Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 16.10.2020

Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё соли оянда баргузор хоҳад шуд

Ozodi.org 

Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё, ки мебоист аз 2-юм то 13-уми декабри соли равон дар Кувайт баргузор мешуд, ба соли оянда мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) рӯзи 15-уми октябр федератсияҳои миллиро, ки дастаҳои онҳо ба финали қаҳрамонии футзали Осиё роҳ ёфтаанд, дар бораи ба соли оянда мавқуф гузоштани мусобиқаи қитъаӣ огаҳ кард. "Ба далели авҷ гирифтани пандемияи COVID-19... Читать дальше...

Аз нашри китоби "Тоҷикон" ҷайби кӣ пур шуд? Таҳқиқи Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Ҷустуҷӯҳои Радиои Озодӣ нишон дод, ки аз чопи китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров барои тақсим кардан ба ҳар оила дар Тоҷикистон "Нашриёти муосир" 136 миллион сомонӣ (зиёда аз 13,5 миллион доллар) даромад кард, ки қаблан ба ширкати "Фароз" тааллуқ дошт.

Дар Тоҷикистон мисли Қимматгул чанд нафар камбизоат аст? ВИДЕО

Ozodi.org 

Қимматгул Сафолова баъд аз марги шавҳар бо як писар танҳо монд ва солҳо боз зиндагии фақирона дорад. Шуғли муайян надорад ва барои дарёфти рӯзӣ дар хонаи сокинон кор мекунад. Гоҳе дигар ҳамсояҳо ба ӯ ва фарзандаш ёрӣ мекунанд.

Халилзод аз Толибон хостааст, ҷангро бас кунанд

Ozodi.org 

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон, мегӯяд, бо Толибон мувофиқа кардааст, ҷангу хунрезиро кам кунанд, чун идомаи хушунат, музокироти байнулафғонӣ дар Қатарро халалдор кардааст.  Залмай Халилзод дар ин бора рӯзи 15-уми октябр ва дар замоне суҳбат кард, даҳҳо ҳазор нафар дар байни ҷанги Толибон ва неруҳои ҳукуматӣ бар вилояти Ҳилманд дармондаанд. Халилзод дар Твиттер навишт, ки ӯ ва генерал Скот Миллер, фармондеҳи неруҳои Амрико дар Афғонистон бо Толибон чанд гуфтугуе доштаанд ва тарафҳо ба мувофиқа расиданд... Читать дальше...



Миллиардерро ба сарпечӣ аз пардохти молиёт муттаҳам карданд

Ozodi.org 

Мақомоти расмии Амрико рӯзи 15-уми октябр гуфтанд, мудири як ширкати азими фанновариҳои навинро ба фирор аз пардохти молиёт ва пинҳон доштани 2 миллиард доллар даромад муттаҳам кардаанд. Додситонҳои федеролии Амрико мегӯянд, Роберт Брокмани 79-сола дар 20 соли гузашта даромадҳояшро дар ширкатҳои оффшорӣ пинҳон кардааст. Додситонии Калифорния гуфт, ки байни онҳо ва миллиардери амрикоӣ, ки Роберт Смиф мудири Бунёди Саҳҳоми Виста Партнер мувофиқа ҳосил шуд, ки дар ивази шаҳодат додан ба зидди Роберт... Читать дальше...

Баҳси 430 ҳазор доллар. Даъвои Додситонии кул ва посухи Муҳаммадиқболи Садриддин

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр сардабири сомонаи "Ислоҳ" Муҳаммадиқболи Садриддинро ба "қаллобӣ" муттаҳам кард ва гуфт, ки ӯ 430 ҳазор доллари се шаҳрванди Тоҷикистонро гирифтаву барнагардондааст.

Ахбори Озодӣ аз 16-уми октябри соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Падари сарбоз мегӯяд, писарашро бидуни даъватнома мисли ҷинояткор ба артиш бурданд, кӣ ба мардуми камбағал кумак мекунад? Духтари Тоҳир Юлдош фармондеҳи ҷангҷӯён дар Шимоли Афғонистон будааст ва матолиби дигар.

Салоҳиятҳои раиси ҷумҳури Қирғизистонро ба нахуствазир супурданд

Ozodi.org 

Порлумони Қирғизистон қарор дар бораи ба нахуствазири тозаинтихоб додани салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро тасвиб кард. Содир Ҷабборов (Ҷапаров) рӯзи 14-уми октябр нахуствазир интихоб шуд ва баъд аз чанд рӯзи бесарусомонӣ ва буҳрони сиёсие, ки баъди интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябр ба вуҷуд омад. Пас аз эълони натиҷаҳои интихобот дар Қирғизистон мардум ба кӯчаҳо баромаданд ва ҳукуматро сарнагун ва раиси ҷумҳурро маҷбур ба истеъфо карданд. Дар нишасти порлумон дар рӯзи 16-уми октябр вакилони... Читать дальше...

Раиси КМИР Қирғизистон: Интихоботи такрорӣ, мумкин аст, 20 декабр баргузор шавад

Ozodi.org 

Интихоботи такрории порлумонӣ дар Қирғизистон мумкин аст, рӯзи 20 декабр баргузор шавад. Дар ин бора раиси Комисияи марказии интихоботии он кишвар Нурҷон Шайлдабекова иттилоъ дод. Вай ҳамчунин гуфт, сарвазир Содир Ҷабборов, иҷрокунандаи вазифаи президент ҳаққи ширкат дар интихоботи пеш аз муҳлати президентиро надорад. Шайлдабекова афзуд, интихоботи пеш аз муҳлати президентиро порлумон таъйин мекунад ва ин интихобот бояд, давоми се моҳи оянда баргузор шавад. Сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов... Читать дальше...

Дар Туркманистон воксинзании умумӣ шуруъ шудааст

Ozodi.org 

Дар Туркманистон воксинзании умумии сокинон шуруъ шудааст. Ба иттилои хабарнигорон, ин воксинзанӣ ҳатмӣ аст ва ҳар узви хонавода бояд онро бигирад. "Ҳоло ҷавонон, занони ҳомила ва касонеро воксин мезананд, ки бо одамони зиёде сари кор доранд. Таъкид мешавад, ки воксинзанӣ ҳатмӣ аст. Аммо на номи воксин, на истеҳсолгар, на муҳлати онро пизишкон хабар намедиҳанд", - гуфт як хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 14 октябр. Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар қонунгузории Туркманистон тағйирот ворид шуд... Читать дальше...

COVID-19 то кунун ба 8 миллион нафар дар Амрико сироят кардааст

Ozodi.org 

Дар Иёлоти Муттаҳида шумори гирифторони бемории COVID-19 аз марзи 8 миллион гузашт. Дар ин кишвар вирус рӯзона ба даҳҳо ҳазор нафар сироят карда, дар тамоми гӯшаҳои он паҳн мешавад. Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, ки омори сирояти коронавирусро ҷамъ мекунад, гузориш дод, ки рӯзи 15-уми октябр дар Иёлоти Муттаҳида тақрибан 60 ҳазор мавриди сирояти вирусро сабт кардаанд, ки баландтарин рақам пас аз рӯзи 14-уми август аст. Мутахассисон сабаби суръат гирифтани густариши вирусро намедонанд, вале ба бардоштани... Читать дальше...

Омурбек Текебоев, раиси "Ота Макон" дубора вакили порлумони Қирғизистон шуд

Ozodi.org 

Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон 15 октябр салоҳиятҳои вакили порлумони ин кишвар аз ҷиноҳи ҳизби "Ота Макон" Содиқ Шерниёзро пеш аз муҳлат бекор карда, мандати вакилиро ба Омурбек Текебоев дод. Бино ба хабарҳо, Содиқ Шерниёз аз мандати вакилии худ ба нафъи Текебоев даст кашидааст. Текебоев дар шарҳи истеъфои президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, ӯ бояд баъди баргузории интихоботи порлумонии такрорӣ аз мақомаш канор мерафт. "Дар давраи интихобот ниҳоди қонуние лозим аст, ки ҳама онро эътироф кунад. Читать дальше...

Трамп гуфт, натиҷаҳои интихоботи одилонаро мепазирад

Ozodi.org 

Баъд аз онки мунозираи дуввуми интихоботии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва рақибаш Ҷо Байден номзад аз Ҳизби демократ лағв шуд, ҳарду рӯзи 15-уми октябр дар чорабиниҳои алоҳида ба суолҳо ҷавоб доданд.

"Дар кисаамон пул намонд. Барои ин пул деҳ, барои он пул деҳ"

Ozodi.org 

Ҳеҷ вақт дар Тоҷикистон бизнес ва ё соҳибкорӣ кардаед. Осон буд, буд ё душвор. Агар мухолиф набошед, дар ҳамин бора гап занем. Рӯзи 14-уми октябр Радиои Озодӣ дар Инстаграм ва Фейсбук аз мардум пурсид, ки оё дар Тоҷикистон соҳибкор будан осон аст ва медонед, чанд посух гирифт.

Новости России
Москва

"Возрождение интереса к народному искусству и ремеслам в современном мире"


Ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ. Бархӯрди 10 мушак дар деҳаҳои марзии Эрон

Ozodi.org 

Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, аз оғози даргириҳо дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ даҳҳо минтақаро аз назорати Арманистон бозпас гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Эрон гуфтааст, дар пайи даргириҳои ахири Қарабоғи Кӯҳӣ, 10 мушак ба минтақаҳои марзии ин кишвар партоб шудааст ва дар сурати такрори он, "бетараф" намемонад. Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, дар сӯҳбат бо телевизиони туркии NTV гуфтааст, нерӯҳои ин кишвар аз охирҳои моҳи сентябр ба ин сӯ беш аз 40 минтақаи аҳолинишинро дар Қарабоғи Кӯҳӣ тасарруф кардаанд. Читать дальше...

Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон дар "Ченнайин"-и Ҳиндустон бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари 30-солаи дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар ҳайати тими "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд медали нуқра ба даст овард, фаъолияти варзишии худро дар бошгоҳи "Ченнайин" дар Суперлига ё Лигаи бартари Ҳиндустон идома медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, шартномаи Фатҳулло Фатҳуллоев бо ғолиби дукаратаи Суперлигаи Ҳиндустон, бошгоҳи "Ченнайин" барои шаш моҳ имзо шуд. Читать дальше...

Содир Жапаров иҷрокунандаи мақоми президенти Қирғизистон шуд

Ozodi.org 

Сарвазири Қирғизистон Содир Жапаров шаби 15 октябр дар суҳбат бо ҷонибдоронаш дар маркази шаҳри Бишкек хабар дод, ки салоҳиятҳои президент ба ӯ дода шуданд. "Ҳама чиз ба ҷои худ баргашт. Президенти пешин Сооронбой Ҷеенбеков истеъфо дод. Раиси порлумон Канат Исоев гуфт, наметавонад вазифаҳои президентро иҷро кунад ва аризаашро навишт. Имрӯз салоҳиятҳои президент ва сарвазир ба ман дода шуданд",-афзуд ӯ. Содир Жапаров 10 октябр расман сарвазири Қирғизистон таъйин шуд. Ӯ то 6 октябр дар зиндон буда... Читать дальше...

Додгоҳи Қирғизистон Матраимовро ҳабси хонагӣ кард

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳукми ҳабси пешакии Тилек Матраимов, яке аз бародарони Раим Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишварро, ки ахиран ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Узбекистон боздошт шуда буд, ба ҳабси хонагӣ табдил дод. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон зидди Матраимов бо банди "Ғайриқонунӣ гузаштани марзи давлатӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот идома дорад. Додгоҳи шаҳрии Ӯш ӯро то 9 ноябри соли равон ба ҳабси пешакӣ гирифта буд. Марзбонони Узбекистон 6 октябр хабар доданд... Читать дальше...

Даргузашти Юсуф Акбарзода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик

Ozodi.org 

Юсуф Акбарзода, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, рӯзи 15-уми октябр дар 82-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ аз ду сол ба ин тараф аз беморӣ ранҷ мебурд. Чанде аз муҳаққиқони соҳаи адабиёт рафтани ӯро талафоти бузург донистаанд. Субҳони Аъзамзод, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, шоми 15-уми октябр дар "Фейсбук" навишт, "Юсуф  Акбарзода дар нақди адабӣ аз зумраи камтарин насли ноқидони равандсоз, яке аз беҳтарин донандаи шеъри имрӯзи тоҷик буд ва шеърро бо тамоми масъалаҳои фарогири замон... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Теннисиста Медведева выбили из топ-4 ATP






Китай возмущен провокацией США с «продажей» Дальнего Востока России

Уголовное дело возбудили после стрельбы и поножовщины на юге Москвы

Опять «Березка». В Москве хотят вновь открыть «магазин для избранных»

Свыше 600 навалов мусора устранили в Подмосковье за неделю