Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Март
2021

Новости за 25.03.2021

Иззат Амон ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" айбдор шуд. Ба ӯ ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад

Ozodi.org 

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" дар ҳудуди Русия гунаҳкор карда, нисбат ба ӯ ҷазои маъмурӣ таъин намудаанд. Қарори додгоҳи ноҳияи Твер дар ин бора ҳанӯз 4-уми марти имсол содир шуда, аз 16-уми март ба иҷро даромадааст.

Паноҳҷӯён аз Афғонистон ҷашни Наврӯзро дар Душанбе таҷлил карданд

Ozodi.org 

Дар сафорати Афғонистон дар Душанбе бо баргузории маросиме Наврӯзро таҷлил карданд ва садҳо паноҳандагони ин кишварро дар Тоҷикистон гирдиҳам оварданд. Афғонистониҳои муқими Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар толори “Ҳафт авранг” хушҳолӣ доштанд, аммо ҳамзамон аз дурии наздиконашон таассуф мекарданд.

Дар Бохтар як корхонаро ду бор кушоданд. Аввал ҳамроҳи сарвазир, акнун бо дасти президент. АКС

Ozodi.org 

Дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси ҷумҳури Тоҷикистон корхонаеро ифтитоҳ кардаанд, ки ҳанӯз як сол пеш бо ҳузури нахуствазир, Қоҳир Расулзода, ба кор оғоз карда буд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ Муғулистонро шикаст дод

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври ҳафтуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" тими миллии Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Ин бозӣ шоми имрӯз, 25-уми март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 10 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Зебинисо Рустамова: бояд барои маҳрум кардани Дилшод Назаров шикоят кард

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Варзишкори маъруфи тоҷик Зебинисо Рустамова дар бораи пешниҳоди аз вазифаи Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон сабукдӯш кардани Дилшод Назаров ибрози андеша кард



Пулиси Бритониё гуфт, набераи Назарбоевро маводи мухаддир "куштааст"

Ozodi.org 

Мақомоти тафтишотии Бритониё ба ин хулоса расидаанд, ки Ойсултон Назарбоев, набераи раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон дар натиҷаи нашъамандӣ ва ё эътиёд ба кокаин ҳалок шудааст.  Натиҷаҳои тафтишот, ки рӯзи 24-уми март нашр шуд, мумкин аст, ба сарусадоҳо дар бораи марги шубҳабарангези набераи Нурсултон Назарбоев хотима диҳад. Ойсултон Назарбоеви беҳушро рӯзи 16-уми августи соли 2020 дар як парки шаҳри Лондон пайдо карданд. Ӯ солҳо пеш нашъаманд шуда буд. Ойсултон Назарбоев, чанд дафъа ошкоро хонаводаи... Читать дальше...

Боздошти марде, ки дар Фейсбук аз номи Мирзиёев пул талаб мекард

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Узбекистон мегӯяд, мардеро боздошт кардааст, ки гӯё аз номи президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи сохта боз карда, "пул кор мекардааст". Ба огаҳии вазорат, сокини 39-солаи шаҳри Чирчик М. М. ба сокинон ваъда медодааст, ки бар ивази маблағ ҳама гуна мушкилоташонро ҳал мекунад. "Ӯ тавассути ин саҳифа худро корманди Маъмурияти президенти Узбекистон муаррифӣ ва бо корбарони шабакаи иҷтимоӣ суҳбат мекардааст. Ба онҳо ваъда медодааст, ки дар масъалаҳои гуногун... Читать дальше...

Тазоҳуроти сокинони баландоёшнаҳои "ғайриқонунӣ" дар Бишкек

Ozodi.org 

Беш аз 100 сокини баландошёнаҳои "ТЭЦ-2"-и шаҳри Бишкек рӯзи 25-уми март дар назди бинои ҳукумати он кишвар ҷамъ шуда, хостанд, ки хонаҳои онҳо қонунӣ гардонида шавад. Ин сокинони норозии Бишкек мегӯянд, беш аз 15 сол мешавад, ки мушкили онҳо ҳалли худро намеёбад. Таҷаммуъгарон ҳамчунин ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд, намояндагони ҳукумат то ҳол бо онҳо вонахӯрдаанд. Дар атрофи пойтахти Қирғизистон ингуна маҷмааҳои зист тақрибан 50 адад аст, ки сокинонашон аз камбуди зербиноӣ дар онҳо шикоят доранд. Читать дальше...

Дар СММ барои таҳқиқи ҳаводиси Белорус раъйгирӣ шуд

Ozodi.org 

Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ пешниҳоди таъсиси гуруҳ барои таҳқиқи ҳодисаҳои баъди интихоботи президентии Белорусро дар моҳи августи соли 2020 тасдиқ кард. Шӯро қатъномаеро дар ин замина бо ҷонибдории 20 овоз қабул намуд. Намояндагони ҳафт кишвар бо шумули Русия зид баромада, 20 кишвари дигар аз додани раъй худдорӣ карданд. Дар қатънома омадааст, саркӯби бераҳмонаи норозиён аз натиҷаҳои интихоботи президентии Белорус, ки дар он раисҷумҳур Александр Лукашенко дубора баранда эълом шуд, бояд таҳқиқ карда шавад. Читать дальше...

Қирғизистон ҳафтаи оянда ба эмкунии зидди коронавирус оғоз мекунад

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, 29-уми март дар он кишвар даври аввали эмкунӣ зидди коронавируси нав оғоз хоҳад шуд. Дар навбати аввал қарор аст, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва онҳое эм карда шаванд, ки дар минтақаҳои хатарнок, беморхонаҳо ва "ёрии таъҷилӣ" кор мекунанд. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар шаҳри Бишкек 5 нуқта, дар вилояти Чуй 2 нуқта ва дар шаҳри Ӯш 2 нуқтаи гузаронидани ваксинаи зидди коронавирус ташкил шудааст. Интиқоли ваксина аллакай ба вилоятҳои Ӯшу Чуй оғоз шудааст. Читать дальше...

Наздикони Зарина Ҳабибова ба худкушии ӯ бовар надоранд, додситонӣ таҳқиқ мекунад

Ozodi.org 

Як зани 25-сола дар деҳаи Тегрмии ноҳияи Нурообод худкушӣ кардааст. Зарина Ҳабибова модари ду фарзанд буда, ба иддаои пайвандони шавҳараш, дар дохили хона худро ба дор овехтааст, вале волидонаш ба ин фарзия бовар надоранд. Дар Додситонии ноҳияи Нуробод гуфтанд, қазияро таҳқиқ доранд.

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав иштирок мекунанд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо "Ёдбуди Анатолий Харлампиев"-2021, ки рӯзҳои 25-26-уми март дар маҷмааи варзишии олимпии “Лужники”-и Маскави Русия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Новости России
Москва

Всероссийский интеллектуальный забег «Бегущая книга» 2024


Тихановская ба мавҷи нави эътирозҳо дар Беларус даъват кард

Ozodi.org 

Светлана Тихановская, раҳбари мухолифин дар Беларус, аз мардуми ин кишвар хост, рӯзи 25-уми март, яъне дар Рӯзи таъсиси Ҷумҳурии мардумии Беларус, мавҷи нави эътирозҳоро ба зидди режими Александр Лукашенко оғоз кунанд.

Саломатии раиси пешини ширкати "Умед-88" дар зиндон бад шудааст

Ozodi.org 

Вазъи саломатии Раҷабалӣ Одинаев, собиқ роҳбари ширкати “Умед 88” дар зиндон бад шуда, ӯро ба бемористон интиқол додаанд. Одинаев бо чандин иттиҳом аз ҷумла “тасарруфи молу мулки давлатӣ” ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.

Иштироки ду паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2021"

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2021", ки рӯзҳои 26-28-уми март дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси - баргузор мешавад, Тоҷикистонро ду варзишгар - Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён - намояндагӣ хоҳанд кард.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Соболенко вышла в полуфинал турнира WTA-1000 в Мадриде






В Приамурье вахтовику по ошибке прислали 65 мобильных телефонов

Врач Тяжельников рассказал о рекомендациях на разговение на Пасху

В ряде российских регионов прошли мощные снегопады

К Абрамсу уже принесли цветы...