Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Март
2021

Новости за 02.03.2021

"Ислоҳ" чанд соат дастнорас шуд. Муҳаммадиқболи Садриддин: "Ҳамлаи мақомот буд"

Ozodi.org 

Пойгоҳи "Ислоҳ", сомонаи марбут ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, рӯзи 1‑уми март барои чанд соат аз кор мондааст. Дар ин сомона матлабҳои тунду бепарда ба зидди мансабдорони тоҷик нашр мешавад.

Ислом Анварзода дар куҷост? Парвандаи садамае, ки дар он Баҳром Ғафурӣ ҷон бохт, "қатъ шудааст"

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парванда ба зидди Ислом Анварзода, муовини пешини прокурори ноҳияи Фирдавсиро, ки дар садамаи мошинаш овозхон Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд, боздоштааст.

Волидони Ҳокими 17-сола ҷузъиёти қатли бераҳмонаашро гуфтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Аъзои оилае дар ноҳияи Рӯдакӣ иддао доранд, ки писари ҳабдаҳсолаи онҳо, Ҳоким Бобоев, аз тарафи як ҳамдарсаш кушта ва сипас қисме аз ҷасадаш оташ зада шудааст. Гумонбарро дастгир кардаанд, вале пайвандонаш ба чунин рафтори ӯ бовар надоранд

Боздошти раиси собиқи дастаи футболи "Барселона"

Ozodi.org 

Рӯзи 7 уми март дастаи футболи Барселона президенти навро интихоб мекунад. Ва дар арафаи ин санаи муҳим Хосеп Марио Бартомеу президенти пештара, ки тирамоҳи соли гузашта баъди як ҷанҷол ба истеъфо рафта буд, боздошт шудааст.

Куштори бераҳмонаи наврас дар ноҳияи Рӯдакӣ

Ozodi.org 

Куштори бераҳмонаи наврас дар ноҳияи Рӯдакӣ. Ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи як хонанда сокинони ноҳияи Рудакиро ба даҳшат овардааст. Пас аз як рӯзи ҷустуҷу субҳи 26 феврал наздикону пулис ҷасади Ҳоким Бобоеви 17 соларо дуртар аз маҳалли зисташ пайдо карданд.

Михаил Горбачёв, президенти аввалину охирини Иттиҳоди Шӯравӣ 90-сола шуд

Ozodi.org 

Михаил Горбачёв дар мақоми котиби аввали Ҳизби марказии коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати ошкорбаёнӣ ва ислоҳоти бо номи «Перестройка»-ро роҳандозӣ кард. Дар остонаи 90-солагии худ Михаил Горбачёв ҳамин барномаҳоро «муҳимтарин кори зиндагӣ»-аш хонд. Ӯ гуфт, «Муҳимтарин чизе, ки мо дар дохили кишвар ба даст овардем, ин озодие аст, ки ба инсонҳо насиб шуд, бо низоми тоталитарӣ хотима додем». Дар аҳди Горбачёв ҷанги сард бо Ғарб хотима ёфт, артиши шӯравӣ аз Афғонистон берун оварда шуд, аввалин интихоботи... Читать дальше...



Истифодаи нирӯ ба муқобили эътирозгарон дар Мянмар

Ozodi.org 

Нирӯҳои амниятӣ дар Мянмар рӯзи 2 март ҳам барои пароканда кардани эътирозгарони ғасби қудрат аз ҷониби низомиён аз нирӯ истифода карданд. Ду рӯз баъди як рӯзи пурқурбонӣ дар Мянмар мардум дубора ба хиёбонҳо баромаданд. 1 феврали соли ҷорӣ гурӯҳи низомиён ҳукуматро ба даст оварда, Аун Сан Суҷӣ ва дигар раҳбарони мадании ин кишварро боздошт намуданд.  Гузоришҳо мегӯяд, ба муқобили эътирозгарон дар Янгон гази ашковар ба кор бурда шуд. Дар шаҳри Калай шоҳидон гуфтанд, ки полис барои пароканда кардани издиҳом аз силоҳ истифода бурд. Читать дальше...

Қазоқистону Афғонистон роҳро боз карданд, Тоҷикистон мунтазири Русия аст

Ozodi.org 

Парвози доимии ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон ва Афғонистон барқарор шудааст. Мақомоти Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март гуфтанд, ин парвозҳо аз Душанбе ба Кобулу Алмато дар ҳафтае як бор дар назар аст.

Гутерреш гуфт, кӯмаки ваъдагӣ ба Яман кифоят намекунад

Ozodi.org 

СММ гуфт, ки 1,7 миллиард доллар ваъдаи донорҳои байналмилалӣ барои кӯмак ба Яман барои пешгирӣ аз гуруснагии шадид дар ин кишвари ҷангзада кифоят намекунад. Дар конфронсе, ки 1 март ба таври онлайнӣ баргузор шуд, Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ  дархост кард, ки соли ҷорӣ барои ёрӣ ба Яман 3,85 миллиард доллар ёрӣ дода шавад, чун ин кишвар дар ҳолати бӯҳрони бисёр шадиди башарӣ қарор дорад. Вале маблағи ваъдашуда назар ба соли гузашта ба маротиб камтар будааст. Гутерреш дар ҷаласа гуфт, “миллионҳо... Читать дальше...

Ваъдаи 125 миллион доллар кӯмаки дифоии Пентагон ба Украина

Ozodi.org 

Пентагон эълон кард, ки ба Украина дар ҳаҷми 125 миллион доллар кӯмаки низомӣ мерасонад, ки дар миёни ин ёриҳо инчунин ду киштии назорати марзии навъи Mark VI ҳам мебошад. Пентагон инчунин гуфт, ки 150 миллион доллар кӯмаки дигари низомиро замоне ироа мекунад, ки вазорати дифои ИМА  “ислоҳоти калидӣ дар бахши дифоии Украинаро” тасдиқ кунад.  Рӯзи 1 март дар изҳороти Пентагон  гуфта шуд, ки “вазорати дифоъ Украинаро ба ислоҳоти бештар ташвиқ мекунад, то назорати маданӣ аз болои бахши низомӣ тақвият ёбад... Читать дальше...

Анҷелина Ҷолӣ расми Чирчиллро $11,5 млн фурӯхт

Ozodi.org 

Ҳунарманди амрикоӣ Анҷелина Ҷолӣ расми "Манораи масҷиди Ал-Кутубия"-и мутааллиқ ба сарвазири пешини Бритониё Уинстон Черчиллро 11,5 миллион доллар фурӯхтааст. Дар ин бора сомонаи музоядаи Christie's хабар медиҳад. Қимати ибтидоии расм 3 миллион доллар буд, аммо дар музояда қимати он боло рафт. Номи харидори акс расонаӣ нашудааст. "Манораи масҷиди Ал-Кутубия" - яке аз 500 расми Черчилл аст, ки вай дар замони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ кашидааст. Черчилл он расмро дар Марокаш кашида ва ба президенти вақти ИМА Франклин Рузвелт тақдим кардааст. Читать дальше...

Коршиносони СММ таҳқиқи заҳролудкунии Навалнийро тақозо карданд

Ozodi.org 

Ду мутахассиси ҳуқуқи башари СММ ба таҳқиқоти байналмилалии қазияи заҳролудкунии мунаққиди Кремлин Алексей Навалний даъват карда гуфтанд, ки “ба эҳтимоли ғолиб” Навалнийро мақомоти Русия заҳролуд кардаанд. Дар изҳороти муштараке рӯзи 1-уми март Агнес Калламард, масъули СММ оид ба ҳукмҳои худсарона ва Ирен Хан, коршиноси умуми озодии баён озодии билофосилаи Навалнийро аз зиндон талаб карданд. Дар изҳороти масъулони СММ омадааст: “Бо назардошти вокуниши номуносиби мақомоти маҳаллӣ, истифодаи силоҳи... Читать дальше...

Новости России
Москва

Производственные площадки АО «Желдорреммаш» в апреле посетило более 4700 школьников и студентов


Ҷойи холии Буддо. Маҳалле, ки Толибон 20 сол пеш тарконданд

Ozodi.org 

Ҷангҷӯёни Толиб дар аввали моҳи марти соли 2001 муҷассамаҳои Буддо дар Бомиён, ганҷинаи бебаҳо ва таърихии Афғонистонро тарконида, нобуд карданд. Баъд аз 20 сол Шуморо ба ин маҳал мебарем, то бубинед, ҳоло чӣ гуна аст.

Роҳбари неруҳои демократии Мянмар дар додгоҳи низомиён муҳокима шуд

Ozodi.org 

Аун Сан Су Чжӣ, роҳбари неруҳои демократии Мянмар дар додгоҳи низомиён муҳокима шуд. Низомиён ӯро дар содир кардани чанд ҷиноят айбдор мекунанд. Дар ҷаласаи нахустини додгоҳӣ Су Чжӣ тавассути дурбин ҳузур пайдо кард. Бори аввал аз рӯзи ҳабси хонагӣ шудан, ба ӯ иҷозат доданд, ки бо вакилони мудофеъ мулоқот кунад. Аз ибтидо ӯро дар ворид кардан ва нигаҳдории чанд мухобирот (ратсия) бо роҳҳои ғайриқонунӣ айбдор мекарданд. Рӯзи душанбе ӯро дар вайрони қоидаҳои беҳдоштӣ дар замони маъракаи интихоботӣ айбдор карданд.

Тоҷикистон мизбони мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 шуд

Ozodi.org 

Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони баргузории мусобиқаи марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи "F" тасдиқ кард, ки дар он ноиби қаҳрамони кишвар - бошгоҳи футболи "Хуҷанд" иштирок хоҳад кард. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи “F” рақибони Хуҷанд бошгоҳҳои АГМК ё “Насаф” (Узбекистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Олой” (Қирғизистон) хоҳанд буд. Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар шакли мутамарказ аз 14-ум то 20-уми май дар як давра баргузор мешавад. Читать дальше...

Нахуствазири Арманистон баргузории интихоботи пеш аз муҳлатро пазируфт

Ozodi.org 

Никол Пашиниён, нахуствазири Арманистон, ки таҳти фишори мухолифонаш қарор гирифтааст, рӯзи душанбеи 1-уми март дар миёни ҳазорон нафар аз тарафдоронаш гуфт, барои поён додан ба бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар, ҳозир аст интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор кунад.

Дар Намангон барои раиси вилоят аз контейнер "хонаи сайёр" месозанд

Ozodi.org 

Дар маҳаллаи "Бунёдкор", ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 феврал дар доираи сафари ғайринақшавияш ба вилояти Намангон аз он боздид карда буд, барои раиси вилоят Шавкат Абдураззоқов бо контейнер хона месозанд. Бино ба иттилои маъмурияти вилояти Намангон, "хонаи раиси вилоят" аз чандин контейнер иборат хоҳад буд. Худи Абдураззоқов баъди рафтани Мирзиёев бо сокинони "Бунёдкор" вохӯрӣ анҷом ва ваъда дода, ки омада, дар ин маҳалла зиндагӣ мекунад. Намояндаи маъмурияти Намангон гуфт, хонаи контейнерӣ сайёр буда... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Касаткина проиграла Путинцевой и не смогла выйти в 1/4 финала турнира WTA в Мадриде






Хвостатые постояльцы. Куда в Москве пристроить питомца на время отпуска

К Абрамсу уже принесли цветы...

Диана Гурцкая показала на фото, как ее муж выглядел перед смертью в самолете

Москва вводит временные ограничения на продажу алкоголя 4, 5, 8 и 9 мая