Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Март
2019

Новости за 13.03.2019

Амрико вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон танқид кард

Ozodi.org 

Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши нави худ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфтааст, “ҳукумати худкомаи ин кишвар аз назари сиёсӣ аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш назорат мешавад”.

Боздошти ронандае, ки видеои баҳсаш бо нозири БДА ҷанҷолӣ шуд

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба зидди як сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон “барои таҳқири ду нозири роҳ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дафтари матбуоти раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 13-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Сироҷиддин Наҷимови 39-сола баъди он дастгир шуд, ки видеои “таҳқир ва дашноми ӯ ба унвони нозирони роҳ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро барангехт. Дар ин видео, ки дар шабакаҳои “Однокласнники” ва “Фейсбук” нашр шудааст, дида мешавад, чӣ гуна Сироҷиддин Наҷимов... Читать дальше...

Аҳолии Тоҷикистон дертар аз аҳолии Русия ва Украина пир мешавад

Ozodi.org 

Сокинони Русия зудтар аз бошандагони кишварҳои дигари дунё пир мешаванд. Аз пажуҳиши гурӯҳи байналмилалии донишмандон, ки дар маҷаллаи бонуфузи тиббии Lancet нашр шуд, чунин натиҷа ҳосил мешавад. Муаллифони таҳқиқот суръати рушди бемориҳои марбут ба солмандиро дар байни аҳолии кишварҳои мухталиф омӯхтанд.  Русиягиҳо дар муқоиса бо аҳолии 159 кишвари ҷаҳон зудтар пир мешаванд. Ин таҳқиқот дар навбати аввал таваҷҷӯҳи нашрияи  The Bell-ро ба худ кашид. Муаллифони пажуҳиш суръати пиршавӣ аҳолиро бо усули худ таҳқиқ карданд. Читать дальше...

Нигаронӣ аз ҳалокати кӯдакон баъди фурӯрезии биное дар Нигерия

Ozodi.org 

Гурӯҳҳои наҷот дар Лагос - пойтахти тиҷоратии Нигерия, баъди фурӯпошии як бинои сеошёна, ки мактаби ибтидоӣ низ дар он ҷойгир буд, ба амалиёт оғоз карданд. Фоҷеа рӯзи 13 март дар ҳоле рух дод, ки кӯдакон дар синфхонаҳо буданд ва ҳоло эҳтимоли хисороти ҷонӣ дар байни онҳо боиси нигаронӣ шудааст. То ин соат дар бораи хисороти ҷонӣ хабаре дастрас нест. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки наҷотдиҳандагон 7 кӯдакро аз зери оворҳо берун оварданд. Бар пояи хабарҳо, дар ин бинои сеошёна якчанд хонаи зист низ мавҷуд буд. Читать дальше...

Рӯзи баробарии маош дар Берлин. Занҳо дар нақлиёт тахфиф мегиранд

Ozodi.org 

Ширкати нақлиётии Берлин BVG хабар дод, ки барои як рӯз "чиптаи махсус"-и занонро ҷорӣ мекунд, ки тахфиф дорад. Ин иқдом ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ ба нобаробарии маоши занон ва мардони Олмон пиёда мешавад, ки ин фарқият он ҳудудан 21 дар садро дар бар мегирад. Маҳз бо ҳамин тахфиф занҳо рӯзи 18 март метавонанд чиптаи ширкати нақлиёти Берлинро дарёфт кунанд. Занҳо барои харидории билет ба ҷойи 7 еврои маъмулӣ 5,5 евро сарф хоҳанд кард. BVG мегӯяд, ки ҳамҷинсгароҳо низ метавонанд аз ин тахфиф истифода кунанд. Читать дальше...

"Хуҷанд" ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 роҳ ёфт

Ozodi.org 

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ки бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019-ро дар майдони худ бо тими “Аҳал”, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ пайдо кард. Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Аҳал”, ки имрӯз, 13-уми март, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 20 000 тамошогар доир гардид, бидуни гол ба поён расид. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 13-уми марти соли 2019

Ozodi.org 

Эътирофи “ҷосуси ҷавони тоҷик” дар Олмон, Вайрон кардани гунбаду ҳилоли масҷиди Норак, Қатъи эълоннашудаи неруи барқ дар Тоҷикистон, Бозгашти “Тоҷикэйр” ба осмон ва аввал ба Русия, Латукуби зани тоҷик дар Русия ва амри ихроҷи ӯ, Талаби молиёт аз Гугл дар Тоҷикистон.



Афсари марзбонӣ барои ҳалокати ду сокини Бадахшон 7 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ Илҳом Ёқубов, як афсари Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки дар пайи садама бо ширкати ӯ ду сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷон бохтанд, барои ҳафт сол равонаи зиндон кард.

"Рақсу тарона дорем, аммо китоб надорем." ВИДЕО

Ozodi.org 

Бибизаҳро баъзан барои набераҳояш афсона мехонад. Гоҳе Ҳингилдевро ба ёд меорад, гоҳе бузаки ҷингилапо ва кали зиракро. Ин сокини вилояти Суғд мегӯяд, дар кӯлбори хотирааш бештар аз ин афсона надорад ва бисёр вақт набераҳояш ё рӯ ба телефон меоранд ё ба телевизион.

Кадом шеъру достонҳои замони кӯдакӣ дар ёдатон мондааст?

Ozodi.org 

Баъзе аз адибони тоҷик мегӯянд, тайи солҳои охир достону ҳикояҳои ҷолиб ва дархӯри замон барои кӯдакон офарида нашуд. Ва агар вазъ ба ҳамин минвол идома кунад, кӯдакон адабиёт ва қаҳрамонҳои худиро аз ёд мебаранд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки кадом шеъру достонҳои замони кӯдакӣ дар ёдашон мондааст?

ИМА ҳукми Насрин Сутударо "бо шадидтарин лаҳн" маҳкум кард

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки ҳукми нави фаъоли ҳуқуқи башар Насрин Сутударо "бо шадидтарин лаҳн" маҳкум мекунад. "Мо аз шунидани хабаре, ки режими Эрон Сутударо ба 38 соли зиндон ва 148 шаллоқ маҳкум кардааст, хашмгин шудем",- гуфт сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Роберт Паладино рӯзи 12 март ва афзуд, ки "ин ҳукм фаротар аз ваҳшигарӣ аст". Ризо Хандон, ҳамсари Сутуда мегӯяд, бар иловаи ҳукми панҷ соле, ки ҳамсараш феълан сипарӣ мекунад, ӯ боз ба 10- соли зиндон маҳкум шуд. Хандон ба хабаргузории AFP гуфт... Читать дальше...

Қазоқистон барои оилаҳои камбизоат ва серфарзанд хона месозад

Ozodi.org 

Муовини сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов рӯзи 12 март дар ҷаласаи ҳукумат хабар дод, ки тасмим доранд, барои бунёди манзилҳои иҷораи хонаводаҳои камбизоати серфарзанд ва додани қарзҳои боимтиёз ба онҳо 100 миллиард танга ($263,8 миллион) ҷудо кунанд. Смаилов ба аъзои ҳукумат тарҳи будҷаи давлатӣ барои соли 2019-ро муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар он барои иҷрои ваъдаҳои президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар анҷумани ахири ҳизби ҳокими "Нур Отан",  моҳи феврал 444,3 миллиард танга пешбинӣ шудааст. Читать дальше...

Духтари Гулнора Каримова: "Муҳокимаи модарам дар ошхона гузашт"

Ozodi.org 

Нашрияи бритониёии The Guardian рӯзи 12-уми март суҳбати худро бо Имон Каримова, набераи президенти нахустини Узбекистон ва духтари Гулнора Каримова нашр кард, ки баъзе аз ҷузъиёти зиндагии модарашро ошкор намудааст.

Порлумони Бритониё тарҳи созишномаи бурунрафт аз ИА-ро рад кард

Ozodi.org 

Порлумони Бритониё дар робита ба созишномаи бурунрафти ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) бори дигар раъйгирӣ баргузор кард. Тарҳи созишномаи сарвазир Тереза Мэй бо 242 раъйи ҷонибдор ва 391 раъйи муқобил дубора рад шуд. Вакилони порлумони Бритониё  рӯзи 13 март бояд тасмим бигиранд, ки ин кишвар ИА-ро бидуни созишнома тарк кунад, ё не. Бештари вакилон ба ин шеваи бурунрафт аз ИА мухолифанд. Агар онҳо хуруҷи бидуни созишномаро рад кунанд, бурунрафти Бритониё аз иттиҳодро бояд ба  таъхир гузоранд. Читать дальше...

Палатаи намояндагони ИМА қонуни зидди Кремл ва Путинро қабул кард

Ozodi.org 

Палатаи намояндагони ИМА рӯзи сешанбе бастаи қонунҳоеро қабул кард, ки бар зидди сиёсатҳои хушунатангези Кремл равона шуда, таҳқиқи фасодкории марбут ба фаъолиятҳои президенти Русия Владимир Путинро талаб мекунанд. Яке аз ин қонунҳо "Санади Кремлин" аст, ки ба ҳадди ақал расонидани дахолати Русия ва маҳдуд кардани шабакаҳои иктишофии он кишвар равона шудааст. Санади мазкур аз роҳбари иктишофи миллии ИМА Дэн Коут талаб мекунад, ки дар давоми 90 рӯз "тасмимҳои сиёсии роҳбарияти Русия" ва хатарҳои... Читать дальше...

Дипломати пешини Узбекистон ба ҷосусӣ айбдор шуд

Ozodi.org 

Як мансабдори дар гузашта баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар хиёнат ба давлат айбдор мешавад. Қодирҷон Юсупови 67-сола, ки солҳои тӯлонӣ аз бемории равонӣ ранҷ мебарад, 3 декабри соли 2018 талош кард, худро зери чархи қатор партояд. Ӯ аз ин худкушӣ ҷон ба саломат бурд, аммо захмӣ ва бистарӣ шуд. Юспов дар бистари беморӣ дар ҳолати бехудӣ гуфтааст, ки "ҷосуси ғарбӣ" аст. Мақомоти қудратӣ дар асоси ин "изҳорот" алайҳи ӯ парванда боз карданд. Мақомот Юсуповро 9 декабри соли 2018 аз бемористон ба боздоштгоҳ бурданд. Читать дальше...

Сафири нави Эрон ба Душанбе омад

Ozodi.org 

Cафири тозатаъйини Эрон дар Тоҷикистон, ба Душанбе омад. Хабаргузории нимарасмии "Форс" рӯзи 13-уми март хабар дод, ки Муҳаммадтақӣ Собирӣ суҳби имрӯз аз тариқи парвози Истанбул вориди Душанбе шуд. Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадтақӣ Собирӣ, фардо 14-уми март бо Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуда ва эътимодномаи худро ба ӯ месупорад. "Форс" мегӯяд, Муҳаммадтақӣ Собирӣ рӯзи ҷумъаи 15-уми март тайи як маросими расмӣ ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот... Читать дальше...

Новости России
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге об инвестировании в отечественные цифровые технологии


Универсиадаи ҷаҳонии зимистона бо пирӯзии Русия ба поён расид

Ozodi.org 

Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистона, ки аз 2-юм то 12-уми март дар шаҳри Красноярск баргузор шуд, аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо бо пирӯзии мунтахаби Русия ба поён расид. Мизбонон 112 медал, аз он ҷумла 41 медали тилло ба даст оварданд. Маросими пӯшидашавии ин мусобиқоти бузурги варзишии донишҷӯёни олам рӯзи 12-уми март дар маҷмааи варзишию фарҳангии «Платинум-Арена» доир гардид. Дар ин маросим сарвазири Русия Дмитрий Медведев ҳамаи ғолибони Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистонаро табрик гуфта, иброз дошт... Читать дальше...

Намоишномаи "Сангсор" дар Ҷузҷон ҷанҷолбарангез шуд

Ozodi.org 

Сюжети як намоишномаи театрӣ, ки аз сӯи як ниҳоди шаҳрвандӣ ба муносибати 8-уми март -- Рӯзи ҷаҳонии зан дар шаҳри Шибиргон -- маркази вилояти Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон иҷро шуд, аз сӯи шуморе аз тамошобинон мавриди интиқод қарор гирифт.

"Истиқлол" дар Тошканд "Оқтеппа"-ро 4:0 шикаст дод

Ozodi.org 

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии санҷишӣ тими «Оқтеппа»-и Тошкандро, ки дар Про-лигаи футболи Узбекистон иштирок мекунад, бо ҳисоби бузурги 4:0 мағлуб кард. Ин бозии аввали санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи “Истиқлол”, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷараён дорад, рӯзи 12-уми март дар варзишгоҳи “Чиғатай”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд. Дар даҳ дақиқаи нимаи аввали дидор Шаҳром Самиев ва Комрон Турсунов ба дарозаи мизбонон ду гол заданд. Ду голи... Читать дальше...

Аз милиса ба полис -- тағйири фаннӣ ё бунёдӣ?

Ozodi.org 

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои пешгирӣ аз бадрафторӣ нисбати гумонбарон дар оянда қарор аст дар утоқҳои кории ходимони полис дурбинҳои назоратӣ насб шаванд.

Аз милиса ба полис -- тағйири фаннӣ ё бунёдӣ? ВИДЕО

Ozodi.org 

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои пешгирӣ аз бадрафторӣ нисбати гумонбарон дар оянда қарор аст дар утоқҳои кории ходимони полис дурбинҳои назоратӣ насб шаванд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Абсцесс остался позади // Андрей Рублев первым из игроков топ-10 вышел во второй круг






Дело о хищении 500 млн рублей в судах закрыли из-за истечения срока давности

Следователи узнали всё о "Смолинском маньяке": что грозит обвиняемому

Владислава Мурашова назначили главой министерства по содержанию территорий в Подмосковье

Мирзиёев: товарооборот Узбекистана с Россией можно довести до $20 млрд