Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 06.10.2020

Президент корхонаи навро дар Рӯдакӣ кушоду рафт. Корхона дигар нест?

Ozodi.org 

Корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯзи 1-уми октябр ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд, пас аз чанд соати рафтани ӯ "аз кор монд". Биное, ки пур аз дастгоҳҳову дӯзандагон буд, ҳоло холӣ аст.

Корхонаи нав дар Рӯдакӣ баъди рафтани президент "аз байн рафтааст". АКС, ВИДЕО

Ozodi.org 

Корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯзи 1-уми октябр ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд, пас аз чанд соати рафтани ӯ "аз кор монд". Биное, ки пур аз дастгоҳҳову дӯзандагон буд, ҳоло холӣ аст.

Вазъияти пешгӯинашаванда дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Мақомоти интихоботии Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи рӯзи 4-уми октябрро баъди як шаб эътирозҳову беназмиҳо ва иттиҳоми ин, ки ба фоидаи ҳизбҳои рӯ ба президент Сооронбой Ҷеенбеков тақаллуб шудааст, бекор карданд. Гурнура Ҷӯрабоева, як узви Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон дар бораи бекор шудани натиҷаҳои интихобот рӯзи 6-уми октябр дар саҳифаи "Фейсбук"-аш хабар дод, вале аз нашри ҷузъиёти бештар худдорӣ кард. Ин хабарро сухангӯи комиссия Марина Грешанная ҳам ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Қирғизистон тасдиқ кард. Читать дальше...

Кошифони ториктарин асрорҳои коинот барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика шуданд

Ozodi.org 

Соли 2020 Ҷоизаи Нобел дар бахши физика дар миёни се донишманд тақсим шуд. Ин ҷоиза имсол ба Роҷер Пенросе, Рейнҳард Гензал ва Андреа Ғез  супурда мешавад.  Горан Ҳанссон, дабири кулли Академияи илмҳои шоҳигарии Шведсия зимни эълони барандаҳои ҷоизаи имсолаи Нобел дар Стокҳолм гуфт: “Имсол ҷоиза барои ториктарин асрорҳои коинот дода шуд. Академияи илмҳои шогигарии Шведсия қарор кард, ки ҷоизаи Нобелро дар бахши физика дар соли 2020 ба ду тақсим шуд: нисфаш ба Роҷер Пенросе дода мешавад, барои кашфиёте... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 6-уми октябри соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Мухолифини қирғиз бинои ҳукумати ин кишварро ишғол намуданд ва дар пайи он натиҷаи интихоботи парламентӣ лағв шуд, дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи дӯзандагӣ як рӯз вуҷуд дошт, даъват ба артиш дар вилояти Суғд, эътирофи расмии занони паверлифтери Эрон ва матолиби дигар.

Ёрии изтирории СБП ба Тоҷикистон

Ozodi.org 

Сандуқи байналмилалии пул як барномаи нави кӯмаки изтирорӣ ба кишварҳои нодорро қабул кард, ки барои муқобила бо паёмадҳои пандемия нигаронида шудааст. Ба иловаи кӯмак дар бозгардони қарзҳо, ин ёриҳо барои дастгирии кишварҳои ниёзманд ба кӯмакҳои тиббӣ ҳам нигаронида шудааст. Афғонистон ва Тоҷикистон дар миёни кишварҳое мебошанд, ки аз ин ёриҳо бархӯрдор шуданд. Ҳаҷми кӯмакҳое, ки ба Тоҷикистон карда шудааст, феълан нашр намешавад. Дар як таҳаввулоти ҷудогона,  26 кишвари мухталиф аз ИМА ва давлатҳои ғарбӣ тақозо карданд... Читать дальше...

Русия, Фаронса ва ИМА ба хатми низоъҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ даъват карданд

Ozodi.org 

Русия, Фаронса ва ИМА даъвати хатми билофосилаи оташ дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳиро такрор карда таъкид намуданд, ки тавсеаи хушунатҳо боиси эҷоди “таҳдиди ғайри қобили қабул” ба суботи минтақа мешавад. Вазирони хориҷаи Русия ва Фаронса - Сергей Лавров ва Жан Ив Лё Дриан ва котиби давлатии ИМА Майк Помпео изҳороти муштараки худро рӯзи 5-уми октябр, замоне, ки даргириҳои миёни нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар Қаробоғи Кӯҳӣ идома дошт, нашр карданд. Русия, Фаронса ва ИМА ҳамчун кишварҳои узви Гурӯҳи Мински САҲА... Читать дальше...

Эътирозгарон чӣ гуна дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро ишғол карданд?

Ozodi.org 

Норозиён аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон шаби 5 ба 6-уми октябр бинои порлумон ва дафтари президентро дар Бишкек “ишғол карданд”. Онҳо гуфтанд, дар интихоботи 4-уми октябр, ки дар он ҳизбҳои, ба қавли онҳо, тарафдори ҳукумат баранда эълон шуданд, қонуншиканиҳои зиёд вуҷуд дошт. Мақомоти Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 6-уми октябр гуфтанд, натиҷаҳои интихоботи порлумониро бекор мекунанд.

Натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон расман бекор шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 6-уми октябр гуфт, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябрро бекор мекунад. Қаблан дар як изҳороташ президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, дар сурати зарурат Комиссияи интихобот натиҷаҳои овоздиҳиро бекор ва интихоботи нав баргузор мекунад. Бар хилофи иддаои бархе аз намояндагони мухолифон, ки мегӯянд президенти Қирғизистон қудратро аз даст додааст, рӯзи 6-уми октябр худи Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, вазъиятро дар кишвар таҳти назорат дорад. Читать дальше...

Трамп аз беморхона рухсат шуд ва гуфт, "аз коронавирус натарсед"

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 5-уми октябр, замоне, ки баъди се рӯзи табобат аз COVID-19 як беморхонаро дар канораҳои Вашингтон тарк кард, дар муроҷиат ба амрикоиҳо гуфт, ки аз коронавирус натарсанд.  Трамп аз амрикоиҳо тақозо кард, ки нагузоранд зиндагии онҳоро хароб кунад ва гуфт, ки Амрико ин вирусро “бо беҳтарин доруву” воксина мағлуб хоҳад кард. Трамп аз дохили Кохи Сафед бо нашри видеое дар Твиттер гуфт, “дар бораи коронавирус хеле чизҳое омӯхтам ва ҳамин чиз мусаллам аст, ки набояд гузорем... Читать дальше...

Яке аз осебдидаҳои ҳодисаҳои ахир дар Қирғизистон ба ҳалокат расид

Ozodi.org 

Яке аз осебдидаҳои ҳаводиси шаби 6-уми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба ҳалокат расид. Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, "шахсияти марди фавтида номаълум" аст ва ӯ аз сараш осеби сахт дидааст. Ба огаҳии вазорат, табибони Бишкек то субҳи 6-уми октябр ҷамъан ба 590 кас ёрии аввали тиббӣ расонидаанд, ки 439 нафарашон баъд аз дарёфти кумаки тиббӣ аз беморхона рухсат шуданд. Шумори бистаришудаҳо ба 150 расида, 13 нафар дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд... Читать дальше...

"Душанбе" ғолиби Лигаи ҳандболи Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Аввалин мусобиқаи Лигаи ҳандболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Душанбе” анҷом ёфт. Ин даста, ки дар ҳамаи 14 бозӣ ғолиб омад, бо касби 28 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ҷойи аввалро соҳиб шуда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Дастаи “Душанбе” дар даври охирин бар тими СКИФ, ки бо касби 24 имтиёз ҷойи дувум ва медалҳои нуқраро азони худ кард, бо ҳисоби 29:27 пирӯз гашт. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ бо касби 20 имтиёз насиби дастаи “Парвоз” шуд, ки дар даври чордаҳум тими “Сокол”-ро бо ҳисоби 30:21 шикаст дод. Читать дальше...

Дар Узбекистон қонуни додани паноҳгоҳи сиёсӣ баррасӣ мешавад

Ozodi.org 

Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Узбекистон қонуни додани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандиро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи вакили порлумони Узбекистон Расул Кушербоев, лоиҳаи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ дар Узбекистон" 5 октябр дар қироати аввал қабул карда шуд. Лоиҳаи қонун мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ, тартиби будубош, додани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ, ҳуқуқи асосӣ ва озодӣ, даромаду баромад аз Узбекистон... Читать дальше...

Новости России
Москва

Эвелина Блёданс: Солнечная сказка для солнечных детей


Президенти Қирғизистон гуфт, вазъ таҳти назорати ӯ аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бар хилофи иддаоҳои бархе намояндагони мухолифон, ки  мегӯянд президенти Қирғизистон қудратро аз даст додааст, рӯзи  6-уми октябр худи Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, ӯ вазъиятро дар кишвар таҳти назорат дорад. Бо нашри изҳороте Ҷеенбеков  аз мухолифони норозиаш аз натиҷаҳои интихобот тақозо кард, ки беназмиҳои ҷамъиятиро хотима бидиҳанд. Мухолифон, ки интихоботро тақаллубшуда меноманду хостори баргузории интихоботи нав ҳастанд, шаби 5 ба 6-уми октябр ба бинои парлумони президент ворид шуданд. Дар давоми... Читать дальше...

Омурбек Суваналиев фаъолияти қудратиҳои Қирғизистонро ҳамоҳанг мекунад

Ozodi.org 

Номзад ба мақоми вакилии порлумони Қирғизистон аз Ҳизби "Бутун Қирғизистон" Омурбек Суваналиев гуфт, дар робита ба ҳаводиси ахири кишвараш фаъолияти ниҳодҳои қудратиро ҳамоҳанг хоҳад кард. Ӯ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, симати муовинии котиби Шӯрои амнияти Қирғизистонро дубора бар зимма гирифта, барои назорати тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ аллакай чора меандешад. "Дар бораи маҳалли будубоши кунунии президент хабар надорам. Аммо ҳоло ба ҳайси муовини котиби Шӯрои амният дар доираи қонун корҳои ин ниҳодро пеш мебарам. Читать дальше...

Ба Тоҷикистон тавсия доданд, хотираи қурбониёни ҷангро гиромӣ дорад

Ozodi.org 

Як гуруҳи хоси Созмони Милал ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, сарнавишти онҳоеро, ки дар замони ҷанги дохилӣ беному нишон шудаанд, маълум кунад ва бозмондаҳои ҷасади онҳоро ба азизонашон баргардонад.

Мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов дар Фаронса соҳиби паноҳандагии сиёсӣ шуд

Ozodi.org 

Мухтор Аблязов, бонкдори пешини Қазоқистон, ки ҳамакнун мухолифи ҳукумати ин кишвар аст, дар Фаронса паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Ба иттилои расонаҳо, мақомоти додгоҳии Фаронса рӯзи 29 сентябр дар ин бора қарор қабул кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 Раёсати умури паноҳандагон ва афроди бешаҳрвандии Фаронса дархости Аблязовро барои дарёфти паноҳандагӣ рад карда буд. Мухолифи қазоқ аз болои Раёсати умури паноҳандагон ба додгоҳ шикоят бурд. Ба иттилои расонаҳо, додгоҳ ба чунин натиҷа расид... Читать дальше...

Дар Туркманистон тартиби нави фурӯши хӯрокворӣ ҷорӣ шуд

Ozodi.org 

Дар шароити душвори таъмини мағозаҳои давлатӣ бо маҳсулоти ғизоӣ дар вилояти Лебапи Туркманистон тартиби нави фурӯши маҳсулот ҷорӣ карда шудааст. Ҳамакнун сокинон барои дарёфти маҳсулоти нисбатан арзонтар аз мағозаҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, ки як санади дигар дастрас кунанд. То ин замон сокинонро мебоист, аз идораи манзиливу комуналӣ санади махсусе дарёфт кунанд. Тибқи тартиби нав, сокинон вазифдор шудаанд, ки бо санадҳои муайянкунандаи шахсият ва дафтари ҳавлӣ нахуст ба пулиси маҳаллӣ рафта, худро дар қайд гузоранд. Читать дальше...

Русия ба анҷоми парвозҳо ба кишварҳои ОМ иҷозат дод, вале номи Тоҷикистон нест

Ozodi.org 

"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои анҷоми парвозҳо ба 24 кишвар иҷозат додааст. Дар ин бора рӯзи 5-уми октябр фармони ниҳоди мазкур содир шуд. Дар миёни давлатҳое, ки Русия парвози ҳавопаймоҳоро барқарор мекунад, 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистону Туркманистон – номбар шудаанд. Дар ин рӯйхат танҳо номи Тоҷикистон ворид нашудааст. "Росавиатсия" сабаби ворид нашудани Тоҷикистонро ба ин феҳраст шарҳ надодааст. Фармони мазкур дар ҳолест, ки Валерий Рязанский... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Ангеліна Калініна поступилася восьмій ракетці світу Саккарі на турнірі WTA 1000 у Римі: результат






Тороп травмировался после столкновения головами с Алипом. Вратаря ЦСКА увезли с поля, 19-летний Шайхутдинов вышел вместо него

Начался прием заявок на конкурс "Добрый спорт" Шахматы представлены в номинации "Сильный ход"

Приближение срока завершения действия программы льготной ипотеки с господдержкой до двух раз увеличила на нее спрос

Более 60 тысяч домов в Подмосковье газифицируют в этом году