Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2021

Қирғизистон кони "Жетим-Тоо"-ро ба Чин доданӣ нест

0
Қирғизистон кони

Муовини сарвазири Қирғизистон Мақсад Мамитканов рӯзи 8-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳукумати ин кишвар тасмим надорад, ки қарзи Чинро бо маводи хоми кони "Жетим-Тоо" баргардонад.

Мамитканов афзуд, ки барои баррасии ин масъала рақамҳои мушаххас ва асоснок даркор аст. Вале ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир роҷеъ ба кони мазкур корҳои иктишофӣ ва ҳисоби захираи кон сурат нагирифтааст.

"Танҳо баъди корҳои иктишофӣ ва ҳисоби захираи кон метавон онро дар ҳисоби давлат гузошт. Дар ин вазъ наметавон бо он қарзи давлатиро пардохт кард", - изҳор дошт ӯ.

Муовини сарвазири Қирғизистон гуфт, барои истихроҷи "Жетим-Тоо" пеш аз ҳама бояд масъалаи зербиноӣ ҳал карда шавад. Аз ҷумла бояд хатти барқро кашида ва роҳ бунёд карда шавад.

Вай суханҳои Содир Ҷабборов, собиқ иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва яке аз номзадҳои асосӣ дар интихоботи президентии Қирғизистонро, ки гуфта буд, қарзи Чинро бо маводи хоми "Жетим-Тоо" баргардониданианд, "назари шахсии ӯ" номид.

Мамитканов изҳор дошт, ки ҳукумати Қирғизистон ҳангоми баррасии ин гуна масоил назари ҳамаи ҷонибҳоро ба инобат мегирад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Открытый чемпионат Италии: Новак Джокович получил сильный удар после выхода в третий раунд после Корантена Муте | Теннисные новости






Столичные биологи рассказали, какие животные попадают в объективы фотоловушек

В Москве появится более 16 тысяч рабочих мест благодаря городской программе МПТ

"Известия": в 2023 году число брачных контрактов в РФ увеличилось на 11%

Тренер "Зенита" Семак заявил, что не понимает судейских трактовок