Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 27.10.2020

Додситонӣ қазияи Шерафганро "худкушӣ" номид. Бемаошӣ, қарздорӣ ва фарзияҳои дигар таҳқиқ мешаванд

Ozodi.org 

Муфаттишони Додситонии нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 27-уми октябр чанде аз кормандони масъули Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо дар робита ба марги Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши амнияти фурудгоҳ бозпурсӣ кардаанд.

Як соҳибкор ба деҳи ташналабе дар Кӯлоб оби мусаффо овард

Ozodi.org 

Соҳибкори хайрхоҳе чоҳе канда ва ҳудуди 500 хонаводаро дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб бо об таъмин кардааст. Соҳибкори савобҷӯ нахостааст, нома ифшо шавад, аммо сокинони деҳи Баҳористон, ки зиёд аз беобӣ танқисӣ мекашиданд, аз ӯ сипосгузоранд.

CОVID-19 Аврупоро "ба танг овардааст"

Ozodi.org 

Бо авҷ гирифтани сирояти коронавирус дар саросари кишварҳои Аврупо, маҳдудиятҳо дар гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро сахттар мекунанд.Дар Амрико ҳукумат иҷоза дод, ки аз ин баъд доруи Ремдезивир барои муолиҷаи беморони COVID-19 истифода шавад.

Ҷавоне, ки бо китобхонӣ паҳлавон шуд

Ozodi.org 

Рустам Орифӣ, коргардони тоҷик, барои тифлон дар Тоҷикистон комикси наве офаридааст ва ӯ бо хондани китоби зиёд паҳлавон ва соҳиби тавоноии фавқуллода мешавад.

COVID-19 гушти мушро хӯроки қисме аз мардуми Малавӣ кард

Ozodi.org 

Дар Малавӣ, яке аз кишварҳои фақири Африқо, ки бештар аз нисфи мардумаш фақиру бенаво ҳастанд, бемории СОVID-19 балои дигаре бар сари ин мардум овард. Ба сабаби камтар шудани имконот барои кору пайдо кардани рӯзӣ, сокинони баъзе аз рустоҳои ин кишвар ба шикору фурӯши гӯшти муш оғоз карданд.

Парвин Ҷаҳонгирӣ, тарроҳи ҷавонро барои "шикоят" ҷарима бастаанд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тарроҳи ҷавон Парвин Ҷаҳонгириро ба паст задани шаъну эътибори коршарикаш айбдор донист ва 2 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Қарори додгоҳ 27-уми октябр содир шуд.

СОVID-19 Аврупоро "ба танг овардааст".

Ozodi.org 

Бо авҷ гирифтани сирояти коронавирус дар саросари кишварҳои Аврупо, маҳдудиятҳо дар гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро сахттар мекунанд.

Амрико чанд ширкат ва шахсони муҳим дар бахши нафти Эронро таҳрим кард

Ozodi.org 

Амрико рӯзи 26-уми октябр ба зидди чанд ширкати калон ва ниҳоду шахсони алоҳидае, ки дар бахши нафти Эрон фаъолият доранд, таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Вазорати хазонадории Амрико гуфт, таҳримшудаҳо бо фаъолиятҳои худ нирӯи Қудс, бахши хориҷӣ ва истихборотии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро пуштибонӣ мекунанд. Стивен Мнучин, вазири хазонадории Амрико, гуфт, "ҳукумати Эрон бо истифода аз сектори нафт фаъолиятҳои бесуботкунандаи нирӯҳои Қудсро сармоягузорӣ мекунад." Вай афзуд, режими Эрон сармоягузории... Читать дальше...



Содир Ҷабборов музокиротро роҳи ҳалли баҳсҳои марзӣ донист

Ozodi.org 

Содир Ҷабборов, нахуствазир ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон, хостори ҳалли фаврии баҳсҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, шудааст. Ӯ рӯзи 26-уми октябр дар суҳбат бо раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ба зудӣ бо сафари корӣ ба вилоятҳои Бодканд ва Ӯшу Ҷалолобод рафта, бо мушкили марзӣ аз наздик ошно мешавад. "Барои рух надодани ҳаргуна ҳодиса бояд ҳалли ин масъала кашол наёбад. Сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бояд дар шароити оромӣ ва субот зиндагӣ кунанд", -- афзудааст ӯ. Читать дальше...

Оташбас миёни Арманистон ва Озарбойҷон як рӯз ҳам идома накард

Ozodi.org 

Арманистон ва Озарбойҷон дубора ҳамдигарро ба вайрон кардани созиши оташбас дар минтақаи ҷудоихоҳи Қаробоғи Кӯҳӣ айбдор карданд, ки бо миёнаравии ИМА ба даст омада буд. Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 27-уми октябр дар Твиттер навишт: "Мехостам изҳор намоям, ки талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ин дафъа бо миёнаравии Иёлоти Муттаҳида ба эълони оташбас расида буданд, ноком шуданд. Дар натиҷаи гулӯлаборони пайваста аз тарафи Озарбойҷон дар Артсах (номи армании Қаробоғи Кӯҳӣ) ғайринизомиён кушта ва маҷрӯҳ шуданд”. Читать дальше...

"Дар пеши хонаи мо насозед". Баҳси нотамоми сохтмонҳои нав дар Душанбе. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони як маҳалла дар шаҳри Душанбе ба сохтмони баландошёнае дар назди манзилашон эътироз доранд. Онҳо мегӯянд, ширкати сохтмонӣ дарахтзори назди хонаашонро вайрон карда, мехоҳад бино созад. Масъулони ширкати "Фарҳоди Ваҳдат" гуфтанд, на дар боғ, балки дар харобазоре мехоҳанд хона созанд.

Дар Душанбе боз ба сари хонасозӣ баҳс мекунанд

Ozodi.org 

Сокинони маҳаллаи 82-уюм дар шаҳри Душанбе аз сохтмони бинои баландошёнае дар назди манзилашон эътироз доранд. Онҳо мегӯянд, ширкати сохтмонӣ дарахтзори назди бинои онҳоро хароб карда, мехоҳад хона созад ва барои бозии кӯдакон ҷое намемонад.

Даҳҳо сомона дар Фаронса баъди изҳороти Макрон рахна шудаанд

Ozodi.org 

Хабаргузории "Франс Пресс" навиштааст, ки шаби душанбе ба сешанбе дар Фаронса даҳҳо сомона мавриди ҳамлаи рахнагарони исломӣ қарор гирифтаанд. Дар сомонаҳо, аз ҷумла сомонаҳои маъмурияти ноҳияҳо шиорҳои даъват ба пирӯзии дини Ислом, паёмбар Муҳаммад, марги Фаронса ва акси президенти ин кишвар Эммануэл Макрон дар шакли хук нашр шудааст. Ин ҳамлаҳо баъди изҳороти Макрон дар робита ба куштори омӯзгор Самюэля Патӣ анҷом шуданд, ки дар ҷараёни дарс карикатураҳои паёмбарро нишон дода буд. Макрон... Читать дальше...

Пас аз як рӯзи худкушии Шерафган Хоҷақулов. Масъулони Фурудгоҳи Душанбе гуфтанд, маоши ӯро пардохта буданд

Ozodi.org 

Баъд аз як рӯзи худкушии Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши амнияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки наздиконаш онро ба пардохт нашудани маоши чандмоҳааш рабт доданд, маъмурияти фурудгоҳ гуфтанд, ки "ҳодиса ба масъалаи маош рабт надорад".

Узбекистон дар ду соли оянда барқро қимат намекунад

Ozodi.org 

Мудири ширкати "Шабакаҳои минтақавии барқӣ"-и Узбекистон Улуғбек Мустафоев 26 октябр дар суҳбат бо телевизиони "Узбекистон 24" гуфт, солҳои 2021 ва 2022 арзиши нерӯи барқ дар ин кишвар боло бурда нахоҳад шуд. "Вазифаи аслие, ки президент гузоштааст, ин гарон нашудани арзиши нерӯи барқ дар солҳои 2021-2022 мебошад", - афзуд Улуғбек Мустафоев. Ба гуфтаи Мустафоев, бозсозӣ ва замонависозии низоми интиқоли барқ на аз ҳисоби боло бурдани тарифҳо, балки аз ҳисоби поин бурдани арзиши аслӣ сурат хоҳад гирифт.

СММ ба қатъи зӯровариҳо нисбати мухолифони Лукашенко даъват кард

Ozodi.org 

Гузоришгари ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Беларус рӯзи 26 октябр аз ҳукумати ин кишвар талаб кард, ки “аз саркӯб кардани мардуми худ даст кашад ”. Ин ишораест ба боздошт шудани ҳазорон нафар аз эътирозгарони зидди Аляксандр Лукашенко дар ҷараёни эътирозҳои ахир. Талаби Анаис Марин дар ҳоле садо медиҳад, ки мухолифони Лукашенко ба корпартоии саросарӣ дар кишвар оғоз кардаанд ва дар раҳпаймоиҳои эътирозӣ садҳо нафар боздошт шудаанд. Марин ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ гуфт, ки дар моҳҳои август ва сентябр ба камияш 20 ҳазор нафар боздошт шуд... Читать дальше...

Дар ҳамла ба як мадраса дар Пешовар 9 толибилм ҷон бохтанд

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ дар Покистон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамла ба як мадрасаи исломӣ дар шаҳри Пешовар камаш 9 донишҷӯ кушта шудаанд ва 70 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Виқор Азим, як мақоми баландпояи пулиси шаҳри Пешовар гуфт, ки ҳангоми таркиш дар рӯзи 27-уми октябр дар дохили як синфи мадраса 60 нафар дарс мехондаанд. Ба гуфтаи ӯ, касе ҷузвдонеро, ки бомб доштааст, қабл аз оғози дарс дар дохили толори дарсхонии донишҷӯён гузошта рафтааст. Муҳаммад Осимхон, сухангӯи Шифохонаи Луя дар Пешовар гуфт, ки ба инҷо 7 ҷасад ва 70 захмиро овардаанд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Ставки снова растут: «Выберу.ру» подготовил рейтинг лучших краткосрочных вкладов в мае 2024 года


Истихроҷи ангишт зиёд шуд ва нархаш ҳам боло рафт

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз афзоиши истихроҷи ангишт хабар медиҳад, болоравии қимати ин навъи сӯзишворӣ сокинонро нигарон кардааст. Ба иллати пандемия ва баста будани роҳҳо, даромади хонаводаҳо кам шуда, омодагии онҳоро ба фасли сармо бо мушкил рӯ ба рӯ мекунад.

Лигаи аввал: "Равшан" - барандаи медалҳои тилло, "Эсхата" - нуқра, "Панҷшер" - биринҷӣ

Ozodi.org 

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр бо бозиҳои даври 22-юм ба поён расид. Дар даври охирини мусобиқа ҷоизадори биринҷӣ маълум шуд. Дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ, ки дар меҳмонӣ бар тими  «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад, бо касби 41 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро соҳиб шуд. «Панҷшер» соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб шуда буд, соҳиби медалҳои тилло гардид. Читать дальше...

Дар як шабонарӯз 43 кас дар Тоҷикистон ба КОВИД-19 гирифтор шуд

Ozodi.org 

Дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ташхисҳо ба короновируси нав гирифтор шудани 43 каси дигарро ошкор кардаанд.   Ба иттилои Вазорати тандурстии Тоҷикистон то шоми 26-уми октябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус ба 10 ҳазору 819 нафар расид. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар чанд рӯзи ахир мавридҳои фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст. Бинобар омори расмӣ, то кунун 81 нафар бар асари ин беморӣ  фавтидаанд.  Аммо мутахассисон ба омори расмӣ дар бораи бемории COVID-19 шубҳа доранд ва мегӯянд... Читать дальше...

Сарвазири пешини Қирғизистон дар пайгарди байнидавлатӣ қарор гирифт

Ozodi.org 

Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон хабар медиҳад, ки сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқов дар пайгарди байнидавлатӣ эълом шудааст. Ин хадамот иттилоъ надорад, ки оё Исҳоқов кишварро тарк кардааст ё на. Ба иттилои расонаҳо, муҳлати дар озодӣ будани Исҳоқов ҳанӯз 12 октябр ба поён расида буд, вале вай ба маҳбас барнагашт. Моҳи июни соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Исҳоқовро дар фасодкорӣ ҳангоми сохтани Осорхонаи таърихӣ ва ипподром дар шаҳри Чолпон-Ота айбдор ва 18 сол зиндонӣ кард. Читать дальше...

Президенти пешини Қирғизистон дар боздоштгоҳ гуруснашинӣ эълом кард

Ozodi.org 

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон, ки баъди аз сӯи эътирозгарон аз зиндон раҳо шудан дубора боздошт гардид, дар боздоштгоҳ гуруснашинӣ эълом кардааст. Дар ин бора вакили мудофеи вай Замира Жоошева хабар дод. Талабҳои Отамбоев аз ин гуруснашинӣ ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи Жоошева, президенти пешинро дар таҳхонаи боздоштгоҳ - ҷое ки пештар маҳкумони ба қатлро нигаҳ медоштанд - нигаҳдорӣ мекунанд. Вакили мудофеъ гуфт, он макон шароити бад дорад ва сиҳатии Отамбоев нохуб шудааст. Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон гуфт... Читать дальше...

Дар Қазоқистон фаъолон аз фишор ба боздоштшудаҳо шикоят доранд 

Ozodi.org 

Як гуруҳи фаъолони маданӣ 26 октябр дар назди додситонии шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷамъ шуда, аз рафтори кормандони пулис нисбат ба фаъолоне шикоят карданд, ки дар натиҷаи ҳамоиши ҷонибдории хонаводаҳои шаҳрвандони таъқибшаванда дастгир шудаанд. Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, фаъолон Гулмира Каликова ва Гулҷанат Темирхон рӯзи якшанбе 10-15 рӯз ҳабси маъмурӣ шуданд. "Мо ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқи ин занҳо ба додситонӣ омадем. Онҳоро пеш аз интиқол ба додгоҳ ҳудуди як шабонарӯз дар шуъбаи пулис нигаҳ доштанд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Рахимова прошла во второй круг турнира WTA в Рабате на отказе Таунсенд






Очевидец рассказал, что участники перестрелки в Москве покинули место ЧП сами

Департамент городского имущества оповещает об установлении публичного сервитута на земельные участки в ЦАО

Полиция начала поиск скрывшихся участников массовой драки на юге Москвы

В Очаково-Матвеевском построят бизнес-центр по городской программе