Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Март
2021

Новости за 12.03.2021

Сардухтур пас аз бозпурсии додситон талоши худкушӣ кард

Ozodi.org 

Сардухтури бемористони вилоятии Лебапи Туркманистон баъди як талоши худкушиаш дар ҳолати вазнин дар беморхонаи Туркманобод бистарӣ шудааст. Як манбаи огаҳ аз қазия гуфт, сардухтури бемористони Лебап баъди он қасди худкушӣ кард, ки додситонӣ дар натиҷаи як тафтиш чандин қонуншиканиро дар фаъолияти беморхона ошкор кардааст. Гуфта мешавад, худи сардухтур дар ин қонуншиканиҳо даст дорад. Сардухтури 45-солаи Лебап Э.М. шаби 10 март дар таҳхонаи манзили зисташ қасди худкушӣ карда, худро овехтааст. Читать дальше...

Русия гуфт, Толибон бояд бахше аз ҳукумати муваққатии Афғонистон бошанд 

Ozodi.org 

Русия гуфт, Толибон бояд бахше аз ҳукумати муваққатии Афғонистон бошанд Дар остонаи омодагӣ ба мизбонии конфронсе бо иштироки Толибон дар Маскав, мақомоти Русия гуфтанд,  Толибон бояд ба ҳайати ҳукумати муваққатии  Афғонистон шомил карда шаванд. Изҳороти сухангӯи вазорати хориҷии Русия Мария Захарова баъди он садо дод, ки Туркия 12-уми март гуфт, дар моҳи апрел ният дорад дар Истамбул мизбони музокироти сулҳи Афғонистон шавад. Маскав барои ширкат дар конфронси 18-уми март  чандин  бозигари минтақавӣ... Читать дальше...

Дар Алмато намоиши эътирозии вакилони дифоъро манъ карданд

Ozodi.org 

Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Алмато ба баргузории тазоҳуроти ҳуқуқшиносони шаҳр зидди лоиҳаи тағйиру иловаҳои ҳукумати Қазоқистон ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони дифоъ иҷозат надод. Дар хадамот гуфтанд, тазоҳуроте, ки шаҳрдории Алмато ба баргузории он дар санаи 13 март иҷозат дода буд, баргузор нахоҳад шуд. "Тибқи қарори сардухтури беҳдоштии Алмато баргузории ҳама гуна чорабиниҳо бо шумораи зиёди одамон, бахусус ҳамоишҳои эътирозӣ манъ аст. Бояд гуфт, ки Алмато аз нигоҳи шумори... Читать дальше...

Ширкати миллии ҳавопаймоии Чех варшикаст шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, ширкати ҳавопаймоии Czech Airlines-ро варшикаста эълон кард. Ширкат дар шароити ҳамагирии коронавирус дар ҳолати вазнини иқтисодӣ қарор гирифта, ба додгоҳ барои муфлис эътироф шуданд, дархост бурд. "Додгоҳ аз қарздиҳандагони ширкат даъват мекунад, ки давоми ду моҳ талабҳои худро эълом кунанд", - омадааст дар қарори додгоҳ, ки рӯзи 10 март эълом шуд. Ба иттилои додгоҳ, қарзи ширкат ба наздики 80 миллион доллар мерасад. Ширкат гуфтааст, дар давраи... Читать дальше...

Мирзиёев: Тошканд ва Бишкек мушкилоти марзро дар 3 моҳи дигар ҳал хоҳанд кард

Ozodi.org 

Узбекистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки дар давоми се моҳи оянда масъалаи таъйин ва аломатгузории хатти марзҳои давлатии худро ба поён расонанд. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёёев 11 март дар як нишасти хабарӣ баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизи худ содир Ҷабборов дар шаҳри Тошканд хабар дод. "Баъзе аз масъалаҳоеро, ки мардум мунтазиранд, дар наздиктарин муддат ҳал хоҳем кард. Масъулияти воқеан ҷиддиро бар зимма мегирем, то шаҳрвандони ду кишвар роҳат ва хуб зиндагӣ кунанд", - гуфт Мирзиёев. Читать дальше...

Алексей Навалнийро ба зиндони дигаре бурдаанд

Ozodi.org 

Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат дар Русия мегӯяд, ки ӯро аз як боздоштгоҳи Вилояти Владимир ба ҷойи дигар ва номаълуме интиқол додаанд. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбӣ аз ҳукумати Русия тақозо доранд, ки Навалнийро фавран аз зиндон озод кунад.

Маводи сӯхт ҳам гарон шудааст ва ҳам камчин

Ozodi.org 

Субҳи рӯзи ҷумъа бисёре аз ронандагон дар шаҳри Душанбе натавонистанд, ба қадри кофӣ бензин харанд. Дар аксар нуқтаҳои фурӯши ин навъи сӯзишворӣ тамом шудааст ва камчнии он ба назар мерасад.



Вазорати маорифи Афғонистон сурудхонии духтарони аз 12‑сола болоро манъ кард

Ozodi.org 

Вазорати маорифи Афғонистон сурудхонии духтарони аз 12‑сола болоро дар чорабиниҳои давлатие, ки он ҷо мардон ҳузур доранд, манъ кардааст. Дар ин дастур, ки ба макотиби Афғонистон ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки набояд духтарони аз 12‑сола боло дар чорабиниҳои расмӣ тарона хонанд ва рақс кунанд. Ин тасмим нигаронии фаъолони афғонро ба бор овард ва созмони Дидбони ҳуқуқи башар онро “заминасозӣ барои маҳдудияти фаъолияти духтарон” унвон кардааст. Потриш Госман, як масъули созмони “Дидбони ҳуқуқи... Читать дальше...

Арманистон баъди Озарбойҷон дар бораи машқҳои низомӣ хабар дод

Ozodi.org 

Арманистон гуфт, ки ҳафтаи оянда машқҳои низомие барпо мекунад, ки аз назари вақт бо айни чунин машқҳои эълоншуда дар хоки Озарбойҷони рақибаш  мусодиф омадааст. Тирамоҳи соли 2020 ду кишвари ҳамсоя бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ шаш ҳафта ҷангиданд. Ин қаламрав сӣ сол пеш аз ҷониби аксар арманитаборҳо ишғол шуда буд ва дар давоми се даҳсола раҳбарияти он аз итоат кардан ба ҳукумати Боку саркашӣ кардааст.  Низои ахире, ки дар он садҳо нафар аз ҳарду ҷониб кушта шудаанд, бо имзои созиши... Читать дальше...

Мулоқоти И. Сатторӣ бо раиси кумитаи Дума оид ба ИДМ

Ozodi.org 

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робита бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  роҳҳои татбиқи тавофуқотеро баррасӣ намуд, ки зимни сафари Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ба Русия дар моҳи ноябри соли 2020 ба даст омадааст. Мулоқоти сафири тоҷик бо узви Думаи давлатии Русия дар ҳолест, ки тақрибан як сол инҷониб марзи Русия ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар пандемия баста боқӣ мемонад. Муҳоҷирони кории тоҷик имкони сафар ба ин кишварро надоранд. Читать дальше...

Пешгӯии ҳавои сербориш дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ду рӯзи оянда ҳаво дар Тоҷикистон сард гашта, борони пуршиддат ва барф дар назар дошта шудааст. Ҳавошиносон ин ҳолатро ба “воридшавии анбуҳи ҳавои сарду намнок” ба кишвар марбут  медонанд. Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 13-14-уми марти соли равон дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва доманакӯҳии вилояти Суғд ба амал омадани боришоти пуршиддат дар назар аст. Аз 12 то 15-уми март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ вилояти Бадахшон фаромадани тарма ва омадани сел аз эҳтимол дур нест.

Як сар гову гӯсола ба оилаи сегоникҳои Данғара

Ozodi.org 

Ҳукумати ноҳияи Данғара ба як оилае, ки охиран соҳиби сегоникҳо шудааст,  як ҷуфт гови ширдеҳ туҳфа кардааст. Рӯзномаи “Тоҷикистон” навиштааст, ҳукумати ноҳияи Данғара ба Зулҳия Буттаева дар Рӯзи модар як сар гову як гӯсола тӯҳфа кардааст. Зулҳия Буттаева, модари 35-сола сокини деҳаи остонаи ҷамоати Лолазор 7-уми декабри соли равон сегоник ба дунё овард. Сегоникҳо як писару ду духтар мебошанд. Волидони ин тифлакон вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ менамоянд. Дар гузашта мақомот дар Тоҷикистон ба чанде аз хонаводаҳое... Читать дальше...

Вақте парвозҳо барқарор шуд: “Уральские авиалинии” аз Перм ба Бохтару Кӯлоб парвоз мекунад

Ozodi.org 

Ширкати ҳавоии “Уральские авиалинии” барои анҷоми парвозҳо аз шаҳрҳои Перм ба Кӯлоб ва шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)-и Тоҷикистон дар мавсими нав иҷозатнома ба даст овардааст. Оҷонсии федеролии нақлиёти ҳавоӣ рӯзи 11-уми март дар ин бора қарор содир намуд. Мувофиқи иҷозатномаи мақомоти Русия, ҳамакнун ин ширкат ҳақ дорад ҳафтае се парвоз  миёни шаҳрҳои Перми Русия ва Кулобу Бохтари Тоҷикистон анҷом диҳад. Аммо ин танҳо иҷозат ба парвоз аст ва дар ҷадвали парвозҳои ширкати “Уральские авиалинии” ҳанӯз парвозҳо дар ин масир пайдо нашудааст. Читать дальше...

Департаменти давлатӣ ва Туркия афви қотили арманитабори консули туркро маҳкум карданд

Ozodi.org 

Марди арманитабори зиндонии  Калифорния, ки соли 1982 консули генералии Туркия дар Лос-Анҷелесро кушта буд, бар асоси қарори афв ба озодӣ мебарояд, вале ин тасмим маҳкумияти Департаменти давлатии ИМА  ва вазорати хориҷаи Туркияро ба бор овард. Ҳемпиг “Ҳарри” Сассунян, як муҳоҷири арманитаборе дар ИМА дар куштори соли 1984-и дипломати турк Камол Арикан бо тири туфанге ҳангоме, ки ӯ дар роҳ назди чароғаке дар Лос-Анҷелес истода буд, маҳкум шуда буд. Ин узви созмони ҷангҷӯи арманитабороне, ки манфитаҳои... Читать дальше...

Супориши гузоришгари олмонии RT барои ҷосусӣ аз пушти Навалний

Ozodi.org 

Як журналисти олмонии собиқ коргари шабакаи телевизионии русии RT гуфт, ки раҳбараш аз ӯ хоста буд, ки аз пушти мунаққиди Кремлин Алексей Навалний, ки дар Олмон табобат гирифтааст, ҷосусӣ кунад. Алексей Навалний баъди як заҳролудшавиаш  бо заҳри навъи низомие дар Сибир августи соли 2020 барои муолиҷа ба  беморхонаи Олмон интиқол дода шуд. Даниэл Ланге, ки он замон корманди шабакаи RT буд, гуфт, аз ӯ раҳбараш хост, ки бо истифода аз санадҳои журналистиаш аз пушти Навалний дар беморхонаи “Шарите”-и Берлин назорат карда... Читать дальше...

Бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Ҷопон ва Мянмар дар Ҷопон баргузор мешаванд

Ozodi.org 

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони мусобиқаҳои мутамарказонидашудаи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро, ки аз 31-уми май то 15-уми июн баргузор мешаванд, эълон кард. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бозиҳои моҳи июнро муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) дар Ҷопон баргузор мекунад. Бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар... Читать дальше...

Воксинаи Johnson & Johnson-ро дар Иттиҳоди Аврупо иҷоза доданд

Ozodi.org 

Комиссиюни Аврупо ба воксинаи  ширкати амрикоии Johnson & Johnson иҷоза дод, ки дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ аз олудашавӣ ба  COVID-19 истифода шавад. Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен бо нашри ин хабар дар саҳифаи  Твиттераш гуфт, ки “воксинаҳои  амну муассири бештар вориди бозор мешавад”. Истифодаи воксинаи навро идораи дорувории Аврупо иҷоза додааст. Ба иттилои вон дер Лейен, ҳамакнун имкони эмкунии 200 миллион нафар дар қаламрави ИА имконпазир шудааст. Воксинаҳои... Читать дальше...

Новости России
Москва

СЛД «Смоленск» филиала «Московский» ООО «ЛокоТех-Сервис» в рамках акции «Неделя без турникетов» посетило 150 учащихся


Украина гуфт, корхонаи "Мотор-Сич" миллӣ мешавад

Ozodi.org 

Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки корхонаи истеҳсоли мотори ҳавопаймо ва  чархболҳои “Мотор-Сич”-ро, ки аксар саҳмияҳояш дар дасти ширкатҳои чинӣ мебошанд, бо далели аҳамияти стратегии он барои соҳаи дифоӣ давлатӣ хоҳанд кард. Олексей Данилов, раиси Шӯрои амният ва дифои Украина баъди ҷаласаи ин ниҳод рӯзи 11-уми март гуфт, “қарор ин шуд, ки “Мотор-Сич” ба ихтиёри мардуми Украина баргардонида шавад”. Ӯ гуфт, ки ҷараёни миллисозии корхона мутобиқ бо қонун сурат мегирад ва харҷи ҳама сармоягузорҳо ҷуброн хоҳад шуд. Читать дальше...

Дар Венгрия дархости тамдиди муҷаввизи "Клубрадио" такроран рад шуд

Ozodi.org 

Идораи танзимкунандаи кори матбуоти Венгрия рӯзи 11-уми март дархости азсаргирии пахши барномаҳои радиои  мустақилеро рад кард. Пажӯҳишгоҳи байналмилалии матбуот ин кори мақомоти Венгрияро “таҳқири дигари” озодии матбуот дар қаламрави як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо номид. Мақомоти идораи матбуот ва мухобироти иттилоотии миллии Венгрия моҳи феврал тасмим гирифтанд, ки муҷаввизи кори “Клубрадио”-ро тамдид накунанд, додгоҳ ҳам ин қарорро дастгирӣ кард ва аз он замон то ҳол барномаҳои ин шабака танҳо тавассути  интернет пахш мешаванд. Читать дальше...

Байден: то май ҳар калонсол ба воксина дастрасӣ хоҳад дошт

Ozodi.org 

Президенти ИМА Ҷо Байден чанд соат баъди имзои барномаи кӯмаки 1,9-триллиондолларӣ барои кӯмак ба иқтисоди кишвар 11-уми март дар суханронии телевизиониаш дар бораи давраи навбатии эмкунии мардум зидди COVID-19 хабар дод. Байден ба муносибати яксолагии эълони пандемияи коронавирус аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сӯҳбат мекард. Ӯ гуфт, ки то 1-уми май ҳар шахси калонсол дар ИМА метавонад ба воксина дастрасӣ дошта бошад ва, ба гуфтааш, то таҷлили иди истиқлолияти Амрико 4-уми июл вазъ наздик ба оддӣ мешавад. Читать дальше...

Дар зиндон ва берун аз он. Садои Наргис дар Эрон ва хориҷ шунида мешавад

Ozodi.org 

Бо вуҷуди таъқибу таҳдидҳо ва борҳо ба зиндон андохтану маҳрум кардан аз дидори фарзандон, мақомоти Эрон натавонистанд cадои Наргис Муҳаммадӣ, фаъоли ҳуқуқи башарро хомӯш кунанд. Наргис Муҳаммадӣ, аз ҳомиёни ҳуқуқи маъруфи эронӣ аст, ки солҳост барои манъи ҳукми қатл ва ҳимоя аз ҳуқуқи ҷабрдидаҳои зулму шиканҷаи мақомдорон дар Эрон мубориза мебарад. Дар дохили зиндон ӯ борҳо ба нишони эътироз аз шароити нигаҳдорияш гуруснанишинӣ эълон карда, бо норозигӣ аз куштори садҳо тазоҳургар дар моҳи ноябри соли 2019 аз сӯйи нерӯҳои амнияти Эрон... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Российский бизнесмен обвинил Алькараса в договорных матчах. Он направил письмо в ATP






В Москве построят и реконструируют 15 спортивных объектов в 2024 году

С начала года более 4,7 тысячи жителей Московского региона оформили страховую пенсию в автоматическом режиме на портале госуслуг

Милош Бикович рассказал студентам Школы критики о фильме «Лесной царь»

В Подмосковье стал известен график работы общественного транспорта на Пасху