Бег Сабур дар бораи қарзи андоз, пайвандӣ бо президент ва мушкили бехонаҳо. ВИДЕО
Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, гуфт, гузоришҳои охир дар бораи мушкилот дар кору зиндагиаш “ҳақиқат надорад” ва ӯ мисли қабл вазифаи худро иҷро мекунад. Рӯзи 29-уми март Бег Сабур дар утоқи кориаш дар Хадамоти алоқа буд ва розӣ шуд, ки ба суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ посух диҳад.