Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2022

Новости за 22.11.2022

"Кай пурра барқ мегирем?" Суол аз чаҳор гӯшаи Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Камбуди нерӯи барқ дастрасии сокинони як маҳалларо дар ноҳияи Муъминобод ба об мушкил ва зиндагияшонро сахт кардааст. Онҳо аз мақомот мепурсанд, ки масъала кай ҳал хоҳад шуд. “Барқи Тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум тасдиқ карда, аммо муҳлати анҷомашро нагуфтааст.

Ҷоми ҷаҳонии футбол: Арабистони Саудӣ Аргентинаро шикаст дод

Ozodi.org 

Рӯзи сеюми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар – 22-юми ноябр - бо бозии гурӯҳи С миёни дастаҳои мунтахаби миллии Аргентина ва Арабистони Саудӣ шуруъ шуд. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Лусаил Айконик»-и шаҳри Давҳа доир гардид, бо пирӯзии саудиҳо бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.



Даъвои ду идораи давлатӣ. Миллионҳо доллар дар "Тоҷиктрансгаз" куҷо шуд?

Ozodi.org 

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ширкати “Тоҷиктрансгаз”-ро вазифадор кардааст, ки ба Вазорати молия беш аз 15 миллион доллар бипардозад. Маълум нест кай ва чӣ гуна. Мақомот онро қарзи давлатӣ ва баҳраву ҷаримааш ҳисоб кардаанд. Вазорат розӣ нест.

"Биноияшро аз даст дод." Талаби озодии Шамил Ҳакимов аз зиндони Тоҷикистон

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳида аз вазъи саломати Шамил Ҳакимов, узви зиндонии "Шоҳидони Яҳво", як шохаи дини насронӣ, дар Тоҷикистон ибрози ташвиш кард. Сафорати Амрико рӯзи 22-юми ноябр дар эъломияе гуфт, ин зиндонии солхӯрда аз беморӣ ранҷ мебарад, вале додгоҳҳо дархости паёпайи ӯро барои муолиҷа рад кардаанд.

Дар Қирғизистон мехоҳанд, барои қиморбозҳои хориҷӣ виза набошад

Ozodi.org 

Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон дар лоиҳаи қонуне пешниҳод кардааст, ба шаҳрвандони хориҷие, ки алоқаманди қиморбозӣ дар ин кишвар ҳастанд, иҷозати иқомати бидуни раводид ва сабтином дода шавад.

Наздикони духтари кушташуда роҳро бастанд

Ozodi.org 

Наздикони як духтари кушташуда дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон рӯзи 21-уми ноябр зидди сокини маҳаллие, ки ба гумони куштор боздошт шудааст, гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор карданд.

Се паҳлавони тоҷик барои "Тоскулоҳи бузург" ба Токио меравад

Ozodi.org 

Дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург”, ки рӯзҳои 3-4-уми декабр дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – баргузор мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Гузоришҳо: Аҳмад Масъуд ба Русия рафтааст

Ozodi.org 

Телевизиони "Ому" бо такя ба манбаъҳои наздик ба Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, хабар додааст, ки ӯ рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта барои гуфтугӯ бо мансабдорони Русия, ба он кишвар рафтааст.

Қазоқистон хулосаи нозирони САҲА дар бораи интихоботро "муғризона" номид

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба хулосаи пешакии Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар бораи назорати интихоботи президентии он кишвар вокуниш кард. Вазорат гуфтааст, "дар хулосаи дафтари САҲА норасоии воқеъбинӣ эҳсос мешавад ва ин муассир будани кори онро ҳамчун ниҳоди муҳими созмон, ки то ба ҳол аз ҷонибдории кишвари мо бархурдор буд, зери суол қарор медиҳад". Ҳамчунин гуфта шуда, ки дар хулосаи дафтари САҲА "иттиҳомҳои тасдиқношуда" дарҷ шудааст. Читать дальше...

Президент Узбекистон ба Фаронса сафар кард

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21-уми ноябр бо сафари расмӣ вориди шаҳри Порис шуд. Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон хабар додааст, ки Мирзиёев дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтои фаронсавии худ Эммануэл Макрон дидору гуфтугӯ ва масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад. Ҳамчунин имзои 14 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг, авиатсияи шаҳрвандӣ, хадамоти давлатӣ ва мубориза бо коррупсия дар назар аст. Сафар бо даъвати президенти Фаронса анҷом мешавад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Свентек переиграла Соболенко и выиграла титул WTA в Мадриде






Гештальт-психолог Саморукова напала на сотрудницу отеля в Москве

Росія планує диверсії по всій Європі, – ЗМІ

Хижина дяди снова: за сколько реально снять дачу или старый домик этим летом

Адвокат Тимура Иванова хочет обжаловать решение суда для смягчения приговора