуҳиши масъалаи таъқиби қазоқтаборон дар Шинҷон машғул аст. Читать дальше...

Марде дар маркази Минск худсӯзӣ кард

Ozodi.org 

Марде, ки дар муқобили бинои ҳукумат дар  майдони Истиқлолияти Минск худро оташ зад, дар ҳолати сангин ба беморхона интиқол дода шуд. Ин майдон аз моҳи август ба ин сӯ макони баргузории намоишҳои эътирозии серҷамъият бо талаби аз қудрат канор рафтани  Александр Лукашенко гардидааст.  Дар як навори видеоӣ 22-юми январ дида мешавад, ки марде оғуштаи оташ ба замин хоб аст ва дар паҳлӯяш як зарфе бо газ дида мешавад. Дар видео дида мешавад, ки ходимони полис барои хомӯш кардани оташ ба рӯи ӯ як кампале мепартоянд. Читать дальше...

Венгрия аввалин давлати ИА аст, ки воксинаҳои русии Sputnik V-ро мехарад  

Ozodi.org 

Венгрия аввалин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо шуд, ки  бо Русия созишнома дар бораи харидории  воксинаҳои  Sputnik V-ро имзо кард. Дар ин бора 22-юми январ дар ҷараёни нишасти матбуотии муштараки вазири беҳдошти Русия Михаил Мурашко ва вазири хориҷаи Венгрия Петер Сийярто хабар дода шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар фурсати наздик  миқдори калони воксинаҳои зидди коронавирус дар се навбат аз Русия ба Венгрия фиристода мешавад. Ҷузъиёти аз ин беш гуфта нашуд. Мақомоти тиббии Венгрия аз қабл ба истифодаи ду... Читать дальше...

Додгоҳи Қазоқистон ба озодии билофосилаи ҳомии ҳуқуқ амр кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Тараз – ҷануби Қазоқистон амр кард, ки ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар Санавар Зокирова билофосила аз зиндон озод шуда, ҳукмаш бо ҷарима табдил карда шавад. Худи Зокирова ҳукми додгоҳро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида буд. Додраси додгоҳи вилояти Ҷамбул Нурмаҳаммад Обидов дар ҳукмаш  22-юми январ гуфт, ки Зокирва бояд аз зиндон озод ва бар ивази як соли ҳабс маблағи 56 ҳазор танга (муодили 135 доллар)-ро ҳамчун ҷарима пардохт кунад. Зокирова моҳи июли соли гузашта бо қарори додгоҳи... Читать дальше...

Хадамоти гумрук: Ниҳоди пуркунанда ё холикунандаи буҷаи Тоҷикистон?

Ozodi.org 

Коршиносони мустақил Хадамоти гумрукро бахши фасодзадатарин дар сохтори ҳукумат меноманд. Худи кормандони гумрук ба ин баҳогузорӣ чандон мувофиқ нестанд ва ба ин назаранд, ки камбудҳои соҳа кайҳо бартараф шудааст.

Қатъномаи Парлумони Аврупо бо талаби бозбинии равобити ИА ва Русия

Ozodi.org 

Парлумони Аврупо қатъномаеро қабул кард, ки аз Иттиҳоди Аврупо хатми “билофосила”-и сохтмони лӯлаи гази “Северный поток-2”-ро тақозо мекунад. Ин лӯла барои интиқоли гази табиии Русия ба Олмон сохта мешавад, вале тасмими ахири мақомоти аврупоӣ дар посух ба ҳабси мунаққиди Кремлин Алексей Навалний рабт мегирад. Қонунгузорони аврупоӣ рӯзи 21-уми январ дар як овоздиҳӣ бо тарафдории 581 вакил ва 50 мухолифу 40 нафари ғоиб аз Иттиҳоди Аврупо тақозо карданд, ки “ҳамкориҳо бо Русияро дар бисёр самтҳо, аз... Читать дальше...

Чанд тасмими Байден барои муқобила бо коронавирус

Ozodi.org 

Ҷо Байден 21-уми январ дар рӯзи аввали пурраи кориаш  дар мақоми президенти нави ИМА чанд фармонеро имзо кард, ки бар асоси стратегияи нави кишвар алайҳи пандемия таҳия шудаанд. Фармонҳои ӯ ба суръат бахшидани барномаи эмкунии зидди COVID-19, афзоиши тестҳо ва пӯшидани ниқобҳо,  ҷамъоварии бештари иттилоъ ва таҳлилу такмили сиёсати мубориза бо вирус бахшида шудааст.  Ба ҳангоми сафар ба ИМА аз ҳар мусофир тести манфии COVID-19 ва ҳам дар карантин нишастан талаб мешавад. Байден инчунин аз сохторҳои давлатӣ тақозо кард... Читать дальше...

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Урдун муайян шуд

Ozodi.org 

Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии Усмон Тошев рӯйхати бозигаронеро, ки барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун даъват мешаванд, тасдиқ кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ба рӯйхат 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Аз легионерҳо танҳо ду нафар - ҳимоятгари бошгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд Давронҷон Эргашев ва нимҳимоятгари дастаи “Намангон”-и Навбаҳор Эҳсони Панҷшанбе - ба дастаи мунтахаб даъват шудаанд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Магнитная буря 2 мая может спровоцировать северное сияние в Москве


HRW аз Русия хост, маъракаи зидди тарафдорони Навалний хотима ёбад

Ozodi.org 

Human Rights Watch (HRW) – созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ба интиқодҳои афзояндаи  Русия ҳамроҳ шуд ва хост,  ки, ба қавли ин созмон, мақомот маъракаи “ғайриқонунии” худ алайҳи мунаққиди зиндонии Кремлин Алексей Навалний ва ҳамкоронашро хотима диҳанд. Рӯзи 21-уми январ дастикам панҷ шарики сиёсатмадори 44-сола ҳам боздошт шуданд. Мақомот шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабариро аз паҳн кардани хабари даъват ба баргузории намоиши эътирозии рӯзҳои истироҳат ҳушдор доданд. Аз рӯи пешбиниҳои мухолифон, рӯзи 23 январ... Читать дальше...

Тоҷикистон ва Эрон барои такмили нақби "Истиқлол" қарордод имзо карданд

Ozodi.org 

Тоҷикистон ва Эрон барои такмили нақб ё тунели "Истиқлол" қарордод имзо карданд. Ба гузориши хабаргузориҳои расмии Эрон, ин қарордод 20-уми январ дар ҳузури Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ, Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе ва раиси ширкати эронии "Фароб" Алӣ Вакилӣ, имзо шудааст. Бар пояи ин қарордод, дар ин марҳила такмили системаи рӯшноӣ, насби дурбинҳо, ҳавокашҳо ва системаи зиддисӯхтор дар назар аст, ки барои эминии ҳаракат дар дохили нақб муҳим мебошад. Читать дальше...

Ҳукумати Қирғизистон ба истеъфо фиристода шуд

Ozodi.org 

Талант Мамитов, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон фармони манъи салоҳиятҳои сарвазир ва ҳукуматро имзо кард. Гуфта мешавад, баъди расман эълом кардани натиҷаҳои интихоботи президентӣ ва пирӯз шудани Содир Ҷабборов дар ин интихобот, сарвазир аз мақом барканор шудааст. Бо имзои фармон, ҳукумати амалкунанда ба истеъфо фиристодашуда эътироф мегардад, аммо то таъйини ҳукумати нав иҷрокунанда боқӣ мемонад. 6 октябри соли 2020 дар Қирғизистон гирдиҳамоии мардумӣ ташкил шуд ва дар ниҳоят ҳукуматро тағйир дод. Читать дальше...

Даъват шуданд: доварони футболи тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони кишвар бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард

Барфрезии шадид дар Тоҷикистон. 19 АКС

Ozodi.org 

Субҳи ҷумъаро сокинони аксари манотиқи Тоҷикистон бо ҳавои сарду барфрезии сангин пешвоз гирифтанд. Ин барфборӣ ҳамроҳ бо шамоли шадид, боиси қатъ шудани ноқилҳои барқ дар бархе минтақаҳо шуд ва равуои сокинон ва васоити нақлиётро мушкилтар кард. Бино ба маълумоти Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, бориши барф ба сурати умумӣ дар тӯли имрӯз дар Душанбе ва минтақаҳои дигар кишвар идома хоҳад дошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар чанд рӯзи ахир аз барфрезии сахт ва то 10-15 дараҷа сард... Читать дальше...

Раимбек Матраимов насаби худу ҳамсарашро тағйир дод

Ozodi.org 

Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон, Раимбек Матраимов, баъди он ки номаш барои ба эҳтимоли ғайриқонунӣ аз кишвар берун бурдани садҳо миллион доллар дар феҳристи таҳримҳои Магнитскии Амрико ворид карда шуд, насаби худ ва ҳамсарашро тағйир дод. Сухангӯи Хадамоти қайди расмии Қирғизистон Дамира Азимбоева рӯзи 20-уми январ тасдиқ кард, ки Матраимов ва ҳамсараш Уулкан Турғунова номи падарии худро иваз кардаанд. Айни замон ӯ гуфт, ба хотири махфӣ будани нашри ҷузъиёти марбут ба маълумоти хусусӣ дар қонунҳои кишвар... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Российский бизнесмен обвинил Алькараса в договорных матчах. Он направил письмо в ATP






В Москве станет еще больше современных спортивных центров

В Москве построят и реконструируют 15 спортивных объектов в 2024 году

Боррель призвал Евросоюз говорить с Россией и Китаем с позиции силы

Культивацию посевов провели в Ульянинском лесопитомнике