Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 10.10.2020

Содир Ҷапаров сарвазири Қирғизистон шуд

Ozodi.org 

Порлумони Қирғизистон дар ҷалассаи ғайринавбатӣ номзадии Содир Ҷапаровро ба мансаби сарвазирии ин кишвар тасдиқ кард. Қубодбек Боронов, сарвазири пешини Қирғизистон пас аз оғози эътирозҳо дар шаби 5 ба 6-уми октябр дигар дар мазҳари ом пайдо нашуд ва бархе аҳзоби мухолифин ба ҷойи ӯ Содир Ҷапаровро пешниҳод карда буданд. Мирлан Бакиров, сухангӯи порлумон гуфт, ки якдилона вакилон ба тарафдории Ҷапаров райъ додаанд. Дар оғози ҷаласса гуфтанд, ки аз 120 вакил 60 нафар ҳузур дорад ва 10 нафари дигар ҳақи райъашонро ба ҳамкоронашон додаанд. Читать дальше...

Алмосбек Отамбоевро дубора боздошт кардаанд

Ozodi.org 

Мақомоти амниятии Қирғизистон рӯзи 10-уми октябр гуфтанд, ки раиси ҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоевро дубора дастгир кардаанд. Ӯ шаби 5 ба 6-уми октябр аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва аз ҷониби эътирозгарон озод шуда буд. Он шаб сокинони норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябр дар Қирғизистон биноҳои маъмуриро ишғол карданд ва чанд чеҳраи шинохтаи зиндонӣ, аз ҷумла Сафар Исҳоқов ва Содир Ҷапаровро раҳо карданд. Боздошти дигарбораи Отамбоев дар ҳоле сурат мегирад... Читать дальше...

Трамп пас аз шифо ёфтан аз оғози маъракаи интихоботиаш хабар дод

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз коронавирус табобат ёфтааст, эълон кард, ки маъракаи пешазинтихоботии худро рӯзи 10-уми октябр бо баргузории як чорабинӣ дар Қасри Сафед ва рӯзи 12-уми октябр дар Флорида оғоз мекунад. Ин тасмим пас аз гирифтор шудани Трамп ба коронавирус гирифта мешавад, ки ӯро се рӯз дар беморхона бистарӣ карданд ва ширкати ӯ дар маъракаи интихобот қатъ шуда буд. Ӯ давоми ҳафта дар мазҳари ом пайдо нашуд, вале дар саҳифаи Твиттераш дар бораи хоҳиши баргаштан ба маъракаи таблиғотӣ... Читать дальше...

Дар ҷумҳурии Чех дар як рӯз 8618 нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтаанд

Ozodi.org 

Рӯзи 9-уми октябр дар ҷумҳурии Чех якбора 8618 нафарро ҳамчун гирифтор ба коронавируси нав сабт карданд, ки ин ҳисоби рекордӣ аз оғози пандемия ҳисоб мешавад. Ҷумҳурии Чех мисли Тоҷикистон беш аз 9 миллион аҳолӣ дорад ва дар маркази Аврупо қарор дорад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ки кишвараш бо ҷумҳурии Чех ҳаммарз аст, ин ҳолатро ташвишовар хонд. Ӯ гуфт, эҳтимоли аз даст додани назорати беморӣ вуҷуд дорад. Ҷумҳурии Чех ва Олмон аз ҷумлаи кишварҳои аврупоӣ ҳастанд, ки дар чанд ҳафтаи ахир гирифторони коронавирус афзоиш меёбад. Читать дальше...

Пизишкон дар Хуҷанд гуфтанд, зимни ширкат дар интихобот аз КОВИД-19 эҳтиёт кунед. ВИДЕО

Ozodi.org 

Масъулони соҳаи тиб дар Хуҷанд аз сокинон даъват кардаанд, ки ҳангоми ба нуқтаҳои райъдиҳӣ рафтан дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр қоидаҳои беҳдоштиро риоя ва худро аз сироят ба коронавирус эҳтиёт кунанд.

Русия мегӯяд, Озарбойҷон ва Арманистон ба оташбас розӣ шудаанд

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки Озарбойҷон ва Арманистон ба созиши оташбас ва музокироти сулҳомез “моҳиятан” розӣ шудаанд, ки ҳадафи он поён додан ба даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ  аст. Муноқишае, ки аз 27-уми сентябр миёни ду кишвар дар Қарабоғи Кӯҳӣ сар зад ва то ҳол давом дорад, бадтарин хушунат дар минтақа дар даҳ соли ахир номида мешавад. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия субҳи 10-уми октябр пас аз 12 соати музокироти бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон эълон кард, ки ҷонибҳо ба оташбас розӣ шудаанд. Читать дальше...

Вакилони қирғиз фармони президентро баҳс мекунанд

Ozodi.org 

Вакилони порлумони Қирғизистон имрӯз, 10-уми октябр дар як ҷалассаи ғайринавбатӣ қарори президент дар бораи ҳолати фавқулода дар Бишкек ва пешниҳодҳо ба мақоми сарвазири нави ин кишварро баррасӣ мекунанд. Қубодбек Боронов, сарвазири Қирғизистон пас аз оғози эътирозҳо дар шаби 5 ба 6-уми октябр дигар дар мазҳари ом пайдо нест ва бархе аҳзоби мухолифиин ба ҷойи ӯ Содир Ҷапаровро пешниҳод кардаанд, ки ӯро нав аз зиндон озод кардаанд. Макони будубоши Сооронбой Ҷээнбеков, президенти Қирғизистон ҳам маълум нест... Читать дальше...

Як бародар "Толиб" дигаре пулис. Шаҳид дар "Қабристони Шаҳидон" кист? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар қабристони “Шаҳидон” дар вилояти Урузгони Афғонистон рӯи як қабр парчами Афғонистон ва руи қабри дигаре, парчами Толибон барафрохта шудааст. Дар як қабр шахсе дафн шудааст, ки сарбози пулис буд ва дар қабри дигаре бародари ӯ, ки дар сафи Толибон меҷангид.

"Падарам ба Русия нарафт, пули шартномаи донишгоҳро чӣ гуна супорем?"

Ozodi.org 

Як донишҷӯйи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон гуфт, ҳар сол бояд тақрибан 7 ҳазор сомонӣ ҳаққи таҳсилро супорад, вале имсол натавонист, чун ба далели пандемия падараш ба Русия нарафт ва дар дохили кишвар ҳам кор надорад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Российский теннисист Медведев опустится на строчку в рейтинге ATP






Архитектор Алексей Тимофеев заявил, что ИИ помогает в поиске формы

В Москве произошла стрельба во время массовой драки, двое пострадали

Вирусолог Малинникова развеяла миф о легкой переносимости ОРВИ летом

Россиян пригласили до 2 июня сдать накопившуюся мелочь в банки