Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Март
2022

Новости за 07.03.2022

Ҷанг сахттар, теъдоди паноҳҷӯёни украинӣ зиёдтар мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо шиддат гирифтани ҷанги Русия дар Украина, теъдоди мардуме, ки аз тарси кушта шудан мегурезанд, зиёдтар мешавад. Онҳо асосан ба самти Аврупо мегурезанд, ки ҳамсояҳои наздики Украина ҳастанд.

S7 ба Тоҷикистон парвоз намекунад

Ozodi.org 

Бо афзоиши таҳримҳои Ғарб болои Русия, теъдоди парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон кам шудааст. Коҳиши парвозҳо дар шабу рӯзе пеш омад, ки мавсими сафари муҳоҷирон ба Русия оғоз мешавад. Теъдоди парвозҳо ҳадди ақал то 25-30 адад коҳиш ёфтааст.

"Пули билетро бармегардонанд". Дар оғози мавсими муҳоҷират қариб 30 парвоз ба Русия бекор шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар пайи афзоиши таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав теъдоди парвози ҳавопаймоҳои Русия ба Тоҷикистон кам шудааст. Ин дар ҳолест, ки мавсими сафари муҳоҷирон ба Русия оғоз мешавад. Муҳоҷирони тоҷик аз он нигаронанд, ки коҳиши парвози ҳавопаймоҳо метавонад, нархи билетро боло барад.

Занон гуфтанд, ки чаро Толибон онҳоро бад мебинанд

Ozodi.org 

Имсол Рӯзи занро садҳо зани афғон дур аз хона ҷашн мегиранд, ҳазорҳо нафари дигаре, ки дар Афғонистон мондаанд, аз бисёр озодиҳои худ маҳрум шуда рузҳои дигари худро кунҷи хона сипарӣ мекунанд. Пас аз суқути ҳукумати Кобул бори нахуст занҳои муҳоҷири афғон дар Душанбе Иди модарро ҷашн гирифтанд.

Баҳси 10 ҳазор доллар. Барои Иззат Амон парвандаи нав боз кардаанд

Ozodi.org 

Ба зидди Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирони тоҷик, парвандаи нав кушодаанд. Наздиконаш гуфтанд, муфаттишони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯро ба қаллобӣ ба маблағи даҳ ҳазор доллар гумонбар медонанд.

Теъдоди паноҳҷӯёни украинӣ зиёдтар мешавад

Ozodi.org 

Бо шиддат гирифтани ҷанги Русия дар Украина, теъдоди мардуме, ки аз тарси кушта шудан мегурезанд, зиёдтар мешавад. Онҳо асосан ба самти Аврупо мегурезанд, ки ҳамсояҳои наздики Украина ҳастанд.



Беш аз 6 миллион қурбонии коронавирус дар сайёра дар беш аз 2 соли пандемия

Ozodi.org 

Дар оғози соли сеюми пандемияи коронавирус ҳисоб шудааст, ки беш аз 6 миллион нафар дар саросари ҷаҳон  аз COVID-19 даргузаштанд. Бар асоси ҳисобҳои пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, то 7-уми марти соли 2022 шумори мардуми даргузашта аз коронавирус дар сайёра 6 миллиону 97 нафарро ташкил додааст, ки ҳатто бештар аз шумори сокинони як шаҳри Барселона мебошад. Муҳаққиқони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯянд, ки мубориза бо вирус ҳамоно дар бисёр кишварҳои ҷаҳон идома дорад ва омори расмии нашршуда дар асл ниҳоӣ нест. Читать дальше...

Баҳси Украинаву Русия сари долонҳои амни ҳаракати паноҳҷӯён

Ozodi.org 

Украина Маскавро дар он гунаҳгор кард, ки аз роҳи танҳо ба Русия ё Беларус берун бурдани  паноҳҷӯёни фирорӣ аз минтақаҳои ҷангии Украина мехоҳад ҷомеаи ҷаҳониро гумроҳ кунад. Ҳоло мавҷи азими паноҳҷӯён талош дорад аз Киев, пойтахти Украина ва ҳам шаҳрҳои Мариупол, Харков ва Суми берун шавад. Сухангӯи президенти Украина ин амалро «комилан ғайриахлоқӣ» номид ва гуфт, ки шаҳрвандони Украина ҳақ доранд, ки ба хоки кишвари худ ҳаракат кунанд. Роҳҳои берун бурдани мардум аз Украина, ки ба навиштаи РИА... Читать дальше...

Муфиза, наққоши рақамӣ. "Шуғле барои оромиши рӯҳ, на фоида". ВИДЕО

Ozodi.org 

Муфиза Кенҷаеваи 25-сола наққоши диҷитол ё рақамӣ, як бахши нави ҳунар дар Тоҷикистон аст. Вай чеҳраҳо, дарду ранҷи одамон ва хатарҳоро ба муҳити зист на дар рӯйи варақ, балки дар компютер тасвир мекунад.

Муфиза як бахши нави ҳунарро дар Тоҷикистон таҷриба мекунад

Ozodi.org 

Муфиза Кенҷаеваи 25-сола наққоши диҷитол ё рақамӣ, як бахши нави ҳунар дар Тоҷикистон аст. Вай чеҳраҳо, дарду ранҷи одамон ва хатарҳоро ба муҳити зист на дар рӯйи варақ, балки дар компютер тасвир мекунад.

Паноҳандаи қазоқ аз Шинҷон ба Аврупо расидааст

Ozodi.org 

Ерсин Еркинулӣ, қазоқтабори Шинҷони Чин, ки соли гузашта чанд моҳ дар Украина дар маркази муҳоҷирон дар боздошт буд, марзи Украина бо Лаҳистонро гузашта, ба Аврупо ворид шудааст.

Ҳайати Украина: Масъалаи ҳудуд монеи созиш бо Русия аст

Ozodi.org 

Узви ҳайати Украина дар музокирот бо Русия, раҳбари ҷиноҳи порлумонии Ҳизби "Хидматгори мардум", Давид Арахамия, гуфт, ягона масъалае, ки ҷонибҳо наметавонанд ба созиш бирасанд, ин эътирофи пайвастани Қрим ва истиқлоли ҷумҳуриҳои "мардумӣ"-и Донетск ва Луганск аст.

Дар Душанбе қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-18) баргузор мешавад

Ozodi.org 

Аз 11-ум то 15-уми март дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 18-сола баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи минтақавӣ чаҳор дастаи мунтахаби духтарон аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд. Мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Иззатулло Исҳоқов омода месозад. Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2022 ҳамагӣ шаш бозӣ баргузор мешавад. Читать дальше...

Шумораи гурезаҳои Украина ба 1,5 млн нафар расид

Ozodi.org 

Дар давоми даҳ рӯзи амалиёти низомии Русия зидди Украина шумори гурезаҳо ба 1,5 миллион нафар расидааст. Дар ин бора Филиппо Гранди, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон хабар дод. Ваколатдори порлумони Украина оид ба ҳуқуқи инсон Людмила Денисова гуфт, сокинони як қатор минтақаҳои аҳолинишинро, ки таҳти идораи Луганск қарор гирифтаанд, маҷбур доранд, то шиносномаи ин "ҷумҳурии мардумӣ"-ро бигиранд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони Луганск шиносномаҳои украиниии шаҳрвандонро иҷборан мусодира мекунанд. Читать дальше...

Аз рӯзноманигорони узбек талаб шудааст, ҳаводиси Украинаро бетарафона бозтоб диҳанд

Ozodi.org 

Расонаҳои давлатии Узбекистон дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина тақрибан чизе наменависанд ва рӯзноманигорони мустақилу блогерҳҳо барои бозтоби он таҳти фишор қарор мегиранд. Ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ, охири ҳафтаи гузашта чандин рӯзноманигор ва блогерро ба шуъбаи Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон даъват карда, аз "оқибатҳои навиштаҳо дар бораи ҳаводиси Украина" ҳушдор додаанд. Яке аз ин блогерҳо ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, 28-уми феврал ба шуъбаи тафтишотии хадамот дар Тошканд даъват шуда буд. Читать дальше...

Дар ду шаҳри Қирғизистон маркази муҳоҷирати Русия таъсис меёбад

Ozodi.org 

Қарор аст, тобистони соли равон дар ду шаҳри Қирғизистон -- Ӯш ва Бишкек марказҳои муҳоҷирати Русия фаъолиятро шуруъ кунанд. Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ин масъала 4 март дар мулоқоти сардори Департаменти хадамоти консулии вазорат Алмос Имонғозиев бо раҳбарияти маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати "Сахарово"-и вилояти Москва баррасӣ шудааст. Мулоқот дар доираи сафари расмии вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев ба Русия баргузор баррасӣ шудааст. Пештар... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

«Титул, которым я горжусь больше всего»: Рублёв одолел Оже-Альяссима и выиграл второй турнир серии «Мастерс» в карьере






ЦБ прикрутит гайки банкам из-за завышенных комиссий по кредиткам

Цитата Гитлера и давление соцсетей: что сказал Бишимбаев в последнем слове

В парке «Патриот» открыли памятник письмоносице времен Великой Отечественной войны

Суд арестовал главу Восточно-Арктической нефтегазовой корпорации Неверова