Як узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин аз 29-уми феврал то 4-уми март ба Тоҷикистон ва Узбекистону Қазоқистон сафар хоҳад кард.
Интихоботи порлумонӣ дар кишварҳои демократӣ як корзори муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад, чун мардум онҳоеро интихоб мекунанд, ки бо қабули қонунt ба зиндагии онҳо таъсир мегузоранд. Аммо дар Тоҷикистон чӣ?
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хатлон аз чанд сокини вилоят пурсид, ки ба назари онҳо интихоботи рӯзи 1-уми март чӣ гуна мегузарад. Ҷавобҳоро дар видео бинед.
Рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Дар аксар нуқтаҳои раъйдиҳӣ охирин омодагиҳо ҷараён дорад. Масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, дар саросари кишвар тақрибан 3500 қитъаи овоздиҳӣ аз соати 6-и субҳ то 8-и шом фаъол хоҳад кард. Рақобат барои 63 курсӣ байни беш аз 200 номзад сурат мегирад. Тафсилотро дар видео бинед.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 28 феврал дар меҳмонхонаи “Hyatt Ragency”-и Душанбе маросими қуръакашии Чемпионати ҷумҳурӣ миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 доир шуд
Дар остонаи интихоботи порлумонӣ Радиои Озодӣ доир ба ҳавои корзори интихоботӣ ва тахминҳо дар бораи ба кӣ чанд курсӣ расидан дар Маҷлиси намояндагон суҳбат кард. Мубоҳисон Сайфулло Сафаров, таҳлилгари сиёсӣ ва муовини собиқи раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва хабарнигор Раҷаби Мирзо ҳастанд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи хотимавии палатаи поёнии порлумон кори панҷсолаи онро ситоиш кард. Ӯ рӯзи 28-уми феврал, ҳангоми суханронии охирин ба ҳайси раиси порлумон, гуфт: "Фаъолияти Маҷлиси Намояндагон комилан касбӣ буд". Баръакси он ки мухолифон кори ҳайати ҳозираи порлумонро чашмрас намедонанд ва онҳоро бештар барои сукут дар баробари мушкилоти мардум танқид мекунанд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи хотимавии палатаи поёнии порлумон кори панҷсолаи онро ситоиш кард.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки бар “Нефтчӣ”-и Қирғизистон ғолиб омад, сад ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст
Мирҳусейн Назриев, роҳбари ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз ҷонибдорони ин ҳизб даъват кард, ки дар интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март ба номзадҳои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон раъй диҳанд. Аз ин пеш Эътилофи Паймони миллӣ ва созмони "Гурӯҳи 24", ду созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон низ ҳимояти худро дар интихоботи порлумонб аз ҲСДТ эълон карда буданд . Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физика ва нуҷумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...
Дар пайи авҷ гирифтани вируси корона дар Теҳрон баргузории намози ҷумъаро манъ карданд. Дар Эрон бештар аз 100 каси дигар ба ин вирус гирифтор шудааст. Миёни гирифторон Маъсума Ибтикор, ноиб-президенти кишвар дар умури занон низ ҳаст. Хонум Ибтикор дувумин мансабдори баландпояи Эрон аст, ки ба вируси нав мубтало мешавад. Рӯзи 25 феврал ноиб-вазири тандурустии Эрон Эраҷ Ҳарирчӣ аз гирифториаш ба вируси корона хабар дода буд. Ҳамакнун ҳамаи зердастони Маъсума Ибтикор вазифадор шудаанд, ки аз ташхис гузаранд. Читать дальше...
Як шаҳрванди Қирғизистон дар киштии Diamond Princess дар обҳои соҳили Ҷопон ба вируси корона мубтало шуд. Дар ин бора Нурлан Абдраҳмонов, муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, шаҳрванди Қирғизистон айни ҳол дар яке аз бемористонҳои Ҷопон табобат мешавад ва вазъаш муътадил аст. Абдраҳмонов афзуд, намояндагони сафорати Қирғизистон дар Ҷопон бо шаҳрвандони кишвар робитаи доимӣ доранд. Киштии Diamond Princess аз шаҳри Йокогами Ҷапон рӯзи 20-уми январ ба сафари дуҳафтаина баромад. Читать дальше...
Ин дафъа дар бораи интихоботи порлумонӣ ва баҳси ба артиш рафтану нарафтани писарони вазирон суҳбат мекунем.
Туркия гуфт, ки баъди марги ҳадди ақал 33 низомии турк дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии неруҳои сурӣ дар вилояти Идлиби Сурия ба артиши ин кишвар ҳамлаи ҷавобӣ додааст. НАТО Димишқу Москваро барои бомбборони "ғайриинтихобӣ" дар минтақа маҳкум кард. "Нуқтаҳои барои мо маълуми режими Сурия то ин замон мавриди ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ қарор гирифтанд ва дар оянда ҳам қарор хоҳанд гирифт",-гуфт Фахриддин Алтун, як намояндаи ҳуқумати Туркия шоми 27-уми феврал. "Мо қатъиян аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунем,... Читать дальше...
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми март баргузор мешавад, аввалин интихоботе мешавад, ки бе ҳузури Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз аҳзоби мухолиф ва мамнуъшуда сурат мегирад. Дар остонаи интихобот суҳбате доштем бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст.
Интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон аввалин интихоботе мешавад, ки бе ҳузури Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз аҳзоби мухолиф ва мамнуъшуда сурат мегирад.
Фаъолони мадании қазоқ ва ғарбӣ аз мақомоти Қазоқистон талаб доранд, осори шиканҷаи эҳтимолӣ дар бадани фаъоли маданиеро шарҳ диҳанд, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Нурсултон ҷон бохт. Ҳомии ҳуқуқ аз Алмато Бахитҷон Торегожин, раҳбари созмони ғайридавлатии "Ар.Рух.Хак" мегӯяд, маводи нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки Дулат Оғодил кушта шудааст. Мушовири калони Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ Ивар Дейл гуфт, эҳтимол фаъоли мадании қазоқ баъди боздошт то дами марг латтукӯб шудааст. Читать дальше...
Дар ду мусофире, ки аз 23 то 27 феврали соли равон ба Узбекистон сафар кардаанд, нишонаҳои эҳтимолии коронавирус ошкор шудааст. Ҳолати аввал марбут ба мусофире аз Чин аст, ки тавонистааст бидуни монеа тавассути фурудгоҳи Тошканд вориди Узбекистон шавад. Мусофири дувум 27 феврал аз шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ба Узбекистон парвоз карда, феълан дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора вазири тандурустии Узбекистон Алишер Шодмонов 27 феврал дар як ҷаласа иттилоъ дод. "Ҳавопаймо аз Сеул ба Тошканд парвоз кард. Читать дальше...
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати ҳозираи порлумон аз кори панҷсолаи худ ва ҳамкоронаш ситоиш кард. Баръакси он ки мухолифон кори ҳайати ҳозираи порлумонро чашмрас намедонанд ва онҳоро бештар барои сукут дар баробари мушкилоти мардум танқид мекунанд. Зуҳуров рӯзи 28-уми феврал дар гузориши ниҳоии худ, гуфт, “фаъолияти Маҷлиси Намояндагон пурра касбӣ буд” ва як навъ ба танқидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҷавоб дод. Ӯ гуфт: “Онҳо мегӯянд, замонҳое буд... Читать дальше...
Додгоҳи ҳарбии Душанбе дар аввали моҳи марти имсол парвандаи Ҷовидон Бобоҷонови 19-соларо баррасӣ хоҳад кард, ки бинобар боварҳои диниаш хизмати ҳарбиро рад мекунад. Бобоҷонов ба "саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ" (қисми дуи моддаи 376-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст ва ба ӯ аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид дорад. Пойгоҳи "Форум 18" рӯзи 26-уми феврал навишт, Ҷовидон Бобоҷонов пайрави созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво” аст. Пайравони ин созмони насронӣ аз рӯи ақидаҳои мазҳабӣ наметавонанд либоси ҳарбӣ пӯшанд ва ба даст силоҳ гиранд. Читать дальше...
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав" Охири ҳафтаи гузашта барои гирифтани корти бонкӣ ба дафтари марказии "Ориёнбонк" рафтам. Хабари ҷолиб ин буд, ки гуфтанд онҳо то ду моҳи дигар ба касе корти бонкӣ дода наметавонанд. Дар берун бо ҳамкасбам Назири Нусрат вохӯрдам. Нав ҳолпурсӣ кардем, ки ӯ гуфт, "бубин, аз он тараф Собир Валиев меояд". Манзураш ҳамон фаъоли гурӯҳҳои мухолиф дар Аврупо буд, ки чанд рӯз пеш хабари бозгашт ва афви ӯ аз сӯи мақомоти тоҷик расонаӣ гашт. Читать дальше...
Дар камтар аз се дақиқа дар бораи интихоботи порлумонӣ ва "тағобозӣ"дар Тоҷикистон ва баҳси ба артиш рафтану нарафтани писарони вазирон суҳбат мекунем.
Макони баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ аз гардиши Товус то "Наврӯзгоҳ" таъйин шудааст
Коршиносон тахмин мезананд, ки паҳншавии вируси Covid-19 ё коронавирус, на танҳо ба кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна хатари мустақим дорад, балки ғайримустақим ба иқтисоди ин кишварҳо низ асаргузор хоҳад буд.