Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 16.02.2020

Кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд, "сабз" бошанд

Ozodi.org 

Қазоқистон ва Узбекистон - ду кишвари ғанӣ аз захираҳои табиии Осиёи Марказӣ мегӯянд, барномаҳо барои гузариш ба энержии сабз ё нирӯи барқароршаванда татбиқ мекунанд. Ҳарду кишвар нерӯгоҳҳои барқи бухорӣ, ки бо истифода аз маводи нафтӣ ва олудакунандаи ҳаво кор мекунанд, зиёд доранд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, Доналд Трамп "хато мекунад"

Ozodi.org 

Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, агар Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бовар дорад, ки ҳукумати Эрон зери фишори афзояндаи иқтисодӣ аз ҳам мепошад, пас тавсияҳои нодуруст мегирад. Ӯ рӯзи 15-уми феврал дар конфронси амниятии Мюнхен дар Олмон гуфт: “Раиси ҷумҳур Трампро мутмаин кардаанд, ки мо ба зудӣ аз ҳам мепошем ва барои ҳамин ӯ бо режими дар ҳоли фурӯ рехтан гуфтугӯ намекунад. Фикр мекунам, нодуруст мегӯяд. Онҳо мегӯянд, ки дар пайи тағйири режим нестанд, вале дар асл ҳаминро мехоҳанд ва дар 41 соли гузашта хостаанд. Читать дальше...

Нӯҳ нашъаманди бехонаро дар шаҳри Кобул куштаанд

Ozodi.org 

Афроди мусаллаҳ дар шаҳри Кобул 9 мӯътоди маводи мухаддири бехонаро бо зарби тири туфанг куштаанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҳодиса шоми 15-уми феврал рух додааст. Фаромарзи Таманно сухангӯи пулис гуфт, яке аз мӯътодонро захмӣ пайдо карда ва ба шифохона бурдаанд. Сабабҳои қатли нашъамандон маълум нест. Пулис ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ кардааст. Истеъмоли маводи мухаддир дар Афғонистони ҷангзада, ки бузургтарин тавлидкунандаи ҳероин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, рӯ ба афзоиш овардаст.  Як таҳқиқи саросарӣ нишон додааст... Читать дальше...

Вазири амрикоӣ, созиш бо Толибонро "умедворкунанда" номид

Ozodi.org 

Марк Эспер, вазири дифои Амрико гуфт, созиши кишвараш ва Толибон барои коҳиши якҳафтаинаи хушунат дар Афғонистон “бисёр умедворкунанда” ба назар мерасад, аммо аз хатар орӣ нест.” Ӯ рӯзи 15-уми феврал дар конфронси амниятии Мюнхен дар Олмон гуфт, фурсати он расидааст, ки барои хотимаи ҷанги тақрибан 19-сола аз роҳи ҳалли сиёсӣ “ба сулҳ имкон бидиҳем.” Айни замон ӯ афзуд: “Яъне бояд хатарҳоеро ҳам пазируфт.” Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми феврал гуфт, созиш шарту шароит дорад ва зоҳиран ҳафтаҳои наздик ниҳоӣ мешавад. Читать дальше...

Муҳоҷирон бо пулиси Босния ҷанҷолу кашмакаш карданд

Ozodi.org 

Садҳо муҳоҷир бо талош барои тарки як урдӯгоҳи паноҳандагон дар Босния ва Ҳерсеговина бо маъмурони пулис даст ба гиребон шудаанд. Онҳо айни замон аз шароити бади урдӯгоҳ ва бадрафтории посбонҳои марзи Хорватия эътироз доштаанд. Ҳоло маълум нест, касе маҷруҳ шудааст, ё на. Ҷанҷолу кашмакаш рӯзи 15-уми феврал дар урдӯгоҳи Мирал дар ғарби Босния ва дар 10 километрии марзи Хорватия рух дод. Дар урдӯгоҳ, ки барои 300 нафар ҷой дорад, 1000 муҳоҷирро нигаҳ медоштаанд. Хабаргузории “Рейтерс” гузориш дод... Читать дальше...

Cтолтенберг пешниҳоди Эммануел Макронро рад кард

Ozodi.org 

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, пешниҳоди Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронсаро рад кард, ки хост, аслиҳаи атомии Фаронса ба маҳаки стротегияи мудофиаи Аврупо табдил дода шавад. Ӯ гуфт, чатри муҳофизатии муассири Амрико Бритониё, ки барои Аврупо то ҳол буд, кофист.   Йенс Столтенберг рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Мюнхени Олмон ба хабарнигорон гуфт, чатри муҳофизатии ҳастаие, ки то ҳол 28 кишвари Иттиҳодияи Аврупо доранд, “Озмоишу имтиҳон карда шудааст ва кафолати ниҳоии амнияти Аврупо аст.” Айни замон ӯ Фаронсаро... Читать дальше...



Шумораи пайравони Инстаграми Радиои Озодӣ ба ним миллион нафар расид

Ozodi.org 

Рӯзи 16 феврали соли 2020 шумораи пайравони сафҳаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм ба 500 000 нафар расид. Ин дар ҳолест, ки ҳар ҳафта зиёда аз 8000 нафар ин сафҳаро меписанданд ва ба хонандаи доимии он табдил меёбанд.

Танқиду таърифи иҷозаи заршӯӣ ва истихроҷи лаъл дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Сарфи назар аз қарори нави ҳукумат, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза медиҳад,  ба истихроҷи тиллову нуқра ва филизоти қимматбаҳо машғул шаванд, истихроҷу фуруши ғайриқонунии ин ҳама идома дорад.

Вокуниши як мақоми марзбонии Қирғизистон ба изҳороти генерали тоҷик

Ozodi.org 

Як мақоми баландпояи нирӯҳои марзбонии Қирғизистон ба суханони генерал Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар бораи мақоми Бодканд вокуниш кард.  Абдукарим Олимбоев,  сардори ситод ва муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон, рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, "Бодканд ҳеч гоҳ аз тоҷикон набуд ва нахоҳад шуд. Бодканд аз аввал замини қирғизҳо буд ва аз қадим боз мардуми қирғиз дар онҷо зиндагӣ мекунанд".  Вилояти Бодканд бо ноҳияи Исфара... Читать дальше...

"Гурӯҳи 24" пуштибониашро аз ҲСДТ ва номзадҳои он эълон кард

Ozodi.org 

Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа пуштибонии худро аз Ҳизби сотсиал-демократ ва номзадҳои он дар интихоботи порлумонии моҳи март эълон кард. "Гурӯҳи 24" рӯзи 10-уми феврал бо нашри баёнияе аз аъзову намояндаҳо ва ҳаводоронаш хост, ки нисбат ба интихобот ва номзадҳои ҲСДТ бетараф набошанд. "Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ягона ҳизби мустақили сабтиномшуда дар Тоҷикистон ва шоистаи пуштибонӣ дар интихобот аст", -- гуфта шудааст дар баёния.  Фаъолияти "Гурӯҳи 24" шаш сол боз дар Тоҷикистон мамнуъст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Глава ATP вручил Яннику Синнеру награду первой ракетки мира






В МФЦ Лобни организован пункт обмена книгами

Эксперты ставропольского вуза разъяснили, как новые санкции повлияли на российский валютный рынок

Судебные приставы заставили саратовчанку погасить крупный штраф за каршеринг

Тернистый путь в плей-офф: Молдавский уступил Васселлу, а Гольцов и Попов одержали победы на PFL 4