Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 24.02.2020

Манобеъ: Тоҷикистону Қирғизистон ба табодули 23 гектар қитъаи баҳсӣ розӣ шуданд. Мақомот чизе намегӯянд

Ozodi.org 

Ба камияш ду манбаи наздик ба ҳайати Тоҷикистон дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷонибҳо "барои ташхис ва табодули 23 гектар қитъаи баҳсӣ" розӣ шудаанд.

Ҷоизаи "Қанди порсӣ" ба хабарнигор Дориюши Раҷабиён тақдим шуд

Ozodi.org 

Дориюши Раҷабиён хабарнигори шинохтаи тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” шудааст. Ҷоизаро рӯзи 21-уми феврал дар Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар шаҳри Лондон, дар Ҳамоиши байналмилалии порсизабонон ба Дориюши Раҷабиён супурданд. Конуни ҳамёрии порсизабонон аз баргузоркунандагони ҳамоиш ҷоизаро барои таъсиси гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук ва маҷаллаи “Забони порсӣ” дар Тоҷикистон ба хабарнигори тоҷик сазовор донистааст. Дар гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук, ки бештар аз 12 ҳазор узв дорад ва 9 сол пеш таъсис ёфтааст... Читать дальше...



"МедиаМаркер" -- Тарҳи нави рӯзноманигорони тоҷик дар Аврупо

Ozodi.org 

Кунгураи аврупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик, қароргоҳаш дар Варшава, торнамо ё вебсайти нави худро бо номи "МедиаМаркер" ва бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ кард. Масъулони тарҳ рӯзи 24-уми феврал бо нашри баёнияи расмӣ гуфтанд, ки ҳадафи онҳо "таъмини озодии баён, постдошти арзишҳои демократӣ, тавлиди ахбори боэътимод, ошкор кардани ахбори дурӯғ ва беарзишсозии пропаганда дар зеҳни корбарон, ҳамчунин тадриҷан зудудани сонсур (сензура) ва худсонсурӣ аз муҳити расонаии Тоҷикистон" аст. Тарҳ ба корбарон ҳам имкон медиҳад... Читать дальше...

Мақомоти Узбекистон тасмим надоранд, синни нафақаро боло баранд

Ozodi.org 

Ҷамшед Кучкаров, вазири молияи Узбекистон хабарҳо дар бораи боло бурдани синни нафақаро дар ин кишвар шарҳ дод. Вай гуфт, боло бурдани синни нафақа дар ҳоли ҳозир дар баррасӣ нест. Пештар аз ин расонаи Daryo.uz бо такя ба як манбааш дар ҳукумати Узбекистон навишт, ки синни нафақа барои мардон то 62 ва занон то 58 боло бурда хоҳад шуд. Медет Тлеуов, муовини мудири Бунёди нафақаи Узбекистон гуфт, дар ин кишвар 15 миллион аҳолии қобили меҳнат мавҷуд аст, ки аз ин шумор ҳамагӣ 5 миллион кас андоз месупорад. Читать дальше...

Трамп омодааст, созишномаи сулҳро бо Толибон имзо кунад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи якшанбеи 23-юми феврал гуфт, агар оташбаси ибтидоӣ дар Афғонистон иҷро шавад, омодааст, бо гуруҳи Толибон созишномаи сулҳро имзо кунад. "Ба назари мо, онҳо (Толибон) мехоҳанд созиш кунанд. Мо ин созишро мехоҳем. Фикр мекунам, ҳама чиз иҷро мешавад, мебинем", - изҳор дошт Трамп 23-уми феврал пеш аз сафараш ба Ҳиндустон. Пештар, моҳи равон ҷонибҳо ҳафтаи "низоми коҳиши сатҳи хушунат"-ро эълом карданд, ки аз 22-уми феврал ба иҷро даромад. Оташбаси мазкур бояд барои... Читать дальше...

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Анталия ду дастаро бурданд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии охирини санҷишӣ дар Анталияи Туркия аз тими ҷавонони ССКА-и Маскав бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии панҷуми санҷишии мунтахаби ҷавонони кишвар дар Анталия бо дастаи ҷавонони ССКА-и Маскав рӯзи шанбе, 22-юми феврал, доир гардид. Голи ягонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Исмоилҷон Алимардонов ба самар расонид. Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар Анталия... Читать дальше...

Гурӯҳи вижа худсӯзии як занро дар Узбекистон таҳқиқ мекунад

Ozodi.org 

Додситонии вилояти Қашқадарёи Узбекистон барои омӯзиши қазияи сокини ноҳияи Косон Муқаддас Мустафоева, ки 19 феврал дар эътироз ба тахриби манзили зисташ дар назди бинои додситонӣ худро оташ зад, гуруҳи махсуси корӣ ташкил кард. Ба иттилои хадамоти матбуотии ноҳияи Косони Қашқадарё, гуруҳи кориро додситони калони вилоят Шохрух Ҳақбердиев раҳбарӣ мекунад. "Парвандаи ин ҳодисаро мутахассисони ҳукумати ноҳия, додситонӣ ва шахсони бетарафи мустақил ҳамаҷониба меомӯзанд",-омадааст дар иттилоияи ҳукумати Косон. Читать дальше...

Новости России
Москва

"Возрождение интереса к народному искусству и ремеслам в современном мире"


Пирӯзии "Истиқлол" бар "Шахтёр" дар бозии санҷишӣ дар Анталия

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии санҷишӣ дар доираи  ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия бар тими   «Шахтёр»-и Қарағанда, ки дар Премйер-лигаи Қазоқистон бозӣ мекунад, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Бозии санҷишӣ миёни «Истиқлол» ва «Шахтёр» рӯзи шанбеи 22-юми феврал дар майдони футболи маркази варзишии «Папиллон»-и Белек доир гардид. Голи ягонаро ҳамлагар Искандар Ҷалилов дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 50-ум, ба ҳадаф расонд. Дастаи «Истиқлол» бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко... Читать дальше...

Чаҳор медали гуштигирони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Деҳлӣ

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик, дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ), ки рӯзҳои 18-23-юми феврал дар Деҳлии Ҳиндустон доир гардид, чаҳор медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ҳикматулло Воҳидов дар мусобиқа оид ба гуштии озод дар вазни зери 57 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ бар Бекболод Мирзоназар уулу (Қирғизистон), дар нимфинал бар Сардор Рузимов (Узбекистон) ғолиб омад, вале дар финал аз Кумар Равӣ (Ҳиндустон) шикаст хӯрд ва ҷойи дувумро азони худ кард. Читать дальше...

Эҳтимоли қатъи парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон бинобар коронавирус

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар пайи хуруҷи коронавирус дар Эрон, масъалаи қатъи парвозҳо ба ин кишварро баррасӣ доранд. Феълан аз Душанбе ба ду шаҳри Эрон ҳавопаймоҳо парвоз мекунанд. То имрӯз Тоҷикистон ба хотири пайдоиши вируси нави COVID 19, парвозҳо ба Чинро қатъ кардааст. Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонсии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи қатъи парвозҳо бо Эрон "то мӯътадил гаштани вазъ" дар назар буда, санаи дақиқи он феълан маълум нест. Читать дальше...

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар "Grand Slam Duesseldorf 2020"

Ozodi.org 

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Grand Slam Duesseldorf 2020” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки рӯзҳои 21-23-юми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон доир гардид, ноком шуданд. Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар “Grand Slam Duesseldorf 2020” 659 варзишгар (392 мард ва 267 зан) аз 115 кишвар ширкат дошт. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 10 варзишгар – Муҳаммадаюб Мирзозода (60 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг)... Читать дальше...

Муаррифии барномаи нави муқобила бо силоҳу терроризм дар Осиёи Миёна

Ozodi.org 

СММ барномаи нави мубориза бо терроризм, силоҳ ва ҷинояткориро муаррифӣ кард, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Сармоягузорони аслии ин барнома, ки 21 феврал дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк дар ҳузури сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назди ин созмон муаррифӣ шуд, Арабистони Саудӣ ва Русия мебошанд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ин кишвар барои татбиқи барнома ним миллион доллар маблағ додааст. Арзиши пурраи ин тарҳ феълан маълум нест. Владимир Воронков, раиси дафтари мубориза бо... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Потапова не смогла пробиться во второй круг турнира WTA в Страсбурге






Путин наградил председателя Общественной палаты Ставрополья Орденом дружбы

В Москве возбудили уголовное дело о хулиганстве после драки со стрельбой

Эксперт Деревянкина рассказала, с чем связано подорожание роллов в России

"Турецкого султана" едва не скинули с трона: При чём тут Россия, сказал политолог