Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Март
2022

Новости за 15.03.2022

"Ҳеч кас пул ва ташхис напурсид." Тоҷикистону Узбекистон гузаргоҳҳои марзиро кушоданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тоҷикистону Узбекистон баъди бештар аз ду соли "танаффус" гузаргоҳҳои марзиро кушоданд. Сарҳади ду кишвар соли 2020 дар пайи паҳншавии бемории коронавирус баста шуда буд ва моҳҳои охир ба таври маҳдуд кор мекард.

Ҷанг ба Киев наздиктар мешавад. Фирори қариб се миллион кас аз Украина. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Бо вуҷуди идомаи бомбаборони сахти Русия дар Украина, ду тараф дигарбора сари мизи музокирот нишастанд. Дар муддати 20 рӯзи ҷанг бештар аз 2 миллиону 800 ҳазор украинӣ аз кишварашон гурехтаанд.

Ҳамлаи нерӯҳои Русия ба минтақаҳои атрофи Киев

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки ду тараф дар ҳоли барномарезӣ барои гуфтугӯи бештар ҳастанд, нерӯҳои Русия ҳамлаҳои шабонаи худро ба атрофи Киев афзоиш доданд ва талошҳои худро барои тасарруфи шаҳри бандарии муҳими Мариупол дар ҷануб бештар кардаанд.



Бародари вазири нақлиётро аз мансаб рондаанд, баҳси замин кам мешавад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон дар пайи шикояти чанде аз сокинони Балҷувон аз мансаб ронда шудааст. Ҳасан Иброҳимзода, бародари Азим Иброҳим, дастикам то моҳи декабри соли 2021 муовини раиси ноҳия дар масъалаи сохтмону замин буд.

Бародару домоди Назарбоевро ба биткоинсозӣ муттаҳам карданд

Ozodi.org 

Оҷонси мониторинги молии Қазоқистон мегӯяд, фаъолияти коргоҳҳои ғайриқонунии биткоинсозиро ошкор кардааст, ки ба Болат Назарбоев, бародари хурдии президенти пешин Нурсултон Назарбоев ва домодаш Кайрат Шарипбоев тааллуқ доранд.

Вакилон наметавонанд Марина Овсянниковаро пайдо кунанд

Ozodi.org 

Вакилони мудофеъ то ҳол наметавонанд, Марина Овсянникова, муҳаррири Шабакаи аввали Русияро, ки баъди шиорпартоияш алайҳи ҷанг дар Украина дар пахши мустақими барномаи хабарӣ боздошт шуда буд, пайдо кунанд.

Бердимуҳаммадов буд, Бердимуҳаммадов шуд. Интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Туркманистон

Ozodi.org 

Туркманистон кишвари нахустине дар Осиёи Марказӣ шуд, ки интиқоли қудратро аз падар ба писар таҷриба кард. То ин замон чунин таҷрибаро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравии пешин ҳукумати Озарбойҷон татбиқ кардааст.

КҲФ мегӯяд, дар пайи боронгариҳо 12 оила дар Турсунзода ба ҷойҳои бехафв кучонида шуданд

Ozodi.org 

Дар пайи боронгариҳои рӯзҳои ахир, 12 хонаводаро аз минтақаҳои осебпазири шаҳри Турсунзода ба ҷойҳои бехаф кӯчондаанд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, “кӯчонидани хонаводаҳо муваққатӣ буда, он барои наҷоти ҳаёти одамон зарур аст.” Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, дар қитъаҳое, ки мардум аз он ҷо кӯчонида шуданд, сел омад. Дар он ҷо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён дошта, зиёни расида ҳисобу китоб мешавад. Ба гуфтаи мақомот, боронгариҳои рӯзҳои ахир дар бисёр минтақаҳои кишвар... Читать дальше...

Новости России
Москва

Пресс-релиз | CRYPTONIUM | Новая экосистема для заработка на криптовалюте | Арбитраж | Трейдинг | Обучение


Эътирози рӯзноманигори Шабакаи аввали Русия ба ҷанги Украина

Ozodi.org 

Шоми 14-уми март дар вақти пахши мустақими барномаи хабарии Шабакаи аввали Русия, як рӯзноманигори ин идора алайҳи ҷанг дар Украина шиор дод. Вақте ровии барномаи ахбори Шабакаи аввали Русия дар бораи ҷанги Украина суҳбат мекард, Марина Овсянникова, муҳаррири ин идора дар даст шиор гирифт ва дар пушти сари ровӣ пайдо шуд. Дар варақе, ки Овсянникова дар даст дошт, навишта шудааст, ки "Нест бод ҷанг. Ҷангро бас кунед, ба таблиғот бовар накунед, инҷо шуморо фиреб медиҳанд".  Бахши русии Радиои Озодӣ менависад... Читать дальше...

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Урдун 8 медал гирифтанд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 2-14-уми март дар шаҳри Уммони Урдун баргузор шуд, варзишгарони тоҷик 8 медал (2 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи қитъавӣ беш аз 350 варзишгар аз 21 кишвари қора – Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Кувайт, Қазоқистон, Қирғизистон, Лубнон, Муғулистон, Непал, Покистон, Сурия, Тайланд, Тоҷикистон, Узбекистон, Урдун, Фаластин, Филиппин, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Эрон ва Яман - ширкат доштанд. Дар сабқати... Читать дальше...

Баъд аз интихоботи президентӣ дар Туркманистон коргарони бахши газу нафтро ихтисор карданд

Ozodi.org 

Дар корхонаҳои коркарди нафту газ дар Туркманистон ихтисори коргарон сурат гирифтааст. Ин ихтисор билофосила баъди баргузор шудани интихоботи президентӣ сурат мегирад. Ба иттилои манобеъ, ихтисори коргарон дар корхонаҳое низ сурат гирифтааст, ки ширкатҳои хориҷӣ дар он саҳм доранд. Ин дар ҳолест, ки Сардор Бердимуҳаммадов - ба эҳтимоли зиёд президенти тозаинтихоби Туркманистон ва ҳамзамон писари президенти амалкунандаи он кишвар - дар барномаи интихоботиаш таъсиси ҷойҳои бештари кориро ваъда дода буд.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА: Чин омодаи кӯмаки низомӣ ба Русия ҳаст

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии ИМА бо ирсоли ҳуҷҷате ба ҳампаймононаш хабар додааст, ки Чин омода аст, ба Русия кӯмаки низомӣ расонад. Дар ин бора The Financial Times бо такя ба дипломатҳои амрикоӣ хабар медиҳад. Расонаҳо рӯзи 13-уми март навишта буданд, ки Русия аз Чин дархости кӯмак кардааст. Аммо маълум нест, ки оё Чин дар фурсатҳои наздик кӯмак хоҳад расонд ё на. Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии ИМА тасмим дорад, ин масъаларо дар мулоқот бо намояндаи вазорати корҳои хориҷии Чин Ян Тзечӣ дар Рим баррасӣ кунад. Читать дальше...

Дар Қирғизистон раиси пешини ширкати мобилии "Мегаком"-ро ҳабс карданд

Ozodi.org 

Оқилбек Жамангулов, мудири пешини ширкати мобилии "Мегаком"-и Қирғизистонро то рӯзи 12-уми май ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Қарори ҳабси ӯро додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 14-уми март содир кард. Канат Ҳасанов, вакили мудофеи Жамангулов гуфт, ки ӯро дар асоси доду гирифти молии ду шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ боздошт кардаанд. Маълум нест, зидди мудири пешини ширкати "Мегаком" кӣ шикоят кардааст. Вай рӯзи 12-уми март ба бозпурсӣ даъват ва ҳамон рӯз боздошт шуд. Бархе аз расонаҳо навиштанд... Читать дальше...

Мардони тоҷик дар Украина "мондаанд". Як зани тоҷик мегӯяд, ба Чехия роҳ наёфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як зани тоҷик иддао дорад, ки ӯро бо ду кӯдакаш аз Чехия “ба Украина бозпас фиристодаанд”. Фотимаи 47-сола панҷ сол боз дар Полтаваи Украина кору зиндагӣ мекард ва дар пайи ҳамлаи Русия аз он кишвар берун шуд, вале 14-уми март дигарбора ба макони зисташ баргашт.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

«Титул, которым я горжусь больше всего»: Рублёв одолел Оже-Альяссима и выиграл второй турнир серии «Мастерс» в карьере






Асфальтирование услуги Санкт-Петербург

День святого Георгия Победоносца - традиции и суть дня

В России растет число жалоб на таксистов-извращенцев

РЕН ТВ: один человек пострадал в результате стрельбы в Калуге