Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2022

Новости за 10.01.2022

Ҳокими Азиз, журналисти шинохтаи тоҷик, даргузашт

Ozodi.org 

Ҳокими Азиз, журналисти шинохтаи радио ва телевизиони Тоҷикистон рӯзи 9-уми январи соли равон бар асари бемории қанд ва сактаи қалбӣ дар бемористони "Якум совесткий"-и Душанбе дар сини 62 -солагӣ даргузашт. Пайвандон ва дустону ҳамкасбонаш рузи якшанбе ӯро дар қабристони маҳалаи 103-уми пойтахт ба хок супориданд. Бобоҷони Шафеъ, дӯст ва ҳамкори собиқи Ҳокими Азиз, ки тайи чанд сол дар Радиои ҷумҳурӣ фаъолият доштанд, дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, “Ҳокими гиромӣ, ки чандин соли охир бо фишорбаландӣ... Читать дальше...

Лукашенко гуфт, агар ба Тоҷикистон кумак накунем, мисли Қазоқистон мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар нишасти онлайнии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи 10-уми январ баргузор шуд, сарони кишварҳои узв вазъ дар Қазоқистонро баррасӣ карданду аз он гуфтанд, ки чӣ гуна неруҳои ин созмон зуд ба Қазоқистон расиданду барои рафъи ҳамлаҳои террористон ёрӣ расонданд.

Лукашенко гуфт, ба Тоҷикистон кумак кунед, то мисли Қазоқистон нашавад

Ozodi.org 

Дар нишасти онлайнии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи 10-уми январ баргузор шуд, сарони кишварҳои узв вазъи Қазоқистонро баррасӣ карданд. Дар нишаст таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон ҳам зиёд буд ва аз ҷумла ҳушдор аз эҳтимоли такрори чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон.

Ахбори Озодӣ аз 10-уми январи соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Раҳбарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъии зери назорати Маскав вазъи Қазоқистонро баррасӣ карданд, гуфтугӯии телефонии Путин ва Раҳмон баъди нишасти СПАД, назари коршиносон дар бораи панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон ва матолиби дигар.

Ҷасади як афсари амнияти Қазоқистонро дар шаҳри Нурсултон пайдо карданд

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон хабар дод, ки афсари ин ниҳод Азамат Ибраев фавтидааст. Ҷасади ӯ дар ҳавлии манизили зисташ пайдо шудааст. "Рӯзи 10 январи соли 2022 дар шаҳри Нурсултон, дар ҳавлии манзили шахсиаш, ҷасади афсари КДАМ Азамат Ибраев пайдо шуд", - хабар доданд мақомоти амниятии Қазоқистон. Таҳқиқи пешакӣ аз рӯи ин ҳодиса шуруъ шудааст.  Қазоқистон дар чанд рӯзи охир шоҳиди эътирозҳои густурда ба болоравии қимати газ буд. Мақомот эълон карданд, ки дар ин эътирозҳо даҳҳо нафар кушта шуда ва садҳо тан захмӣ шуданд.



Дар Душанбе қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона доир мегардад

Ozodi.org 

Нахустин мусобиқаи имсола оид ба футзал дар Тоҷикистон - қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона аз 19-ум то 29-уми январ баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) доир мегардад, чаҳор дастаи мунтахаби занона - Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон - барои дарёфти мақоми пурзӯртарин дар минтақа мубориза мебаранд. Дастаи мунтахаби занонаи... Читать дальше...

Таътили зимистонӣ барои хонандагон дар Узбекистон то 24 январ тамдид шуд

Ozodi.org 

Вазорати маорифи халқии Узбекистон рӯзи 9-уми январ хабар дод, ки таътили зимистонӣ барои хонандагони мактабҳо то 24-уми январ тамдид шудааст. Дар хабари вазорат омадааст, ки ин тасмим ба хотири ташкили давраҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорон ва пешгирӣ аз паҳншавии зуком гирифта шудааст. Вазорат гуфтааст, дар давраи таътил барои хонандагон озмунҳои онлайнӣ ташкил хоҳад кард. Пештар хонандагон дар Узбекистон дар давраи зимистон то 11 январ истироҳат мекарданд. Мақомоти он кишвар рӯзи 6 январ хабар дода буданд... Читать дальше...

Дар нооромиҳои Қазоқистон як шаҳрванди Қирғизистон ҷон бохтааст

Ozodi.org 

Дар нооромиҳои Қазоқистон як шаҳрванди Қирғизистон кушта шудааст. Достон Дуйшекеев, сафири Қирғизистон дар Қазоқистон гуфт, шаҳрванди кушташудаи Қирғизистон дар шаҳри Алмато дар як толори варзиш кор мекард. "Шахсияти фавтида ва дигар мушаххасоти вай муайян карда мешавад. Ҷасадаш ба Қирғизистон ирсол хоҳад шуд", - гуфт сафир. Сафир афзуд, мақомоти Қазоқистон хабар намедиҳанд, ки дар ҳаводиси охири Қазоқистон чанд тан аз шаҳрвандони Қирғизистон боздошт шудааст. Дар ҳамин ҳол, шумори дақиқи кушташудаҳо дар Қазоқистон дар натиҷаи... Читать дальше...

Кореяи Шимолӣ аз рафтан ба Олимпиадаи Чин худдорӣ кард

Ozodi.org 

Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея эълон кард, ки наметавонад дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекини Чин ширкат кунад. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Оҷонсии марказии телеграфии Кореяи Шимолӣ хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ, Кореяи Шимолӣ варзишгарони худро ба далели "амалиёти қувваҳои душманона" ва пандемияи коронавирус ба Олимпиада намефиристад. Дар баробари ин зикр мешавад, ки "Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея рафиқони чиноиро барои баргузор кардани фестивали бошукӯҳ ва ҷолиби олимпӣ дастгирӣ менамояд". Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон ба Тоқаев номаи ҳамдардӣ фиристод

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ ба ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев  дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ дар нооромиҳои ахири он кишвар, барқияи тасаллият фиристодааст. Дар ин номаи ҳамдардӣ, аз ҷумла омадааст, "ба Шумо ва мардуми Қазоқистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кишвар изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунам. Халқи тоҷик бо мадуми бародари Қазоқистон ҳамдард аст". Дар Қазоқистон ба хотири гиромидошти... Читать дальше...

Дар сӯхтори як бино дар Ню-Йорк 19 нафар ҷон бохтанд

Ozodi.org 

Мақомоти шаҳри Ню-Йорк эълон карданд, ки бар асари сӯхтор дар бинои 19-ошёна дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр, 19 нафар ҷон бохтанд, ки 9 нафари онҳо кӯдакон буданд. Раиси шаҳри Ню-Йорк гуфтааст, дар ин бино асосан афроди камдаромад зиндагӣ мекарданд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса 60 нафар маҷрӯҳ шуда, 32 нафари онҳо ба бемористон интиқол дода шуданд. Сабаби сӯхтор то ба ҳол ба таври дақиқ маълум карда нашудааст. Аммо ин ҳодиса суолҳоеро дар бораи меъёрҳои эмин будани хонаҳое, ки барои афроди камдаромад ҷудо шудааст, барангехтааст. Читать дальше...

Дар Туркманистон мехоҳанд"Дарвозаи дузах"-ро бибанданд

Ozodi.org 

Туркманистон тасмим дорад, "Дарвоза" - кони болокушодаи газро бандад, ки бештар аз 50 сол аст дар саҳрои Қарақум месӯзад ва яке аз ҷойҳои дидании Туркманистон барои сайёҳон ба ҳисоб меравад. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ба ҳукумати кишвараш рӯзи 7-уми январ дастур додааст, ки роҳҳои хомӯш кардани оташро пайдо кунад. Вай дар ҷаласаи рӯзи 7-уми январ гуфтааст, "чанд сол аст, ки кони газ месӯзад ва ба муҳити зисту сиҳатии мардум зарар мерасонад". Вай ҳамчунин гуфтааст, гази табиӣ беҳуда сарф мешавад... Читать дальше...

Иттиҳоди Аврупо Қазоқистонро ба риояи ҳуқуқи инсон даъват кард

Ozodi.org 

Жозеп Боррел, роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳаводиси Қазоқистон изҳори назар кард. Вай гуфт, Иттиҳод омода аст, дар танзими вазъият ба Қазоқистон кӯмак расонад. "Мо омодаем, барои танзими сулҳомези вазъият кӯмак расонем", - гуфт Боррел. Роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз талафоти ҷонӣ изҳори таассуф ва хушунатҳоро танқид кард. Боррел аз кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ва Русия даъват кард, ба истиқлоли Қазоқистон эҳтиром бигзоранд. "Кӯмаки низомӣ аз хориҷ бояд... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Первая ракетка мира расплакалась после финала турнира с участием Рыбакиной






Университет при правительстве показал место Чебоксар в рейтинге городов России

В преддверии 9 мая в Казани состоялись соревнования «Марш-бросок Победы»

В торговых центрах России с начала года открыли магазины 11 новых зарубежных брендов

Мария Багреева: Москва провела 50 тыс. закупок у МСП на портале поставщиков