4 "портрет"-и тахминии ифротгароён дар тасвири мақомоти тоҷик
Маркази исломшиносӣ, як ниҳоди вобаста ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, чаҳор “портрет” ё чеҳраи эҳтимолии гумонбарон ба ифротгароиро дар кишвар тасвир кардааст.
Маркази исломшиносӣ, як ниҳоди вобаста ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, чаҳор “портрет” ё чеҳраи эҳтимолии гумонбарон ба ифротгароиро дар кишвар тасвир кардааст.
Дар Тоҷикистон солҳои охир мавзӯи гум шудани кӯдакон ва кӯдакрабоӣ ҳарчӣ бештар доғ мешавад. Нашри пайвастаи эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хиёбонҳо, ки аз гум шудани кӯдакон дарак медиҳанд, боис ба нигаронӣ ва ҳароси бархе аз волидон шудааст.
Ҷаласаи шӯрои FIFA, ки дар Майамӣ гузашт, Бразилияро мизбони нави чемпионати ҷаҳон – 2019 дар риштаи футбол миёни ҷавонони то 17-сола таъин кардааст
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар яке аз боғҳои Душанбе санҷиданд, ки оё кӯдакон бо шахсони барояшон бегона бовар мекунанд ва омода ҳастанд, ки бо онҳо бираванд? Вокуниши волидон дар он ҳолат чӣ гуна аст? Натиҷа чӣ шуд? Дар навори видео тамошо кунед.
Ҳукумати Зеландияи Нав то ҳанӯз рӯйхати расмии қурбониёни ҳамла ба ду масҷид дар шаҳри Крайстчерчро нашр накардааст. Аммо тибқи рӯйхате, ки бо ёрии хонаводаи қурбониён тартиб ёфтааст, қурбониёни ҳодиса аз 3 то 77-сола будаанд. Ин феҳрист рӯзи 17-уми март нашр шуд. Бар асоси он, аз 50 қурбонии ҳамлаи ахир дар шаҳри Крайстчерч, 44 нафар мард ва чаҳор нафар зан будаанд. Ду нафари боқимонда дар ин лист шомил нестанд. Ҷасинда Ардерн, нахуствазири Зеландияи Нав гуфтааст, ин рӯйхат расмӣ нест ва баъд... Читать дальше...
Майкл Вайт, афсари пешини нерӯи баҳрии Амрико, дар Эрон ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора вакили мудофеъ Марк Зайд рӯзи 16-уми март ба оҷонси "Ассошиайтед Пресс" хабар додааст. Ӯ афзудааст, Майкл Вайт "ба иҳонат ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ" ва низ "пахши маълумоти шахсӣ дар интернет" гунаҳкор шуд. Аз замони ба қудрат расидани Доналд Трамп ин нахустин шаҳрванди Амрикост, ки дар Эрон боздошт ва зиндонӣ шудааст. Вайти 46-сола сокини иёлати Калифорния буд. Ӯ моҳи... Читать дальше...
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, беш аз 400 зиндониро озод кард. Дар миёни озодшудагон шуморе аз мухолифони Алиев ҳам ҳастанд. Фармони афви ин афрод рӯзи 16-уми март имзо шуд. Дар Озарбойҷон расм аст, ки ҳар сол ба пешвози Наврӯз раиси ҷумҳур шуморе аз зиндониҳоро аз банд раҳо кунад. Аммо озодии зиндониёни сиёсӣ ба муносибати Наврӯз дар ин кишвар пешбинӣ нашудааст. Илҳом Алиев қудрат дар Озарбойҷонро соли 2003, баъди марги падараш Ҳайдар Алиев, ки солҳо раҳбари ин кишвар буд, ба даст гирифт.
Варзишкори амрикоӣ Тони Фергюсон ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов навиштааст: "Ба наздикӣ вомехӯрем, ниндзя".
Интизор меравад, Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, ба мардуми кишвараш муроҷиати телевизионӣ кунад. Ҳукумати Сербистон гуфт, ин суханронӣ нимирӯзи 17-уми март сурат хоҳад гирифт. Шоми 16-уми март дар Белград, маркази Сербистон ва, инчунин, шаҳрҳои Ниш ва Нови Сади ин кишвар бо талаби истеъфои президент Вучич ва эълони интихоботи нав гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Эътирозгарон муваққатан бинои телевизиони давлатии RTS-ро ишғол карданд, аммо бо гузашти чанд вақт пулис тавонист онҳоро аз бино берун кунад. Читать дальше...
Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар зинаи 15-уми Топ-100 варзишкори маъруфи ҷаҳон қарор гирифтааст
Манобеи расмӣ дар Исфара гуфтанд, нерӯҳои марзбонии Қирғизистон иҷоза надодаанд, ки имдодгарони Салиби Сурх ба ҷамоати Ворух рафта, ба мардуми осебдида дору дастрас кунанд.
Хоҷазода Беҳрӯз дар сабқати Ekaterinburg Grand Slam 2019 оид ба ҷудо барои ҷои сеюм бо варзишкори бразилӣ Эдуардо Барбоса рақобат кард
Манобеи расмӣ дар Исфара гуфтанд, нерӯҳои марзбонии Қирғизистон шаби гузашта иҷоза надодаанд, ки имдодгарони Салиби Сурх ба ҷамоати Ворух рафта, ба мардуми осебдидаи он кумаки тиббӣ расонанд. Як ҳамсуҳбати мо дар ниҳодҳои расмии Исфара рӯзи 17-уми март бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло онҳо дар Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ҳастанд. Дар мошин дору ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ доранд". Инчунин, Мавзуна Шамсиддинзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, натавонистааст рӯзи шанбе ба Ворух рафта... Читать дальше...
Нӯҳ созмон ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ талаб кардааст, ки қарори боло бурдани нархи Интернет ва гуфтугӯ тариқи НҶН-ро бекор кунад.
Хонандагони дарси забони cуғдӣ аксаран таърихнигорону забоншиносони тоҷик ҳастанд, ки барои анҷоми пажӯҳишҳо ба донистани он зарурат доранд. Аммо дар ин миён донишҷӯён ва ҳатто як наврасе ҳам ҳаст, ки аз рӯйи таваҷҷӯҳ ба забонҳои ба истилоҳ мурда, талоши аз худ кардани забони Суғдиро дорад.
Хонандагони дарси забони cуғдӣ аксаран таърихнигорону забоншиносони тоҷик ҳастанд, ки барои анҷоми пажӯҳишҳо ба донистани он зарурат доранд. Аммо дар ин миён донишҷӯён ва ҳатто як наврасе ҳам ҳаст, ки аз рӯйи таваҷҷӯҳ ба забонҳои ба истилоҳ мурда, талоши аз худ кардани забони Суғдиро дорад.