Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Март
2022

Новости за 11.03.2022

Дар Чоркӯҳ чӣ шуду чӣ гузашт?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи муноқишаи шаби 11-уми март дар марз шурӯъ карданд. Сокинони минтақаҳои марзӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, ки тирпаронӣ нимашаби 11-уми март рух дода, чанд хона осеб дидааст.

Роскомнадзор истифодаи  Instagram-ро дар Русия номумкин мегардонад

Ozodi.org 

Роскомнадзор - идораи назораткунанда бар расонаҳо дар Русия эълон кард, ки шабакаи Instagram  дар ҳудуди Русия баста мешавад. Сабаб, ба гуфтаи ин ниҳод, “даъват ба зӯроварӣ нисбати мардуми рус” будааст. Дар ин бора дар саҳифаи расмии Роскомнадзор хабар дода шудааст. Қаблан Додситонии кулли Русия ҳам талаб карда буд, ки  Instagram баста шавад.   "Дар шабакаи иҷтимоии Instagram маводу маълумоти дорои зӯроварӣ ва даъват ба амалҳои табъизомез нисбати шаҳрвандон ва низомиёни Русия нашр мешавад,” -  омадааст дар хабарномаи мақомоти Русия. Читать дальше...

Хабарнигори бахши украинии Радиои Озодӣ аз мушакҳои русӣ осеби мағзӣ дид

Ozodi.org 

Дар Украина ҳангоми ҳамлаҳои мушакӣ дар беруни шаҳри Киев Марян Кушнир, хабарнигори бахши Украинии Радиои Озодӣ осеби мағзӣ дид. Кушнир, ки бо артиши украинӣ қарор дошт, соатҳои 3-и шаби 11 март ҳангоми ҳамлаи мушаки русӣ осеб дид. Ҳодиса дар шаҳри Боришевка дар 35-километрии шаҳри Киев рух дод. Кушнир гуфт, ки дар ин ҳодиса чандин хисороти дигар ҳам рух дод, вале касе кушта нашуд.  Ба ӯву дигар маҷрӯҳшудаҳо коргарони изтирорӣ ва табибони низомӣ ёрӣ расониданд. Кушнир аз соли 2015 бо Радиои Аврупои... Читать дальше...

Ба мардуми Русия дар бораи ҷанг чӣ мегӯянд?

Ozodi.org 

Ба назар мерасад, ки ҷанги Русия дар Украина тавсеа меёбад ва хатари ба як бӯҳрони ҷиддии башарӣ табдил шудани вазъ хеле зиёд аст. Дар ҳоле, ки сокинони осоишта мавриди мушакборон қарор мегиранд дар Русия мардум аз асли ин воқеаҳо бехабар мондаанд.

"Даҳ бор ба вазорат занг мезанӣ..."

Ozodi.org 

Имрӯз 11-уми март дар Тоҷикистон 110 солагии маҷбуоти тоҷикро таҷлил карданд. Ҳарчанд давлати Тоҷикистон озодии баёнро дар қонунгузориаш кафолат додааст, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, воқеият дигар аст. Муллораҷаб ва Барот Юсуфӣ вазъро дар мисоли чанд хабарнигори тоҷик тасвир мекунанд.

"Дар шаҳри бегона беазоб намешавад"

Ozodi.org 

Беш аз 300 муҳоҷири тоҷике, ки аз Украина ба Лаҳистон фирор карда буданд рӯзи 11-уми март ба ватан бурда шуданд. Гурӯҳи нахустини фирориён аз ҷанг субҳ ба Душанбе расиданд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам чанде аз онҳоро истиқбол гирифта ва суҳбат карданд.

Шабакаҳои иҷтимоии русӣ дастрасӣ ба хабарҳои Радио Свободаро масдуд карданд

Ozodi.org 

Ду шабакаи иҷтимоии маъруфи русӣ – “ВКонтакте” ва “Одноклассники” бо дархости идораи Роскомнадзор дастрасӣ ба маводи Радио Свобода – бахши русии Радиои Озодиро масдуд карданд. Ин иқдоми дигаре дар самти маҳдуд кардани дастрасии сокинони Русия ба хабарҳои ғайридавлатии бетараф ва санҷидашуда мебошад. Инчунин пойгоҳи Yandex.Zen, ки бахше аз  шабакаи ҷустуҷӯии Yandex аст, ҳамчунин дастрасӣ ба маводи Радио Свободаро масдуд кард. Ширкатҳо гуфтанд, ки дархости Роскомнадзор бар пояи аризаи прокуратураи генералӣ сурат гирифтааст. Читать дальше...



Боздошти Ифтихор Саидбеков дар Хоруғ. Фаъолон аз "фишор" мегӯянд, полис аз "авбошӣ"

Ozodi.org 

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) мегӯянд, намояндаҳои мақомоти умури дохила як узви  гурӯҳи 44-нафараи ҷомеаи шаҳрвандиро боздошт карданд.

"Мушкили дастрасӣ ба иттилоъ, фишор, маоши кам..." Дар Иди матбуот аз мушкилоти соҳа гуфтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзноманигорони тоҷик дар рӯзи идашон 11-уми март аз мақомот мехоҳанд, дастрасӣ ба иттилоъро осон карда, фишорҳоро қатъ кунанд ва маошҳоро низ бознигарӣ намоянд.

Иштироки се паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Tunis African Open 2022"

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бози ҷудо "Tunis African Open 2022", ки рӯзҳои 12-13-уми март дар Тунис баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа иштироки 167 варзишгар (108 мард ва 59 зан) аз 20 кишвари панҷ қора дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се варзишгар – Муҳаммадраҳим Сарахонов, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни -73 кг) ва Хушвахт Идиев (-81 кг) - намояндагӣ мекунанд. Барномаи мусобиқа: 12-уми март (шанбе). Читать дальше...

Дар Жанаозени Қазоқистон сокинони бекор 40 рӯз аст, эътироз доранд

Ozodi.org 

Рӯзи панҷшанбеи 10-уми март сокинони бекори шаҳри Жанаозени Қазоқистон 39-умин рӯзи эътирози худро давом доданд. Жанабой Нуъмонов, яке аз роҳбарони эътирозгарон гуфт, дар рӯзҳои охир теъдоди эътирозгарон пушти дари ҳукумати шаҳри Жанаозен афзудааст. Нуъмонов гуфт, ба 150 ҷойи корие, ки ҳукумати маҳаллӣ пешниҳод карда буд, касоне ирсол шудаанд, ки вазъи бади молӣ доранд. Ҳамзамон эътирозгарон даҳҳо пешниҳоди ҷойи кориро ба далели кам будани музди меҳнат рад кардаанд. Мақомот ба иловаи пешниҳоди ҷойи корӣ... Читать дальше...

Навалний аз русҳо хост, ки ба намоиши эътирозии зидди ҷанг алайҳи Украина баланд шаванд

Ozodi.org 

Сиёсатмадори зиндонии Русия Алексей Навалний аз мардуми кишвараш хост, ки  рӯзҳои истироҳат зидди ҷанг дар Украина ва ҳуҷуми бесабаби Русия ба хоки ин кишвар намоиши эътирозӣ ташкил кунанд. Навалний дар даъваташ хост, ки мардум алайҳи мошини “таблиғотӣ”-и сохтаи президент Владимир Путин раҳпаймоӣ кунанд. Дар изҳороти рӯзи 11 март дар Инстаграм нашршудааш шадидтарин мунаққиди Кремл мардумро даъват кард, ки тарсу ҳаросро канор гузошта ба хиёбонҳо бароянд. Ӯ гуфтааст, “пеши роҳи марди девона Путинро ҳамин мардум гирифта метавонад... Читать дальше...

Путин иҷоза дод, ки хориҷиҳо дар сафи ҷудоиталабони украинӣ биҷанганд

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 11 март гуфт, ки хориҷиҳо бояд барои ширкат дар ҷанги алайҳи Украина роҳ дода шванд ва ҳам барои ба дасти ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Маскав дар шарқи Украина гузаштани системаҳои ғарбии мушакӣ иҷоза дод. Путин  дар посух ба изҳороти вазири дифоъ Сергей Шойгу дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки гуфт, 16 ҳазор “ихтиёриён” аз Ховари Миёна омода ҳастанд аз ҷониби Русия биҷанганд, гуфт, ки бо роҳ додани хориҷиҳо ба сафи  нирӯҳои Русия розӣ аст.  “Агар шумо бинед, ки мардуме... Читать дальше...

Аломатҳои тавсеаёбии ҷангҳо дар Украина. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати дифои Русия гуфт, ки нирӯҳояш ду пойгоҳи ҳавоии низомии Украинаро дар шаҳрҳои Лутск ва Ивано-Франковск хароб ва ғайри қобили истифода гардониданд. Ба назар мерасад, ки ҷанги се ҳафта пеш шурӯъкардаи Русия дар хоки Украина тавсеа меёбад ва хатари ба як бӯҳрони ҷиддии башарӣ табдил шудани вазъ хеле зиёд аст. Хабаргузориҳои давлатии русӣ аз қавли сухангӯи вазорати дифои ин кишвар Игор Конашенков гуфтанд, ки аз замони шурӯи ҷанг дар таърихи 24-уми феврал, ки русҳо онро “амалиёти вижаи низомӣ” меноманд... Читать дальше...

Оғози қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 18-сола дар Душанбе

Ozodi.org 

Имрӯз, 11-уми март, дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи  Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 18-сола оғоз меёбад. Дар ин мусобиқа чаҳор дастаи мунтахаби духтарон аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд. Рӯзи 10-уми март дар Душанбе нишасти матбуотӣ бахшида ба оғози мусобиқаи мазкур баргузор шуд. Сармураббиёни ҳарчор тими  ширкаткунандаи мусобиқа ба хабарнигорон дар бораи омодагии дастаҳояшон ба бозиҳо иттилоъ доданд. Иззатулло Исҳоқов... Читать дальше...

Украина дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Чин дар мақоми дуюм аст

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ, ки дар Пекин ҷараён дорад, баъди  натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот мунтахаби Украина бо касби 22 медал (7 тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти ҳам сифати   медалҳо ваҳам теъдоди онҳо дар ҷойи дуюм аст. Мунтахаби Чин бо касби 44 медал (12 тилло, 14 нуқра ва 18 биринҷӣ) мисли пешин мақоми аввалро азони худ кардааст. Мунтахаби Канада бо касби 19 медал (7 тилло, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст. Дар байни даҳгонаи аввал... Читать дальше...

Қазоқистон гуфт, таҳримҳо алайҳи Русия ба нафти ин кишвар дахл надоранд

Ozodi.org 

Вазири энержии Қазоқистон Болат Акчулаков дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, таҳримҳо алайҳи Русия ба нафти ин кишвар дахл нахоҳанд кард. "Имрӯз ҳеч гуна таҳриме зидди нафти Қазоқистон вуҷуд надорад. Интиқоли он тавассути Русия бе монеа сурат мегирад. Дирӯз ИМА гуфт, аз нафти Русия даст мекашад, вале барои Қазоқистон пеш аз ҳама муҳим аст, ки тибқи низоми муқаррарӣ кор кунад", - изҳор дошт ӯ. Вай афзуд, ки дар робита ба интиқоли нафти Қазоқистон тавассути Русия ҳеч гуна таҳрим ё маҳдудияте ҷорӣ нашудааст. Читать дальше...

Раиси пешини КДАМ-и Қазоқистон ба гирифтани $2 млн аз як кишвари хориҷӣ айбдор мешавад

Ozodi.org 

Раисми пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов ба гирифтани ду миллион доллар аз намояндаи кишвари хориҷӣ дар асоси як қарордоди махфӣ айбдор мешавад. "Дар рафти тафтишот дар фаъолияти Масимов нишонаҳои фасодкорӣ ошкор карда шуд. Аз ҷумла, ӯ ҳангоми раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон будан бар асоси як қарордоди махфӣ аз намояндаи кишвари хориҷӣ 2 миллион доллар гирифтааст", - омадааст дар иттилоияи расмӣ. Ба огаҳии кумита, "ин пулҳо аз Ҳонгконг ба Бонки миллии Қазоқистон баргардонида шудааст". Читать дальше...

Ғанӣ Абдулло. Аз “душмани халқ” то пешниҳод ба Ҷоизаи Рӯдакӣ

Ozodi.org 

Рӯзи 11-уми март 110-солагии драматурги шинохтаи тоҷик, Ғанӣ Абдулло, ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат писараш, таҳлилгари саршинос Рашид Ғанӣ Абдулло, баъзе аз хотира ва андешаҳои худро пешкаши хонандагони гиромӣ мекунад.

Чанд сокини Чоркӯҳ гуфтанд, ки дубора садои тирпаррониро шуниданд. Мақомот чизе намегӯянд

Ozodi.org 

Чанд сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки шаби 11-уми март дигарбора садои тирпарронӣ дар сарҳад шунида шудааст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Даниил Медведев

Чех Легечка пожелал здоровья россиянину Медведеву, который снялся с их матча






Валиеву и Щербакову исключили из списка действующих спортсменов в базе данных «Спорт вокруг»

В Москве похитили глухого парня и потребовали выкуп у его мамы за секстинг с 15-летней

6 мая: какой сегодня праздник, что было в этот день

КАЛМЫКИЯ. В Москве презентовали первый калмыцкий парфюм