Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 21.02.2020

Дигарон ба дебат наомаданд. Ба суолҳо Шокирҷон Ҳакимов ҷавоб дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Барои иштирок дар ин мунозира намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон даъват шуда буданд, вале намояндагони ҲХДТ ва ҲДТ даъватро напазируфтанд.

Даври дувуми дебат бо Шокирҷон Ҳакимов. Намояндаҳои ҲХДТ ва ҲДТ наомаданд

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ нақша дошт, ки рӯзи 19-уми феврал даври дувуми дебат ё мунозираи интихоботиро баргузор кунад. Барои иштирок дар ин мунозира намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон даъват шуда буданд. Намояндагони ҲХДТ ва ҲДТ аввал даъватро пазируфтанд, вале сипас бо сабабҳои барои мо номаълум рад карданд. Дар натиҷа, танҳо муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ба студия ҳозир шуд ва ба суолҳо посух гуфт.

Ҳушдори мақомоти иктишофии ИМА аз дахолати Русия ба интихоботи соли 2020

Ozodi.org 

Мақомоти иктишофии ИМА қонунгузорони амрикоиро ҳушдор доданд, ки Русия бо талоши кӯмак ба президент Доналд Трамп дар интихоботи соли 2020 дахолат мекунад. Нашрияҳои The New York Times, The Washington Post ва  AP ба таври ҷудогона рӯзи 20 феврал гузориш доданд, ки чунин ҳушдор дар ҷараёни як ҷаласаи пӯшидаи мақомоти иттилоотии Амрико рӯзи 13 феврал садо додааст.  Онҳо бо такя ба ду мақоми наздик ба нишаст гузориш дода гуфтанд, ки исмашон бояд фош нашавад.  Нашрияи The Times навишт, ки ин ҷаласа хашми Трампро ба бор овард ва гуфт... Читать дальше...

Интихоботҳои порлумонии Тоҷикистон (2000-2015)

Ozodi.org 

Аз давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кишвар чандин интихоботи порлумонӣ гузаштааст. Дар ҳар яке аз онҳо шумораҳои гуногуни аҳзоб иштирок кардаанд. Талош намудем, дар ин инфографика (доданамо) маълумоти асосии панҷ интихоботи гузаштаи порлумонии Тоҷикистонро гирдоварӣ кунем.

Коронавирус ба кори ошхонаҳои чинӣ дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хуруҷи коронавирус дар Чин ва густариши он нақшаи кори аксар чиниҳоро, ки дар Тоҷикистон тиҷорати худро доранд ё дар ширкатҳои гуногун фаъолият мекунанд, тағйир дод. Ҳамакнун дари баъзе аз ошхонаҳое, ки барои сокинони Душанбе хӯрокҳои чинӣ омода мекарданд, бастаанд ваё шумораи зиёди муштариёнро аз даст додаанд. То як моҳи пеш “Мурғобии пекинӣ” яке аз ғизоҳои сермуштарӣ дар тарабхонаи чинии “Лунг Чен”, воқеъ дар маркази Душанбе, буд. Ин ошхона 10 сол боз дар Тоҷикистон фаъол аст ва ба сокинон ҳудуди 200 навъи ғизои чинӣ пешниҳод мекунад. Читать дальше...



Раисони Суғду Бодканд масоили марзиро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон мулоқот кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии AKIPRESS.COM рӯзи 21-уми феврал хабар дод. Ин мулоқот дар Бодканд баргузор шудааст. Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раиси тозаъйини вилояти Бодканд Алишер Абдураҳмоновро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, хостори тақвияти робитаҳои дӯстона миёни сокинони минтақа ва беҳтар шудани муносибати ду ҷониб шудааст. Манбаъ менависад, ки Алишер Абдураҳмонов... Читать дальше...

Таъсири коронавирус ба кори ошхонаҳои чинӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Хуруҷи коронавирус дар Чин ва густариши он нақшаи кори аксар чиниҳоро, ки дар Тоҷикистон тиҷорати худро доранд ё дар ширкатҳои гуногун фаъолият мекунанд, тағйир дод. Ҳамакнун дари баъзе аз ошхонаҳое, ки барои сокинони Душанбе хӯрокҳои чинӣ омода мекарданд, бастаанд ваё шумораи зиёди муштариёнро аз даст додаанд.

Тошканд ширкатҳои интернетиро водор мекунад, ки маълумоти шаҳрвандонро фош кунанд

Ozodi.org 

Узбекистон эълон кард, ки нақша дорад Facebook, Google ва барномаи ҷустуҷӯгари русии Yandex-ро вазифадор кунад, ки маълумоти хусусии корбарони ин барномаҳои интернетӣ дар қаламрави Узбекистонро ошкор кунанд. Ин қонун монанд ба онест, ки соли 2014 дар Русия  аз ҷониби ширкати мухобиротии давлатӣ анҷом шуд. Ин муассиса аз ширкатҳо тақозо намуд, ки иттилои хусусии шаҳрвандон дар қаламрави Русияро дар ихтиёри онҳо гузоранд. Муовини вазири рушди фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобирот Олимҷон Умаров рӯзи 20 феврал гуфт... Читать дальше...

Дар Украина интиқоли мардум аз Вуҳан боиси эътирози хушунатомез шуд

Ozodi.org 

Интиқоли мусофирон аз шаҳри Вуҳани Чин – макони пайдошавии вируси марговар - ба шаҳри Новие Санжарии Украина боиси бурузи хушунатҳо аз ҳисоби мардуми маҳаллии эътирозгар шуд. Сокинони минтақаи шарқии Полтава ба нишони эътироз аз ин ки мардуми эҳтимолан олуда ба бемориро ба қаламрави онҳо интиқол додаанд,  ба сӯи мардуми овардашуда санг партофтанд ва бо полис вориди даргирӣ шуданд. Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки дар дохили ҳавопаймои аз Вуҳан омада 45 шаҳрванди Украина ва 27 хориҷӣ, аз ҷумла, кормандони тиб ва ҳайати халабонҳо буданд. Читать дальше...

Дар Қазоқистон сарбози фирорӣ боздошт шуд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон сарбозеро боздошт карданд, ки бо 30 адад автомати навъи AK-47 ё “Калашников”, 27 тапончаи навъи “Макаров” ва шумори зиёди муҳимоти дигар фирор карда буд. Вазорати умури дохилии Қазоқистон рӯзи  21 феврал гуфт, ки сержанти 24-сола Абилай Балғинбаев рӯзи 19 феврал қисми ҳарбии худро дар шаҳри ҷанубии Шимкент тарк кард ва ҳамроҳаш силоҳу муҳимотро бурд. Вазорат гуфт, ки фирорӣ аз ҷониби полис ва ходимони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон боздошт шуд. Ҳанӯз маълум нест, ки чаро як сарбози собиқадор даст ба ин кор зад ва ба вижа... Читать дальше...

16 ҳазор гӯсфанд дар Мӯъминобод куҷо шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Чаҳор сол пеш хоҷагӣ ё Кооперативи тиҷоратии "Тебалай" дар ноҳияи Мӯъминобод, беш аз 16 ҳазор гӯсфанд дошт ва ҳоло аз ин шумор, ҳамагӣ 150 сар мондааст. Чӯпонон масъулинро муттаҳам мекунанд, ки гӯсфандонро ба савдо заданд ва пулро аз худ намуданд. Аммо масъулин кам шудани саршумори чорворо ба қарздор будани ин хоҷагӣ рабт медиҳанд. Шарифхон Почоев, собиқ сарчӯпони хоҷагии "Тебалай" мегӯяд, агар яке аз чӯпонҳо камомад мекунад, ӯро маҳкум ба зиндон мекунанд, "аммо раис 17 ҳазор гӯсфандро хӯрдааст", боз ӯро бегуноҳ мегӯянд. Читать дальше...

Президенти Руминия гуфт, яке аз қурбониҳои ҳамла дар Олмон руминӣ буд

Ozodi.org 

Яке аз қурбониҳои куштори ҷамъии Олмон шаҳрвандони Руминия будааст. Дар ин бора перзиденти ин кишвар Клаус Йоҳаннис рӯзи 21 феврал дар саҳифаи худ дар Твиттер хабар дод. Матуботи ин кишвар гуфт, ки нафари кушташуда Виорел Пауни 23-сола, аз деҳаи Гиоргиуи Руминия будааст. Додситони кулли Олмон гуфт, ки дар ҳамлаи шабонгоҳии 19 феврал дар шаҳри Ҳанау нӯҳ хориҷӣ кушта шуд. Ҳамлагари гумонбарро бо номи Тобиас Р. муаррифӣ карданд. Ин мард, ба гуфтаи муфаттишон, баъди куштори ҷамъӣ ба хонааш баргашта аввал... Читать дальше...

16 ҳазор гӯсфанд дар Мӯъминобод куҷо шуданд?

Ozodi.org 

Чаҳор сол пеш хоҷагӣ ё Кооперативи тиҷоратии "Тебалай" дар ноҳияи Мӯъминобод, беш аз 16 ҳазор гӯсфанд дошт ва ҳоло аз ин шумор, ҳамагӣ 150 сар мондааст. Чӯпонон масъулинро муттаҳам мекунанд, ки гӯсфандонро ба савдо заданд ва пулро аз худ намуданд. Аммо масъулин кам шудани саршумори чорворо ба қарздор будани ин хоҷагӣ рабт медиҳанд.

Вокуниши ҲСДТ ба пуштибонии Паймони миллӣ ва "Гурӯҳи 24"

Ozodi.org 

Яке аз раҳбарони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, даъвати созмонҳои мухолифи ҳукумат дар хориҷа барои пуштибонӣ аз ин ҳизб ва номздаҳояш дар интихоботи 1-уми март "ҳеч рабте ба онҳо надорад". Дар даҳ рӯзи ахир "Гурӯҳи 24" ва Паймони миллии Тоҷикистон, ду созмони мухолифи ҳукумат дар хориҷа, ки фаъолияташон дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст, ҳимояти худро аз ҲСДТ ва номзадҳояш дар интихоботи порлумонӣ эълон карданд. Онҳо дар баёнияҳои ҷудогона аз ҷонибдорони худ ва мардум хостанд, ки аз ин ҳизб ҳимоят кунанд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Олимпийский чемпион Роман Костомаров поздравил победителей номинации «Экскурсия без границ» программы «Лига Экскурсоводов»


Охири шаб дар Афғонистон ҳафтаи "хатми хушунатҳо" шурӯъ мешавад

Ozodi.org 

Аз поёни шаби 21 феврал дар Афғонистон ҳафтаи “коҳиши хушунат” шурӯъ мешавад. Ин созишест, ки миёни Толибон, ИМА ва мақомоти амниятии Афғонистон ҳосил шудааст.  Ин тадбир дар асл ҳамчун талош барои эҷоди эътимод дар остонаи имзои созишномаи сулҳи миёни  ИМА ва Толибон арзёбӣ мешавад. Қарор аст дар охири моҳи ҷорӣ музокирони дусолаи ИМА ва Толибон, ки соли 2018 дар Қатар шурӯъ шуда буд, ниҳоӣ шавад. Дар сурати имзо шудани созиши сулҳ, бояд нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун шаванд. Сухангӯи  Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Ҷовид Файсал гуфт... Читать дальше...

Чаро бархе аз сокинон аз интихобот интизории зиёд надоранд?

Ozodi.org 

Бархе аз сокинон дар деҳаҳои вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ба интихоботи порлумонии 1-уми март раванд, ё не. Онҳо мегӯянд, солҳо боз аз надоштани оби поки ошомиданӣ ва бунгоҳи тиббӣ ранҷ мекашанд. Мушкиле, ки вакилони пешина ваъдаи ҳалли онро дода будаанд, аммо тағйироте нашудааст. Бархе аз сокинон дурии роҳро далел пеш меоранд. Чанде аз сокинони дигар гуфтанд, ба ҳар қимате ба интихобот мераванд, то ройи онҳоро касе “аз худ накунад”. Назарҳо ва далелҳои гуногунро дар ин навор бинед.

Дар Эрон парлумони навро интихоб мекунанд

Ozodi.org 

Дар Эрон рӯзи 21 феврал овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад. Ҳар як номзад пеш аз он ки ба интихобот роҳ ёбад, тасдиқи ҳайати муҳофизакорони Шӯрои нигаҳбонро гузашт. Барои 290 курсии маҷлиси Эрон дар маҷмӯъ 7148 номзад мубориза мебарад. Шӯрои нигаҳбон аризаи тахминан 9 ҳазор нафарро рад кард.  Шӯрои нигаҳбон дархости сабтиноми 90 узви маҷлиси амалкунанда барои дубора интихоб шудан ба узвияти маҷлисро рад кард. Дар миёни онҳое, ки посухи рад гирифтанд, асосан номзадҳои мӯътадил ва ислоҳотталаб мебошанд. Читать дальше...

Бохти "Истиқлол" дар аввалин бозии санҷишӣ дар Анталия

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аввалин бозиашро дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия ба тими  «Чжэтзян Гринтаун» – намояндаи дивизиони аввали қаҳрамонии футболи Чин бо ҳисоби 0:1 бохт. Ин бозии санҷишӣ 20-уми феврал дар майдони футболи маркази варзишии «Папиллон»-и Белек доир гардид. Голи ягонаро ҳамлагари «Чжэтзян Гринтаун» ва мунтахаби миллии Африқои Ҷанубӣ Дино Ндлову ба ҳадаф расонд. Вай, ки бо дарвозабони «Истиқлол» Рустам Ятимов як ба як баромад, дар дохили ҷаримагоҳ зада аз по афтонда шуд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Теннисист Медведев потеряет место в рейтинге ATP






Научно-практическая конференция для школьников прошла в Воскресенске

Соревнования по айкидо пройдут в Раменском округе с 24 по 26 мая

В Москве произошла драка с участием 15 человек, двое в больнице

В Москве возбудили уголовное дело о хулиганстве после драки со стрельбой