Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2022

Новости за 08.11.2022

"Хостаанд, писари 14-солаамро ба комиссариати ҳарбӣ баранд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Як сокини шаҳри Душанбе шикоят дорад, ки писари 14-солаашро барои бурдан ба сарбозӣ “шикор” ё “облава” карда, “дар он ҳангом задаанд”. Дар Вазорати корҳои дохилӣ чанд рӯз пеш гуфтанд, ки шикоятро таҳқиқ мекунанд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дуюм аз Русия шикаст хӯрд

Ozodi.org 

Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ва Русия, ки шаби сешанбеи 8-уми ноябр дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе доир гардид, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 6:2 ба поён расид.

Аз Дарвоз то Хоруғ, аз Душанбе то Хуҷанд. Саргардонии даҳҳо нафар дар роҳҳои Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бориши барфу борон дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон мушкили куҳнаро дубора бармало карду даҳҳо ронанда ва мусофирро саргардон. Сангреза роҳи Душанберо ба Хоруғ муваққатан баст. Роҳ аз пойтахт ба Хуҷанд низ ба рӯи мошинҳои борбар пӯшида шуд.

Cангрезӣ равуоро дар роҳҳои Тоҷикистон душвор кард

Ozodi.org 

Бориши барфу борон дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон мушкили куҳнаро дубора бармало карду даҳҳо ронанда ва мусофирро саргардон. Сангреза роҳи Душанберо ба Хоруғ муваққатан баст. Роҳ аз пойтахт ба Хуҷанд низ ба рӯи мошинҳои борбар пӯшида шуд.

"Мехостанд, писарамро зӯран ба артиш баранд"

Ozodi.org 

Як сокини Душанбе шикоят дорад, ки писари 14-солаашро барои бурдан ба сарбозӣ “шикор” ё “облава” карда, “дар он ҳангом задаанд”. Дар Вазорати корҳои дохилӣ чанд рӯз пеш гуфтанд, ки шикоятро таҳқиқ мекунанд. Масъулони Вазорати мудофиа иддао доранд, ки имсол ягон мавриди “сарбозшикор” набуд.



Як фаъоли маданиро дар Душанбе 13 сол зиндонӣ карданд. Рамзӣ Вазирбеков кист?

Ozodi.org 

Додгоҳи Душанбе як зодаи вилояти Бадахшонро, ки бо танқидҳояш аз кори мақомоти Тоҷикистон шинохта буд, ба 13 сол зиндон маҳкум кардааст. Рамзӣ Вазирбеков моҳи июли имсол дар шароити мармуз дастгир ва ҳукмаш паси дарҳои баста дар боздоштгоҳ эълон шуд.

HRW мақомоти узбекро барои бархӯрди шадид бо эътирозгарон накӯҳиш кард

Ozodi.org 

Созмони Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, мақомоти қудратии Узбекистонро "ба истифодаи барзиёд ва беасоси чораҳои ҷавобӣ" ҳангоми пароканда кардани гирдиҳамоиҳои тобистони имсол дар Қароқалпоқистон айбдор кард.

"Ба мо китоб фиристед." Мушкили асосии мактабҳои тоҷикӣ дар Қазоқистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Масъулони мактабҳои тоҷикӣ дар Қазоқистон аз нарасидани китобҳои дарсӣ шикоят доранд. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар китобхонаи ин мактабҳо ёфтани адабиёти тоҷикӣ мушкил аст. Мақомоти Тоҷикистон пештар гуфта буданд, барои мактабҳои тоҷикии Қазоқистон китоб мефиристанд.

Тӯҳфаҳои шаҳрдории Душанбе ба Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаев

Ozodi.org 

Шаҳрдории Душанбе ба Темур Раҳимов - узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин”, барои ба даст овардани медали тилои «Baku Grand Slam 2022» хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард. Инчунин бо тасмими шаҳрдории Душанбе ба Муллораҷаб Халифаев - дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гуштин”-и пойтахти кишвар барои ба даст овардани медали нуқраи «Baku Grand Slam 2022» 100 000 сомонӣ супурда шуд. Читать дальше...

Узбекистон берун бурдани ҷавоҳирот ба маблағи то $10 ҳазорро иҷозат дод

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 7--уми ноябр дар ҷаласае бахшида ба рушди соҳаи саноати ин кишвар як қатор чораҳоро барои дастгирии бахши заргарӣ эълом кардааст. Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов гуфт, ба шахсони воқеӣ иҷозат дода шуд, ки ба маблағи то 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷавоҳиротро ба хориҷ аз ин кишвар баранд. Ҳамчунин сангҳои қиматбаҳо ва ороишие, ки заргарон истифода мебаранд, аз 1 декабри имсол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шудаанд. Талаби иҷозатнома барои воридот ва содироти муваққатии тилло... Читать дальше...

Ҳодисаҳои январӣ: 29 қудратии қазоқ дар шиканҷаи гумонбарон айбдор мешаванд

Ozodi.org 

Ҳудуди 20 корманди мақомоти интизомии Қазоқистон дар шиканҷа ва азияти гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январи ин кишвар айбдор мешаванд. Дар ин бора намояндаи Додситонии кулли Қазоқистон Елдос Қилимҷонов 7-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод. "Ду парвандаи ҷиноӣ зидди ҳашт корманди пулис аз рӯи далелҳои истифодаи усулҳои ғайриқонунии тафтишот дар шаҳрҳои Талдиқӯрғон ва Алмато ба додгоҳ ирсол гардидааст", - гуфт Қилимҷонов, аммо ӯ ҳангоми суханронӣ калимаи "шиканҷа"-ро истифода набурд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ... Читать дальше...

Намояндаи президенти Қирғизистон ба Кобул рафтааст

Ozodi.org 

Намояндаи махсуси президенти Қирғизистон оид ба супоришҳои махсус Таалатбек Масадиқов барои мулоқот бо намояндагони гуруҳи Толибон ба шаҳри Кобули Афғонистон рафтааст. Масадиқов дар ҷараёни ин сафар бо Аббос Истонакзай, муовини аввали вазири умури хориҷӣ, Абдуғанӣ Бародар, муовини сарвазир ва Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати "Толибон", дидору гуфтугӯ кардааст. Ҷонибҳо масоили амнияти минтақа, рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷориву иқтисодӣ, равобити фарҳангӣ, долонҳои нақлиётӣ ва имкони... Читать дальше...

Донишгоҳ боғ бунёд кард, донишҷӯён "азоб мекашанд"

Ozodi.org 

Ҳазорҳо донишҷӯ, ки аз ноҳияҳо барои таҳсил ба шаҳри Кӯлоб меоянд, аз набудани хобгоҳ мушкил мекашанд. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, калонтарин донишгоҳи шаҳр, 10 ҳазор донишҷӯ дорад, аммо танҳо барои 500 нафар хобгоҳ пешниҳод кардааст.

10:7. Бозигарони Тоҷикистон мунтахаби Русияро шикаст доданд

Ozodi.org 

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия, ки шаби 7-уми ноябр дар Қасри теннис ва намудҳои варзиши обии Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 10:7 ба поён расид.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Соболенко и Швентек сыграют в финале турнира WTA в Мадриде






Россияне рассказали о своем отношении к профсоюзам на работе

Тайны профессии. Восемь историй о том, когда нотариусы спасают людей

Офис президента весь на нервах

Мужчину госпитализировали после стрельбы в Калужской области