Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2019

Новости за 12.04.2019

Боздошти ду блогнависи тошкандӣ бо гумони "авбошӣ дар Идораи мусалмонон"

Ozodi.org 

Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон ду блогнависи тошкандиро дар вайронсозии тартиботи ҷамъиятӣ айбдор мекунад. Рустам Карим, яке аз блогнависони боздоштшуда рӯзи 8 апрел дар саҳифаи Facebook ду муроҷиат нашр кард. Яке аз он ду муроҷиат дар дохили бинои Идораи маънавии мусалмонон ва дувумӣ дар кӯча сабт шуда буд. Рустам Карим дар муроҷиаташ гуфт, ки ҳамроҳи дӯсташ бо муовини раиси Идораи маънавии мусалмонон шайх Абдулазиз Мансур мулоқот ва мавқеашонро "нисбати манъи ҳиҷобпӯшии занон ва додани иҷозатномаи маҳсулоти ҳалол" баён мекунанд. Читать дальше...

Интихоботи президентии Қазоқистон беш аз $30 млн харҷ хоҳад дошт

Ozodi.org 

Муовини вазири молияи Қазоқистон Берик Шолпанқулов 11 апрел дар ҷаласаи сенат гуфт, Комисияи марказии интихоботӣ (КМИ) барои гузаронидани интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар ин кишвар 12 миллиард танга (беш аз $30 млн) талаб дорад. "КМИ имрӯз барои гузаронидани интихобот 12 миллиард танга талаб кард. Мо ҳоло меомӯзем, ки то куҷо ин дархост асос дорад ва аз натиҷааш хабар хоҳем дод. Эҳтимол аст, рақамҳо коҳиш ёбанд", - гуфт ӯ. Ба гуфтаи Шолпанқулов, 70%-и маблағи мазкур ба маоши афроде сарф хоҳад шуд... Читать дальше...

Ҷопон ва Ветнам - рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) бар асоси қуръакашӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои мунтахаби Ҷопон ва Ветнам рақобат хоҳад кард. Қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2019 рӯзи панҷшанбеи 11-уми апрел дар қароргоҳи Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) дар пойтахти Малайзия - шаҳри Куала-Лумпур, баргузор шуд. Дар ҷараёни қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ (А, В. С ва D) таъсис ёфт. Ҳар як гурӯҳ аз се даста иборат аст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба плей-офф роҳ пайдо мекунанд. Читать дальше...

Пулиси Украина поксозии видеои зидди Зеленскийро талаб кард

Ozodi.org 

Пулиси Украина дар робита ба паҳни видеое, ки нишон медиҳад, як мошини боркаш номзад ба мақоми президентии ин кишвар Владимир Зеленскийро пахш мекунад, парванда боз кард. Дар ин бора телевизиони "Настоящее время" бо истинод ба Пулиси миллии Украина хабар медиҳад. Парванда бо банди таҳдид ё хушунат нисбат ба корманди давлат ва ё ходими ҷамъиятӣ боз шудааст. Дар ин видео Владимир Зеленский пеш аз анбуҳи одамон роҳ рафта, гӯё ӯро як мошини боркаш пахш мекунад. Пулиси Украина дархостеро ба унвони... Читать дальше...

Дар Қирғизистон духтари 15-сола аз падараш таваллуд кард

Ozodi.org 

Дар таваллудхонаи шаҳри Ӯши Қирғизистон як духтари 15-сола, ки аз падараш ҳомила шуда буд, кӯдак ба дунё овард. Дар ин бора раҳбари маркази буҳрони "Оқ журок" Дарика Асилбекова хабар дод. "Дардҳои зоймони ӯ пеш аз муҳлат оғоз шуданд ва бинобар ин маҷбур шудем, ки кӯдакро ба воситаи ҷарроҳӣ бигирем. Модар аз кӯдак даст кашида, ӯро дар таваллудхона гузошт. Наздиконаш ҳам вайро ҷонибдорӣ карданд. Духтар ноболиғ аст ва мо ӯро дубора ба марказ мебарем", - афзуд Асилбекова. Модари духтар соли 2013 аз беморие фавтидааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Анна Курникова

Курникова показала трогательные фото Энрике Иглесиаса






Воздушные акробаты из Хакасии завоевали награды всероссийских соревнований

Багреева: прибыль прибыльных предприятий столицы составила 2,6 трлн рублей

Собянин: 40 процентов отечественных патентов принадлежат московским предприятиям

Показательные выступления служебных собак состоятся в кинологическом парке на Кольской улице