Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2022

Новости за 02.11.2022

"Инҷо пул кам аст, аммо ғам намедиҳанд." Нақли муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо афзоиши таъсири таҳримҳои байнулмилалӣ болои Русия ва коҳиши иқтисоди ин кишвар, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Қазоқистон рӯ овардаанд. Онҳо мегӯянд, дар муқоиса ба Русия маблағи камтар меёбанд, аммо таъқиби пулис ва бегонаситезӣ дар Қазоқистон камтар аст.

"Инҷо пул кам аст, вале ғам намедиҳанд"

Ozodi.org 

Басташавии корхонаҳо ва таъсири таҳримҳо ба иқтисоди Русия, талоши муҳоҷирони тоҷикро барои ҷустуҷӯи кор дар кишварҳои дигар бештар кардааст. Бархе аз муҳоҷирон, кӯшиш доранд, роҳи сафар ва кор дар Аврупоро пайдо кунанд. Аммо ин роҳ осон нест ва роҳи осонтар барои аксар бекорон Қазоқистон аст.

Чаро барои озори хабарнигорони тоҷик касе ҷазо намегирад?

Ozodi.org 

Имрӯз дуюми ноябр, рӯзи хатми беҷазоии ҷиноят алайҳи журналистон аст. Дар Тоҷикистон, ки дар як муддати кутоҳ якбора 7 журналист пушти панҷара рафтаанд ин мавзӯъ доғ шудааст. Созмонҳои журналистӣ аз норӯшаниҳо дар қазияи хабарнигорон ва афзоиши фишор ба журналистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Далери Имомалӣ гуфтааст, "чунин ҳукмро интизор набуд". Вакил шикоят кард

Ozodi.org 

Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери зиндонии тоҷик, қарори додгоҳро, ки ӯро ба даҳ сол маҳбас маҳкум кард, тӯлонӣ номидааст. Вай ҳафтае пеш дар мулоқот бо ҳамсараш, Зайтуна Иноятова, гуфтааст, "чунин ҳукмро интизор набуд".

"Эрон эҳтимол ба ҳамла ба Саудӣ омодагӣ мегирад"

Ozodi.org 

Се мақоми Амрико гуфтаанд, ки Арабистони Саудӣ дар ихтиёри онҳо иттилое гузоштааст, ки нишон медиҳад, эҳтимол Эрон барои ҳамлаи ногузире ба ин шоҳигарӣ дар Ховари Миёна омодагӣ мегирад.



Ҷияни Назарбоев дар хориҷа ба маблағи $230 млн ҷавоҳирот доштааст

Ozodi.org 

Оҷонси мубориза бо фасод дар Қазоқистон хабар дода, ки дар доираи парвандаи Кайрат Сатибалдӣ, ҷияни президенти пешин Нурсултон Назарбоев ба маблағи 230 миллион доллар ҷавоҳирот аз хориҷ ба ин кишвар баргардонида шудааст.

Юрий Батуренко: Мунтахаби Тоҷикистон дар сатҳи Лигаи якуми Русия бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Юрий Батуренко, собиқ нимҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бошгоҳҳои мухталифи Русия ба ҳайси бозигар ва мураббӣ кор кардааст, доир намудани бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Русияро мувофиқи мақсад медонад.

13 медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии таеквондо

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик аз севумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо (WT) “Namangan Open”, ки  рӯзҳои 25-29-уми октябр дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор шуд, бо 13 медал (6 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ) баргаштанд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ба ҷуз аз мизбонон – варзишгарони Узбекистон, меҳмонон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон ва Покистон ширкат карданд. Рақобатҳо миёни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва бузургсолон сурат гирифт. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 37 варзишгар дохил буд. Читать дальше...

"Барои пардохти қарз рафта буд." Марги шубҳабарангези як муҳоҷири тоҷик дар Русия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хонаводаи як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия ва дар шароити баҳсбарангезе ба ҳалокат расидааст, як ҳафта боз тобути ӯро интизоранд. Сайфиддин Махдумови 36-сола, ки дар гузашта дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таксӣ меронду дар мактаб дарс медод, ҳафт моҳ пеш дар ҷустуҷӯи кору маоши муносиб ба Русия рафт.

Сайфиддин барои пардохти қарз ба Русия рафт, вале..

Ozodi.org 

Хонаводаи як муҳоҷири тоҷике, ки дар Русия ба ҳалокат расид, як ҳафта боз чашм ба роҳи ҷасади ӯ ашк мерезанд. Муҳоҷири 36-солаи тоҷик чанд моҳ пеш барои таъмини 4 фарзанд ба Русия рафта буд. Ҳоло барои пайвандон ҷасади сардашро меоранд.

AP: Арабистони Саудӣ Амрикоро аз "хатари ҳамлаи эҳтимолии Эрон" огоҳ кардааст

Ozodi.org 

Cе мақоми амрикоӣ рӯзи сешанбе ба хабаргузории "Асошиэйтед пресс" гуфтаанд, Арабистони Саудӣ маълумотеро дар ихтиёри Вашингтон гузоштааст, ки нишон медиҳад, Эрон эҳтмолан барои ҳамлаи қарибулвуқуъ ба хоки Арабистон омода мешавад.

Ду фаъоли қазоқистониро дар шаҳри Бишкек ба ҳабс гирифтанд

Ozodi.org 

Фаъолони шаҳрвандӣ Асхат Жексебоев ва Диана Баймагамбетова дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Дар ин бора вакили мудофеи онҳо Зарифа Барузова хабар дод.

Қимати иҷораи манзил дар Узбекистон дар моҳи октябр 16 дарсад боло рафтааст

Ozodi.org 

Кумитаи омори Узбекистон хабар дод, ки арзиши манзилҳои иҷора дар он кишвар дар моҳи октябр ба ҳисоби миёна, нисбати ба моҳи сентябр, 16 дарсад боло рафтааст. Аз ҳама бештар дар шаҳри Тошканд (51 дарсад) ва аз ҳама камтар дар вилояти Хоразм (1 дарсад) афзудааст. Дар маҷмуъ, дар Узбекистон аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун қимати иҷораи манзилҳо 20,9 дарсад гарон шудааст. Дар Кумитаи омори Узбекистон гуфтанд, молу хидматрасонӣ дар бахши истеъмолӣ ба ҳисоби миёна 1,2 дарсад дар моҳи октябр боло рафтааст. Читать дальше...

Толибон дар Афғонистон пулиси занона таъсис доданд

Ozodi.org 

Ҳаракати тундгарои "Толибон", ки дар Афғонистон қудратро дар даст дорад, бахши пулиси занона таъсис додааст. Барои кор дар ин бахш заноне даъват мешаванд, ки дар вазорати корҳои дохилии ҳукумати пешини Афғонистон фаъолият мекарданд. Наздики 100 зан барои кор дар бахши занонаи пулис омода мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳукумати зери раҳбарии Толибон мехоҳад, бо ин шева аз вокуниши ҷомеа ба хушунатҳо нисбати занон пешгирӣ кунад ва ҳангоми сар задани эътирозҳои занон пулисзанҳоро равона кунад. Читать дальше...

Бо тарс ба дарс ва пинҳон аз чашми Толибон

Ozodi.org 

Омӯзгорон ва фаъолон дар як маҳаллаи фақирнишини Кобул, барои таълими духтарони синфҳои болоӣ як мактаби пинҳонӣ таъсис додаанд. Баъди сари қудрат омадани Толибон дар мактабҳои Афғонистон таҳсили духтарони болотар аз синфи 6 дар манъ шуд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Российский бизнесмен обвинил Алькараса в договорных матчах. Он направил письмо в ATP






Россияне рассказали о своем отношении к профсоюзам на работе

Стоп, снято: мошенники придумали новые схемы с фейковыми фотосессиями

Гештальт-психолог Саморукова напала на сотрудницу отеля в Москве

Фальшивые билеты продавались агрегаторами на рейсы авиакомпании NordStar