Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2022

Новости за 14.01.2022

HRW аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт. Мақомот: Дастовардҳои 30 соли охирро намебинанд. ВИДЕО 

Ozodi.org 

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch (HRW), ки вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳонро дар гузориши солонааш хулоса кардааст, мегӯяд,  бо сабаби идомаи саркӯбҳои озодии баён ва мухолифони сиёсӣ вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон соли 2021 бадтар шудааст.

Ахбори Озодӣ

Ozodi.org 

Ҳомиён вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро хулоса кардаанд, Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аз навҳаи бунёди манзили зист дар пойтахти Тоҷикистон танқид кард, эътирози омӯзгорон дар Эрон ва матолиби дигар.

Таҳқиқот: зуком шахсро аз вирусҳои хатарноктар муҳофизат мекунад

Ozodi.org 

Дар Амрикову ҳар кишвари дигар мардум солона як ё ду дафъа бемории зуком ё сармохӯрдагӣ мегиранд. Албатта барои ҳар кас ин бемории сабук нороҳаткунанда аст, вале таҳқиқоти нав нишон додааст, ки зукоми маъмулӣ шуморо то ҳадде аз вирусҳои хатарноктар муҳофизат мекунад. Гузориши Садои Амрикоро дар ин бора ҳамкорам Тоҳири Сафар тақдим мекунад.



Вебсайтҳои идораҳои ҳукуматии Украина мавриди ҳамлаи рахнагарон қарор гирифтанд

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки таниш дар равобити Ғарбу Русия аз мустақар шудани нирӯҳои русӣ дар марз бо Украина боло мегирад, мақомоти Киев гуфтанд,  чанд вебсайти ҳукуматӣ мавриди ҳамлаи ҳадафмандона қарор гирифтаанд.   Аввал шуда дар бораи рахна шудани вебсайташ вазорати маорифи Украина дар Фейсбук хабар дод. Киев чанде баъд гуфт, ки ҳамлаи рахнагарон мазмуни вебсайтҳои ҳукуматиро тағйир надодааст ва ҳеҷ иттилои хусусӣ берун нарафтааст. Вазорат гуфт, ки шаби 13 ба 14-уми январи соли 2022 дар паи ҳамла ба вебсайти... Читать дальше...

"Барқи тоҷик" гуфтааст, ба Афғонистон ҳаҷми "хеле ками барқ" содир мешавад

Ozodi.org 

Намояндаи ширкати «Барқи Тоҷик» дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфтааст, ҳоло ҳамагӣ 1 дарсади барқи Тоҷикистон ба Афғонистон содир мешавад. Мақомот гуфтаанд, ки ин миқдор барқ «барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва таҷҳизот кофӣ буда, ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад». Манбаъ афзудааст, тибқи тавофуқи ширкатҳои энергетикии ду кишвар, ки дар охири моҳи декабр ҳосил шудааст, ҳаҷми интиқоли шабонарузии барқ ба Афғонистон 600-700 ҳазор киловатт-соатро ташкил медиҳад. Читать дальше...

Ёрии Исроил ба афғонистониҳои паноҳҷӯ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳукумати Исроил гуфтааст, ба паноҳҷуёни афғонистонӣ, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, дар ҳаҷми наздик ба 500 ҳазор доллар мадад мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Исроил дар эъломияе ҳафтаи ҷорӣ гуфт, паноҳҷӯёни афғонистонӣ метавонанд барои харидани хӯрок, дору ва маводи дигари зарурӣ аз ин кумак истифода кунанд. Як мансабдори баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Исроил гуфт,  кишвараш ифтихор мекунад, ки барои афғонистониҳое, ки пас аз дубора сари қудрат омадани «Толибон» аз Афғонистон берун шудаанд, ёрӣ мерасонад. Читать дальше...

ВКД Русия: хориҷиҳо барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ хориҷ шаванд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод дорад, ки хориҷиёнро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз ин кишвар ихроҷ намоянд. Нашрияи “Коммерсант» аз қавли Валентина Казакова, раҳбари Сарраёсати умури муҳоҷират навиштааст, ки вазорат имкони депорти муҳоҷиронро барои ҳуқуқвайронкунии дағали маъмурӣ матраҳ дорад. Бо ин ҳадаф ворид кардани тағйирот ба қонунгузории Русия дар ҳоли баррасӣ мебошад. Гуфта мешавад, ин иқдом ба хотири таъмини амнияти ҷомеа амалӣ мегардад. Ҳамчунин дар доираи ислоҳоти қонунгузории... Читать дальше...

Нирӯҳои Тоҷикистон Қазоқистонро тарк карданд  

Ozodi.org 

Ба иттилои хабаргузориҳои русӣ, субҳи 14 январ низомиёни Тоҷикистон, ки дар ҳайати нирӯҳои Созмони нирӯҳои паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Қазоқистон қарор доштанд, ба кишварҳои худ баргаштанд.

Интиқоди Р.Эмомалӣ аз "интернети сусти ширкатҳои мобилӣ". Мунаққидон: сабаб дар дахолати давлат ба соҳа аст

Ozodi.org 

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз кори ширкатҳои мобилӣ танқид кардааст. Шаҳрдории Душанбе навишт, дар рафти ҷаласаи ҳисоботии ин сохтор, ки 12-уми  январ барпо шуд, аз фаъолияти панҷсолааш ба хадамоти ширкатҳои мобилӣ дахл карда, аз сифат ва суръати “бениҳоят сусти интернет” интиқод намудааст. Ӯ ба роҳбарони ширкатҳои мобилӣ мӯҳлат ва дастур додааст, ки дар фурсати наздик “барои ворид кардани таҷҳизоти замонавӣ, баланд бардоштани сифати алоқаву интернет ва бартараф намудани дигар камбудиҳои ҷойдошта чора андешанд”. Читать дальше...

Даъвати AI ва HRW ба мурооти ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон  

Ozodi.org 

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар Amnesty International  ва Human Rights Watch  аз мақомдорони Қазоқистон даъват кардаанд, ки ба ҳуқуқи мардум эҳтиром гузоранд. Баъди эътирозҳои зиддидавлатии ҳафтаи гузашта, ки дар шаҳри Алмаато ба хушунат печид, мақомоти ин ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ наздик ба даҳ ҳазор касро боздошт кардаанд. Эътирозҳо оғози соли равон бо баландравии нархи гази моеъ дар вилояти Мангистау шурӯъ шуда, ба зудӣ дар саросари Қазоқистон паҳн шуданд. Шаҳри Алмаато ба маркази муқовимат бо полис мубаддал шуд. Читать дальше...

Нерӯҳои сулҳофари тоҷикистонии СПАД Қазоқистонро тарк карданд

Ozodi.org 

Нерӯҳои сулҳофари тоҷикистонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аз Қазоқистон берун шуданд. Низомиёни тоҷик тариқи ҳавопймои Ил-76 аз Алмаато ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд. Сарбозони тоҷикро дар ҳавопаймо як гурӯҳи 31-нафараи курсантҳои Донишкадаи ҳарбии нерӯҳои хушкигарди Қазоқистон ҳамроҳӣ намуданд, ки барои таътил ба ватан рафтанд. Нерӯҳои паймони таҳти раҳбарии Русия, аз ҷумла сарбозони тоҷик, ҳафтаи гузашта бо даъвати раҳбарони Қазоқистон ва баъди он ба Алмаатову дигар шаҳрҳо рафтанд, ки тазоҳурот... Читать дальше...

Русия: Музокира дар бораи Украина ба бунбаст расидааст

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон (Полша) рӯзи панҷшанбеи 13-уми январ гуфт, Аврупо беш аз ҳар вақти дигар дар се даҳсолаи гузашта бо хатари рух додани ҷанг, рӯбарӯ аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, Русия рӯзҳои ахир барои ҳалли таниш дар бораи Украина як дидгоҳи хушбинона ироа накардааст. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Русия эълон кард, ки гуфтугӯҳои рӯзҳои ахир ба ҳадафи қонеъ кардани Ғарб дар мавриди напайвастини Украина ба НАТО, ба бунбаст расидааст. Изҳорои назари Русия дар ҳоле нашр шуд, ки гуфтугӯҳои... Читать дальше...

Нахустин бозии "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 рӯзи 7-уми апрел баргузор мешавад

Ozodi.org 

Конфедератсияи футболи Осиё санаҳои баргузории бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022-ро бознигарӣ кард. Қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» бозии ифтитоҳии худро дар сабқати гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиё 7-уми апрел баргузор мекунад. Рақибони бошгоҳи Душанбе дар гурӯҳ 17-уми январ, замоне ки қуръакашии мусобиқот доир мегардад, муайян мешаванд. AFC муҳлати баргузории бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро пас аз баррасии бодиққати мушкилоти пайдошуда, ки дар натиҷаи “омикрон”, навъи ҷаҳишёфтаи коронавирус... Читать дальше...

Дар Тоҷикистон ҳаҷми маошу нафақа зиёд шуд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон ҳаҷми маошу нафақа зиёд шуд. Бар асоси фармони раиси ҷумҳур, ки рӯзи 13-уми январ содир шуд, аз 1-уми январи имсол маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 дарсад зиёд шуд. Маоши дигар кормандони ин ниҳодҳо 20 дарсад зиёд шудааст. Инчунин аз 1 июли соли 2022, ҳадди ақали музди меҳнат дар Тоҷикистон 600 сомонӣ ё 53 доллар дар як моҳ муқаррар шудааст. Феълан маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомонӣ ё муодили қариб 36 доллар аст. Бар асоси фармони президент, ҳамчунин маоши кормандони идораҳои давлатӣ... Читать дальше...

Саҳифаҳои Алия Назарбоеваро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок карданд

Ozodi.org 

Саҳифаҳои Алия Назарбоева, духтари хурдии Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон аз "Фейсбук" ва "Инстаграм" пок шудаанд. Дастнорас шудани саҳифаҳои Назарбоева баъди чанд соати нашри изҳороташ дар бораи эътирозҳои Қазоқистон сурат гирифт. Поёни навиштаи Назарбоева шарҳҳои манфӣ хеле зиёд навишта шуд. Рӯзи 13-уми январ Назарбоева ҳаводиси ибтидои моҳи ҷориро дар кишвараш "фоҷеа" унвон кард ва ба хонаводаи кушташудаҳо ҳамдардӣ баён намуд. Расонаҳо навиштанд, ки Алия Назарбоева аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вориди интернет шудааст. Читать дальше...

Президенти Туркманистон дастур дод, иттилоъ дар интернет маҳдудтар шавад

Ozodi.org 

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар як ҷаласа рӯзи 12 январ ба мақомоти кишвараш дастур додааст, ки вазъи сиёсиву низомӣ ва амниятии минтақаро талҳлил ва таъсири онро ба Туркманистон баҳо диҳанд. Вай дар ин ҷаласа ҳамзамон ба мақомоти кишвараш супориш додааст, ки фаъолиятро дар самти маҳдудсозии сарчашмаҳои иттилоъ дар интернет тақвият бахшанд. Бердимуҳаммадов бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ниҳодҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон дар соли 2021 гуфтааст, "назорати интернет ба таври бояду шояд сурат нагирифтааст". Читать дальше...

Як рӯзноманигорро дар Қазоқистон барои "пурсиш аз Тоқаев" 10 рӯз ҳабс карданд

Ozodi.org 

Нурҷон Баймулдин, сармуҳаррири бахши русии сомонаи "Кокшетау Азия"-ро барои пурсишҳои маҷозӣ аз президенти Қазоқистон 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Дар ин бора шоми 12-уми январ вай дар "Фейсбук" хабар дод. "10 рӯзи ҳабс барои пурсиш аз Тоқаев. Пулисро интизорам, соат 23 шаб, аз соати 12 рӯз бе обу нон. Гурусна. Бо роҳи фиреб муовини сардори пулис даъват кард. Бештар аз 3 соат бе вакили мудофеъ нигаҳ доштанд. Муфаттишон даро-баро мекарданд ва ҳар дафъа бо суолҳои нав ворид мешуданд", - навишт Баймулдин. Читать дальше...

"Омикрон дер ё зуд меояд." Шикоятҳо аз таби баланду дарди гулӯ дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи ба кишварҳои ҳамсоя расидани “омикрон”, навъи ҷаҳишёфтаи коронавирус, назорат дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзиро сахттар кардаанд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Свентек выиграла титул WTA в Мадриде






Гештальт-психолог Саморукова напала на сотрудницу отеля в Москве

Жилой фон: в России подскочил спрос на ипотеку для строительства частных домов

Спасибо за верность небу и своей профессии!

Полковнику, похоже, спишут // Экс-офицер ФСБ просит снять с него устаревшее обвинение в мошенничестве