Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2022

Новости за 20.01.2022

Нахуствазир гуфт, иқтисоди Тоҷикистон 9 дарсад афзудааст. Оё чунин аст?

Ozodi.org 

Нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, иқтисоди кишвар дар соли гузашта 9,2 дарсад зиёд шуда, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ қариб ба 99 миллиард сомонӣ расид. Ин рақамҳоро Қоҳир Расулзода рӯзи 20-уми январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат баён кардааст ва онро сомонаи президент нашр кард.

"На кофари мутлақ, на мусулмони тамом". Баҳс атрофи акси ҷаҳонии Манижа. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як акси Манижа Сангин, овозхонаи зодаи Тоҷикистон, дар лавҳа ё тоблуи бузурге дар шаҳри Ню-Йорк ғавғо барангехт. Дар акс Манижа бо либоси атлас тасвир ёфтааст, аммо пеши пироҳанаш боз аст. Онро дар хиёбони машҳури Times Square намоиш доданд. Аксро Spotify, хадамоти пахши мусиқӣ, интихоб кардааст.

Манижа дигарбора дар Тоҷикистон ғавғо барангехт

Ozodi.org 

Ду рӯз инҷониб дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон як акси Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия, ки дар лавҳа ё тоблуи бузурге дар шаҳри Ню-Йорки Амрико гузошта шудааст, мавриди баҳсу баррасии корбарон қарор дорад.

Байден гуфт, агар Русия ба Украина ҳамла кунад, ҳолаш бад мешавад

Ozodi.org 

Ҷо Байден, президенти Амрико, гуфт, хатари ин вуҷуд дорад, ки бӯҳрони украинӣ аз назорат хориҷ шавад. Байден рӯзи чоршанбе гуфт, агар Маскав ба Украина ҳамла кунад, бонкҳои Русия аз ҳаққи муомилот бо доллар маҳрум мешаванд.

Фаъолони Қазоқистон талаб доранд, барои таҳқиқи ҳодисаҳои январ комиссия ташкил шавад

Ozodi.org 

Гуруҳе аз фаъолони маданӣ ва намояндагони ҳизби сабтиномнашудаи Қазоқистон -"Ел тірегі" (Дастгирии кишвар) 19-уми январ дар шаҳри Нурсултон бо баргузории нишасти хабарӣ мақомотро ба таҳқиқи одилонаи ҳаводиси ахир даъват карданд.

Дар Қирғизистон нархи сӯзишворӣ дубора гарон мешавад

Ozodi.org 

Раиси Анҷумани воридкунандаҳои нафт дар Қирғизистон Канатбек Эшатов 20-уми январ иттилоъ дод, ки давоми рӯзҳои оянда нархи як литр бензин то ба 4 сом ва арзиши 1 литр сӯзишвории дизелӣ то ба 6 сом боло хоҳад рафт.



Блинкен як рӯз пеш аз мулоқот бо Лавров ба Аврупо рафт

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки танишҳо миёни Ғарб ва Русия бар сари ҷобаҷо шудани нерӯҳои русӣ дар наздикиҳои марз бо Украина боло гирифтааст, Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, барои гуфтугӯҳо бо шариконии аврупоии Вашингтон вориди Берлин, пойтахти Олмон, шуд.

Нишасти хабарии раиси Кумитаи андози Узбекистон баҳсбарангез шуд

Ozodi.org 

Корбарони шабаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон муносибати раиси Кумитаи андози он кишварро, ки нахост ба ҷавондухтари рӯзноманигор аз расонаи маҳаллии интернетӣ посух гӯяд, зери танқид қарор дода, вайро ба "табъизи ҷинсӣ ва тундхӯӣ" гунаҳкор мекунанд.

Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон. Танҳо аз натиҷаҳо мегӯянд ё тағйироти кадрӣ хоҳад шуд?

Ozodi.org 

Дар Душанбе ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон идома дорад ва, ба гуфтаи манобеи расмӣ, дар он “бурду бохти кишвар дар соли гузашта” баррасӣ мешавад. Мақомот ба ҷуз аз як хабар дар бораи оғози ҷаласа ҷузъиёте намедиҳанд.

Байден: Ҳамла ба Украина барои Русия "фоҷеа" хоҳад шуд

Ozodi.org 

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳамлаи густарда ба Украина барои Русия "фоҷеа" хоҳад буд ва президенти он кишвар Владимир Путин низ дар он сурат бо таҳримҳое аз сӯи Ғарб рӯбарӯ мешавад, ки "то ҳол надидааст".

"Ҷасади тирхӯрда ва завлона ба дасти ӯро дар сардхона ёфтем" ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар пайи ҳодисаҳои аввали январ дар ин кишвар 227 нафар, аз ҷумла 19 корманди ҳифзи ҳуқуқ кушта ва 12 ҳазор кас боздошт шудааст. Бисёре аз хешовандони боздоштшудаҳо ҳарос доранд, ки ба азизонашон туҳмат мешавад.

"Бо захми тир боздошт карда, бурданд"

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар пайи ҳодисаҳои моҳи январ дар кишвар 225 нафар, аз ҷумла 19 корманди ҳифзи ҳуқуқ кушта ва 10 ҳазор нафар боздошт шудааст. Бисёр хешовандони боздоштшудаҳо ҳарос доранд, ки ба азизонашон тӯҳмат мешавад.

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) ба Туркия рафт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 субҳи панҷшанбеи 20-уми январ барои доир кардани ҷамъомади таълимиву тамринии дуҳафтаина ба Туркия парвоз намуд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Новости России
Москва

Сотрудники Росгвардии обеспечили безопасность встречи Благодатного огня в Москве


"Сухане дорам..." Озмуни нави Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Ҳар инсон ҳақ дорад, фикру андешае дошта бошад ва онро баён намояд. Тамоми қонунҳо ба инсон ҳақ медиҳанд, сухани худро озодона баён дорад. Бо умеди он ки шояд ин сухан ба гӯши шунавое расад ва ба дарде даво шавад, роҳеро ба сӯйи хушбахтӣ боз намояд.

Хуруҷи неруҳои СПАД аз Қазоқистон ба анҷом расид

Ozodi.org 

Хуруҷи неруҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) аз Қазоқистон рӯзи 19 январ комилан ба поён расид. Дар ин бора Олжас Ҳусайнов, як масъули вазорати мудофиаи Қазоқистон рӯзи сешанбеи 19 январ хабар дод. "Дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Қазоқистон неруи хориҷӣ ҳузур надорад", - гуфт вай. Ба иттилои ин Олжас Ҳусайнов, 6 январ Русия "бештар аз 2 ҳазор низомӣ" ва 250 техникаи низомӣ ба Қазоқистон овард. Неруҳои СПАД, ки бештари онҳоро низомиёни рус ташкил медоданд, баъди даъвати президенти Қазоқистон... Читать дальше...

Дар Душанбе қаҳрамонии футзали CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занона шуруъ мешавад

Ozodi.org 

Имрӯз, 20-уми январ, дар Душанбе нишасти матбуотӣ бахшида ба оғози мусобиқаи қаҳрамонии футзали Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ба саволҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ширкаткунандаи ин мусобиқа - Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон – посух медиҳанд. Ёдовар мешавем, мусобиқаи мазкур таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ аз 21-ум... Читать дальше...

Раиси СҶТ: "Поёни пандемия COVID-19 дур аст"

Ozodi.org 

Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Гебрейесус дар пасманзари паҳншавии босуръати навъи "Омикрон"-и коронавирус гуфт, "поёни пандемияи COVID-19 дур аст". Гебрейесус 18-уми январ назарҳо дар бораи онро ки гӯё "Омикрон" назар ба намудҳои дигари коронавирус хатари камтар дорад, иштибоҳ хонд. "Омикрон" шояд ба ҳисоби миёна камтар вазнин бошад, вале гуфтаҳо дар бораи он ки ин бемории сабук аст, гумроҳкунанда мебошанд. Иштибоҳ накунед. "Омикрон" метавонад шахсро дар беморхона бистарӣ кунад ё ба марг расонад. Читать дальше...

Заҳролудшавӣ ва марги се сокини Фарғона аз газ

Ozodi.org 

Дар маҳаллаи "Истиқлол"-и шаҳри Фарғонаи Узбекистон се узви як хонавода аз газ заҳролуд шуда, фавтидаанд. Бино ба иттилои расмӣ, ду тани фавтидаҳо соҳибони манзил ва як тани дигар меҳмон будааст. Дар шаҳри Фарғонаи барои таҳқиқи ин ҳодиса комисия ташкил шудааст. Мақомоти Узбекистон хабар доданд, ки дар соли 2021 дар он кишвар 125 кас аз заҳролудшавӣ ва сухтор фавтидааст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

ATP представила новые правила парного тенниса






Сколько французов погибло за Гитлера, а сколько - против.

Артем Молчанов: правильная школа вятского ярославца

Для автомобилей в России введен новый штраф. В зоне риска миллионы водителей

Онкобольную жительницу ДНР отказались госпитализировать в Ростове