Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2021

Новости за 14.01.2021

Шогирдони Cabar/IWPR аҳди коронавирусро дар Осиёи Марказӣ ба навор гирифтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониё дар бораи фаъолияти Радиои Озодӣ ва зиндагии мардум дар давраи пандемияи короновирус дар чор кишвари Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон силсилаи филмҳои мустанад таҳия кардааст.

Маҳс бо мор одамро ором мекунад

Ozodi.org 

Маҳс ё массаж бо мор. Албатта тасаввураш мушкил аст, вале ин намуди хидматрасонӣ дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон торафт маъруфтар мешавад. Аз ҷумла дар Миср соҳиби яке аз толорҳо тавассути 20 навъи мор муштариёнро маҳс мекунанд.

Ҷазо барои даллагӣ, танфурӯшӣ ва азияти ҷинсии наврасон вазнинтар мешавад

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон бо пешниҳоди тарҳи ислоҳ ба қонуни оила мехоҳанд шахсони далла, соҳибони фоҳишахонаҳо ва афроди гунаҳкор ба бадрафторӣ бо ноболиғонро аз ҳаққи падариву модарӣ маҳрум кунанд. Пешниҳоди ҷазои сахттар аз ҳоло занони танфурушро нигарон кардааст.

Ахбори Озодӣ

Ozodi.org 

Ҳомиёни ҳуқуқ аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нигаронанд, баъзе занони танфурӯш аз эҳтимоли вазниншавии муҷозоти аъмолашон шикоят доранд, ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Чин-макони тавсеаи коронавирус сафар кард, нони хайрия дар Суғд, маҳс тавассути мор ва матолиби дигар.



Нони хайрия барои мардуми ниёзманди Хуҷанд

Ozodi.org 

Як оила бознишаста дар шаҳри Хуҷанд, иқдоми хайрхоҳонаеро роҳандозӣ кардаанд. Онҳо бахше аз пули нафақаи худро барои харидорӣ ва тақсими нони бепул барои хонаводаҳои камбизоат ҷудо намудаанд.

Номи паррандаи соли 2021 дар Тоҷикистонро эълон карданд

Ozodi.org 

Академияи улуми Тоҷикистон яке аз паррандаҳои бузурги кишварро паррандаи сол эълон кардааст. Хабаргузории "Ховар" аз қавли мақомоти масъул рӯзи 14-уми январ хабар дод, ки донишмандони фарҳангистон ва табиатшиносон, ки ҳар сол паррандаи солро интихоб мекунанд, Шоҳуқобро паррандаи соли 2021 баргузиданд. Ду номзади дигар ба ин унвон дурроҷи сиёҳ ва қумрӣ будаанд. Шоҳуқоб, ки дар куҳистонҳои Тоҷикистон сукунат дорад ва аз бузургтарин паррандаҳои кишвар буда, болҳояш то ба бештар аз дувуним метр мерасанд. Читать дальше...

Ҳодисаи нохуш дар шахтаи "Ленин"-и Қазоқистон: ҷустуҷӯҳо идома доранд

Ozodi.org 

Дар шахтаи ба номи Ленини вилояти Қарағандаи Қазоқистон нимашаби 13-уми январ ихроҷи газ мушоҳида шудааст. Ҳодиса ҳангоми пармакунӣ рух додааст. Бино ба иттилои расмӣ, ҳангоми рух додани ҳодиса дар дохили шахта 137 нафар қарор доштаанд ва тавонистаанд 136 нафарро сари вақт ба берун бароранд. Ҷустуҷӯи нафари боқимонда идома дорад. Дар ширкати "АрселорМиттал Темиртау", ки шахта ба он тааллуқ дорад, гуфтанд, "гуруҳи пармакунон тавонистанд берун бароянд, вале як нафарашон натавонистааст ҷойи ҳодисаро тарк кунад. Читать дальше...

2020: Иқтисоди Қирғизистон бори нахуст дар 26 сол 8,6% поин рафтааст

Ozodi.org 

Кумитаи омори Қирғизистон натиҷаи пешакии рушди иқтисоди ин кишвар дар соли 2020-ро эълом кард. Ҳаҷми Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД)-и ин кишвар 598 миллиард сомро ташкил додааст, ки назар ба соли 2019 8,6% камтар аст. Тақрибан ҳамаи бахшҳо осеб дидаанд. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 6,6%, сохтмон 15,9%, тиҷорати яклухту чакана 16,1% коҳиш ёфта, бахши кишоварзӣ 1,1 дарсад рушд кардааст. Ин бори аввал аст, ки ҳаҷми ММД-и Қирғизистон баъди соли 1994 беш аз 8 дарсад поин меравад. Бидуни назардошти нишондодҳои... Читать дальше...

Набуди газу барқ руҳияи эътирозиро дар Узбекистон бештар кардааст

Ozodi.org 

Сокинони ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғонаи Узбекистон дар эътироз ба набудани газ дар рӯзҳои сарди зимистон хиёбони марказии ноҳияро бастанд. Видеое, ки шоми 13-уми январ дар Интернет нашр шуд, нишон медиҳад, як гуруҳи сокинон, асосан занҳо қисме аз роҳи мошингардро мебанданд. Онҳо шикоят доранд, ки дар фасли сармо газ надоранд. "Бигузор сардори корхонаи газ биояд. Сабри мо лабрез шуд", - мегӯяд яке аз занҳои ҷамъшуда дар кучаи марказии Олтиариқ. Ба гуфтаи блогер аз Фарғона Зафарбек Солиҷонов... Читать дальше...

"Саркашу якрав буд". Ҳамдеҳагони Содир Ҷабборов дар борааш чӣ мегӯянд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Содир Ҷабборов, ки чаҳор моҳ пеш бо гуноҳи одамрабоӣ дар зиндон менишаст, чаҳор рӯз қабл раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро ба дӯш гирифт. Ӯро моҳи октябри соли гузашта ва дар авҷи беназмиҳо дар Бишкек аз маҳбас раҳо карданд.

Новости России
Москва

Спецвыпуск журнала «Стратегии развития» посвященный героям Великой Отечественной войны и Специальной военной операции


Ҳамдеҳагони раиси ҷумҳури нави Қирғизистон дар борааш чӣ мегӯянд?

Ozodi.org 

Содир Ҷабборови 52-сола, вакил ва зиндонии собиқ, дар интихоботи президентии рӯзи 10-уми январ дар Қирғизистон бо беш аз 79 дарсади раъйи мардум пирӯз шуд. Хабарнигорони "Настоящее Время" ба зодгоҳи Ҷабборов рафтанд ва аз ҳамдеҳагонаш дар бораи ӯ пурсиданд.

Маҷлиси намояндагони Амрико Доналд Трампро дубора импичмент кард

Ozodi.org 

Маҷлиси намояндагони Амрико бори дуввум ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии ин кишвар нобоварӣ ё импичмент эълон кард. Дар таърихи Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп нахустин раиси ҷумҳуре аст, ки ду бор аз сӯи Маҷлиси намоядагон импичмент мешавад.

Маоши кормандони кони "Юбилей"-и Қазоқистон баъди корпартоӣ зиёд шуд

Ozodi.org 

Молики кони тилои "Юбилей" дар ноҳияи Муғалжари вилояти Оқтеппаи Қазоқистон мегӯяд, бо кормандони худ дар робита ба масъалаи маош ба созиш расидааст. Дар натиҷа кормандон корпартоиро қатъ карда, ба маҳалли кор баргаштаанд. "Дар натиҷаи гуфтугӯҳои 12 январ бо кормандон тасмим гирифта шуд, ки маоши онҳо аз моҳи январи соли равон 25 дарсад боло бурда шавад. Ҳамчунин як қатор масоили марбут ба беҳсозии шароити корӣ дар кон ҳалли худро ёфтанд", - омадааст дар иттилоияи ширкати "AltynEx Company" Хабари... Читать дальше...

Дар Узбекистон се кӯдаки як хонавода аз дуди ангишт фавтиданд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанди Узбекистон панҷ узви як хонавода заҳролуд шуда, дар натиҷа се кӯдак ҷон бохт. Ҳодиса рӯзи 12-уми январ рух додааст. "Кӯдакон - писарчаи 8-сола, духтарчаи 4-сола ва тифли навзод дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтаанд. Ташхиси судӣ-тиббӣ нишон дод, ки кӯдакон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон додаанд", - омадааст дар иттилоияи Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Самарқанд. Вазъи волидон вазнин буда, дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Додситонии Каттақӯрғон таҳқиқи ҳодисаро оғоз кардааст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Шикарный и практичный стиль Елены Джокович из базовых вещей






Порядка 50 активистов вышли на борьбу с мусором во Фрязине

В Подмосковье организована работа служб для устранения подтоплений на дорогах

"Тарков" за 11 000 рублей — это тест "на фаната". Так Буянов сказал

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week