Шикоят аз "шиканҷаву бадрафторӣ" дар яке аз зиндонҳои Душанбе
Таҳқиқи шикояти маҳбусони зиндони 4-и Душанбе дар мавриди “шиканҷа ва ситондани маблағ аз маҳкумшудаҳо” оғоз шудааст.
Таҳқиқи шикояти маҳбусони зиндони 4-и Душанбе дар мавриди “шиканҷа ва ситондани маблағ аз маҳкумшудаҳо” оғоз шудааст.
Варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор эълом кард, ки тарки муҳорибаҳои омехта мекунад
Нархи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар як соли гузашта беш аз 400 сомонӣ, муодили чиҳил доллари амрикоӣ, боло рафтааст.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бозии дувумашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "F" бо тими мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.
Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, ситодаш дар Ню Йорк, аз мақомоти Турманистон даъват кард, ки мамнуъияти сафари журналист Султон Очилова ба хориҷи кишварро лағв ва таъқиби рӯзноманигорони мустақилро бас кунанд. Очиловаро рӯзи 11 март ҳангоми сафар ба Гурҷистон дар фурӯдгоҳи Ишқобод манъ карданд. Ба ӯ гуфта шуд, ки барои сафар ба хориҷ ҳақ надорад. Қаблан "Хабарнигорони бидуни марз" низ аз мақомоти Туркманистон даъват карданд, ки ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳанд. Султон Очилова хабарнигори... Читать дальше...
Бонке дар Қазоқистон, ки дар як баҳси бисёрҷониба барои барқарор кардани дороиҳои даҳсолаҳо пеш аздастдодааш мубориза мебарад, бо аризаи наваш дар додгоҳи Амрико собиқ шарики президент Доналд Трампро дар он муттаҳам кардааст, ки бо сармояҳои ин бонк дар Маскав "Бурҷи Трамп"-ро бунёд кардааст.
Дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" аксар гадоҳои маркази Душанберо эҳтиёткор ва аз нуқтаҳои "сердаромад" барои талбандагӣ гурезон кардааст. Дар 3 моҳи аввали соли равон тавассути ин дурбинҳо дар шаҳр беш аз 700 талбандаву оворагард сабт шудаанд.
Бар асоси як қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки аз моҳи апрели имсол ба иҷро хоҳад даромад, сиёҳ кардани шишаи таксӣ ва мусофирбарҳо манъ шудааст.
Русияро ду шаҳраки низомиро ба Тоҷикистон медиҳад «Агар намоз хонӣ, ғусл кунӣ» террорист меноманд Камераҳо талбандаҳо дар Душанберо метарсонанд Манъи таксиҳои сиёҳшиша ба ҳама хуш наомад Либосу шортӣ бо рамзҳои миллии Тоҷикистон дар Амазон
Дар шабакаҳои интернетӣ навори садама дар пойтахти Қазоқоситон - Нурсултон паҳн шудааст, ки дар пайи он ду нафар кушта шуда, 30 тан маҷрӯҳ шуданд
Бар асоси як қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки аз моҳи апрели имсол ба иҷро медарояд, сиёҳ кардани шишаи "таксӣ" ва мусофирбарҳо манъ шудааст. Вокуниши баъзе аз ронандагони таксиро дар навори видео тамошо кунед.
Дар Афғонистон, ки нисфи аҳолиаш наврасони то 15-сола ҳастанд, ҷанги 17-сола бештар аз ҳама ба кӯдакон осеб расонидааст. Забеуллоҳ Муҷоҳиди 12-сола ҳар рӯз кафш пок мекунад, то барои худу хонаводааш қути лоямуте ба даст биёрад. Ӯ яке аз кӯдакони бешумор ва ятимест, ки бояд аз субҳ то шом барои таъмини хонавода кор кунад.
Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми бози ҷаҳонӣ оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, ки рӯзҳои 23-25-уми март дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон баргузор шуд, 3 медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ) гирифтанд.
Ҳайъати мунсифа дар додгоҳи Горӣ чӯпони маҳаллиро дар куштори як ҷуфти амрикоиву гурҷӣ ва писари чорсолаи онҳо, ки соли гузашта ин кишвари Қафқози Ҷанубиро такон дода буд, гунаҳкор эътироф кард. Ҳукми Малхаз Кобаури, ки моҳи июли соли 2018 ҳангоми боздошт 19 сола буд, рӯзи чоршанбе дар додгоҳи Горӣ бо ҷурми таҷовуз ва куштори Лаура Смити 43-сола, Рийан Смити 44-сола ва писари чорсолаи онҳо Калеб эълон мешавад. Ӯ дар ростои ҳабси якумрӣ қарор дорад. Смитҳо амрикоӣ буданд, аммо шаҳрвандии Гурҷистонро доштанд. Читать дальше...
Дар шаҳри Торонтои Канада беш аз 200 тоҷику тоҷикистонӣ ҷашни муштараки Наврӯзро таҷлил карданд. Базми наврӯзӣ бо ширкати тоҷикистониҳои муқими Торонто ва ҳамчунин ҷамъияти самарқандиҳо баргузор шуд. Ҷашне, ки рӯзи 24 март дар тарабхонаи "Националь" баргузор гардид, аз барномаи калони консертӣ ва ҳам дастурхони идона иборат буд. Ин тарабхона марбут ба як шаҳрванди собиқи Тоҷикистон – Валерий Баротов аз шаҳри Хуҷанд аст, ки беш аз ду даҳсола пеш муқими Канада шуда тиҷорати худро ба роҳ монд. ... Читать дальше...
Вазорати дифои Амрико барои бунёди бахше аз девор ба дарозои 91 километр дар марз бо Мексика 1 миллиард доллар ҷудо кард. Дар ин бора Патрик Шанаҳин, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Пентагон рӯзи 25-уми март хабар дод. Қаблан Конгресс тахсиси 6 миллиард доллар барои бунёди девори марзиро, ки президент Доналд Трамп дар чаҳорчӯби мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир дархост карда буд, рад намуд. Моҳи феврал Трамп гуфт, барои ба даст овардани маблағи боқимонда аз буҷа вазъи изтирориро эълон мекунад. Читать дальше...
Дар Афғонистон, ки нисфи аҳолиаш наврасони то 15-сола ҳастанд, ҷанги 17-сола бештар аз ҳама ба кӯдакон осеб расонидааст.
Дар бозии финалӣ миёни тими Истаравшан ва ССКА "Помир", пирӯзӣ насиби дастаи дуюм гардид
Дар шаҳри Бохӣар ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Нусрат Файзуллоев мусобиқаи муҳташами гӯштини миллӣ барпо гардид
Бозигари ирландӣ Конор Макгрегор эълон кард, ки аз муҳорибаи бидуни қоида хориҷ мешавад. "Тасмим гирифтам ин варзишро, ки бо номи муҳорибаи бидуни қоида маълум аст, канор гузорам", - навишт ӯ дар Твиттер ва ба ҳамкорони собиқаш дар муҳорибаҳои оянда комёбӣ орзу кард. Бори аввал нест. ки Макгрегор чунин изҳорот медиҳад. Моҳи апрели соли 2016 ӯ навишта буд, ки "мехоҳам ба варзиш хотима диҳам ва онро ба ҷавонон вогузорам". Макгрегори 30-сола 25 набарди бидуни қоида баргузор кардааст. Ин варзишгари... Читать дальше...
Дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" аксар гадоҳои маркази Душанберо эҳтиёткор ва аз нуқтаҳои "сердаромад" барои талбандагӣ гурезон кардааст.
Вазорати дифои Русия тарҳи созишномаеро омода кардааст, ки мувофиқи он бинову иншооти пойгоҳи 201-ум дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ба ҷониби Тоҷикистон супурда мешавад.
Президенти ИМА Доналд Трамп эъломияеро имзо кард, ки ба Исроил тааллуқ доштани минтақаи баҳсии баландиҳои Ҷулонро эътироф мекунад. Эъломия рӯзи гузашта дар Кохи сафед дар ҳузури сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу имзо шуд. "Баландиҳои Ҷулон бояд даҳсолаҳо пеш қаламрави Исроил эътироф мешуд", – гуфт президенти ИМА. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, эътирофи баландиҳои Ҷулон ҳамчун ҳудуди Исроил метавонад ба афзоиши ташаннуҷ дар Ховари Миёна сабаб шавад. Баландиҳои Ҷулон то соли 1967 ба Сурия тааллуқ дошт. Читать дальше...
Мақомоти Русия ва Туркия имкони ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид (виза)-ро баррасӣ доранд, ки ба шаҳрвандони ду кишвар иҷозат медиҳад, бо шиносномаҳои дохилӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд. Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, қарор аст, дар ин замина бо ҳамтои русаш Сергей Лавров 28 март дар шаҳри Анталия гуфтугӯ кунад. "Русия дар пайи гуфтугӯҳо тасмим гирифт, ки раводидро барои соҳибони шиносномаҳои махсус, соҳибкорон ва ронандагони мошинҳои боркаши Туркия бекор кунад. Вале... Читать дальше...
Дар Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе тасдиқ карданд, ки охирҳои моҳи феврал се низомии рус дар натиҷаи "ҳамлаи террористҳо" ҷон бохта, ҷасади онҳо ба ватан интиқол ёфт. Вазорат мегӯяд, аз замони дарёфти хабари бедаракшавии се низомияш корҳои ҷустуҷӯии бидуни танаффус идома доштанд. "Дертар дар доираи амалиёти махсус гуруҳи иборат беш аз 30 ҷангӣ маҳв карда шуд, ки дар ҳамла ба низомиёни рус даст доштанд", - афзудааст ин ниҳод. Русия амалиёти низомӣ дар Сурияро тирамоҳи соли 2015 оғоз кард. Президент... Читать дальше...