Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2022

Новости за 31.01.2022

Боздошти 15 муҳоҷири тоҷик дар Маскав. Ба ҳафт нафар эҳтимоли ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад

Ozodi.org 

Мақомоти Русия 15 шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони иштирок дар занозании гуруҳӣ дастгир кардаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, нисбати ҳафт муҳоҷир парвандаи маъмурӣ боз шуда, ба онҳо эҳтимоли ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад. Як шаҳрванди Тоҷикистон ба авбошӣ гумонбар шудааст.

"Тани Абдулатиф сахт пора шуда буд." Даъватҳо барои қадрдонӣ аз ронандаи кушташудаи "Ёрии таъҷилӣ" дар марз. ВИДЕО

Ozodi.org 

Даҳҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз мақомот хостаанд, ба Абдулатиф Шарифов, ронандаи “Ёрии таъҷилӣ”-и беморхонаи Исфара, унвони давлатӣ бидиҳанд. Абдулатиф Шарифов шаби 26-уми январ ҳангоми кашондани захмиён дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз мушаки миномёт кушта шуд.

Тоҷикистон ба Афғонистон ба $56 млн. доллар барқ фурӯхтааст. Вазир: "Хусусияти иҷтимоӣ дорад"

Ozodi.org 

Намояндагони ширкати "Барқи Тоҷик" гуфтанд, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистон ба маблағи 56 миллион доллар (1 миллиарду 275 миллион киловат соат) нерӯи барқ фурӯхтааст.

Хоманаӣ гуфт, дар паси мушкилоти иқтисодии Эрон тасмимҳои хато аст

Ozodi.org 

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи 30-январ зимни як суханронӣ гуфт, ки оморҳои иқтисодии даҳ соли гузашта "хурсандкунанда" нест ва дар ин амр "мақомоти давлатӣ"-ро гунаҳкор кард.

Қаҳрамони гузориши Радиои Озодӣ "ҷип"-ашро аз даст дод, аммо соҳиби хона шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як гузориши Радиои Озодӣ дар моҳи декабри соли 2021 зиндагии занеро, ки дар хонаи иҷора мезист ва барои рӯзгузаронии худу кӯдаконаш коғаз ва зарфҳои пластикӣ ҷамъ меовард, тағйир дод. Саломат Раҷабова, сокини 34-солаи Душанбе, ҳоло соҳиби хонаи сеҳуҷраӣ шудааст. Мегӯяд, ба ӯ хайрхоҳон ёрӣ доданд.

Зани аробакаш бо ёрии хайрхоҳон соҳиби манзил шуд

Ozodi.org 

Як гузориши Радиои Озодӣ дар моҳи декабри соли 2021 зиндагии занеро, ки дар хонаи иҷора мезист ва барои рӯзгузаронии худу кӯдаконаш коғаз ва зарфҳои пластикӣ ҷамъ меовард, тағйир дод. Ҳоло Саломат Раҷабова, сокини 34-солаи Душанбе, соҳиби хонаи сеҳуҷраӣ шудааст. Мегӯяд, ба ӯ хайрхоҳон ёрӣ доданд.



Кореяи Шимолӣ мушак партоб кард, Кореяи Ҷанубӣ ҷаласа даъват намуд

Ozodi.org 

Кореяи Шимолӣ рӯзи 30-юми январ ба сӯи баҳри Шарқӣ як мушаки ношинохта партоб кард. Дар ин бора хабаргузории "Ренхап" бо такя ба мақомоти Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ дод. Коршиносон гуфтаанд, Кореяи Шимолӣ мушаки болдор партоб кардааст.

Мирзиёев дар Олимпиадаи зимистонаи Чин иштирок мекунад

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими кушодашавии Бозиҳои XXIV-и зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекини Чин иштирок хоҳад кард. Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Узбекистон, Мирзиёев бо даъвати ҳамтои чинияш Си Ҷинпин ба Пекин меравад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии санҷиширо дар Туркия ба "Краснодар" бохт

Ozodi.org 

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия бозии дувуми санҷиширо рӯзи 29-уми январ ба тими Академияи «Краснодар» (U-16) аз Русия бо ҳисоби 1:4 бохт, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ёдовар мешавем, бозии аввали санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Анталия рӯзи 24-уми январ бо мунтахаби наврасони Булғористон (U-16) бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Футболбозони навраси тоҷик имрӯз, 31-уми январ... Читать дальше...

СММ: "Толибон даҳҳо мансабдори пешин ва нерӯи амниятиро куштаанд"

Ozodi.org 

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориш мегӯяд, ки Толибон ва муттаҳидони он, шумораи зиёде аз мақомоти пешин, нерӯҳои амниятӣ ва афродеро, ки барои гурӯҳҳои низомии байналмилалӣ кор карда буданд, куштаанд.

Барои хонаводаҳои камбизоат дар Қирғизистон барқро арзон карданд

Ozodi.org 

Қимати ҳар кВт/соат неруи барқ барои хонаводаҳои камбизоат дар Қирғизистон аз 77 тин ба 50 тин пойин оварда шуд. Тарофаҳои нав аз рӯзи 1 январи соли 2022 ба иҷро даромаданд. Арзон кардани неруи барқро барои сокинони камбизоат президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар моҳи декабри соли 2021 дастур дода буд. Дастури президенти Қирғизистон дар ҳоле содир шудааст, ки он кишвар бо камбуди шадиди неруи барқ рӯ ба рӯ аст. Дар тирамоҳу зимистони кунунӣ оби обанбори Токтогули Қирғизистон ба пойинтарин сатҳ расида... Читать дальше...

Президенти Қазоқистон ба Русия меравад

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, дар як мусоҳибаи телевизионӣ, ки рӯзи 29-уми январ нашр шуд, гуфт, миёнаҳои моҳи феврал барои имзои "созишномаҳои хеле муҳим"-и марбут ба "ҳамкориҳои дарозмуддат" ба Русия меравад. Вай ҷузъиёти сафарашро ошкор накард.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Даниил Медведев

Чех Легечка пожелал здоровья россиянину Медведеву, который снялся с их матча






Коллекционер из Германии обнаружил в куске янтаря из Мьянмы осу возрастом 100 млн лет

Реальная военная мощь Москвы и Пекина оказалась выше, чем предполагали в Вашингтоне

«Большая часть израильских поселенцев — маргиналитет из США и Европы»

Мужчину госпитализировали после стрельбы в Калужской области