Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2022

Новости за 04.04.2022

Сафорати ИМА ба марзбонони тоҷик таҷҳизот кумак кард

Ozodi.org 

Сафорати ИМА ба марзбонони тоҷик барои ҳифзи марз ба маблағи наздик ба се миллион доллари амрикоӣ таҷҳизот кумак кардааст. Ин кумакҳо аз радиоҳо, мошинҳои боркаш ва маҷмӯаҳои қисмҳои эҳтиётии “Ҷип J8” будааст. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми апрел дар хабарномае гуфтааст, ки соли гузашта ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон “18 адад мошини "Ҷип J8" ба маблағи 1,4 миллион доллар тақдим карда буд.” Кордори муваққатии ИМА дар Тоҷикистон, хонум Уокер дар маросим супурдани таҷҳизот гуфтааст... Читать дальше...

Хонаводаи ҷавони шиканҷашуда аз ВКД 400 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб доранд

Ozodi.org 

Хонаводаи Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода, ки барои шиканҷаи ӯ се корманди милиса маҳкум ба зиндон шуд, аз  Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар талаб доранд.

Шоҳида Маҳмадҷонова худро "гунаҳкор" донист, аммо телефонаш чанд моҳ дар дасти полис буд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Таҳқиқи парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов ба анҷом расида, тафтишот ӯро дар ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор донистааст. Наздиконаш ва масъулони “Гуруҳи 24” дар хориҷа айбномаи мақомотро рад кардаанд.

Модари блогери тоҷикро додгоҳе дар Душанбе муҳокима хоҳад кард

Ozodi.org 

Таҳқиқи парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов ба анҷом расида, тафтишот ӯро дар ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор донистааст. Наздиконаш ва масъулони “Гуруҳи 24” дар хориҷа айбномаи мақомотро рад кардаанд.

Куштори мардуми Буча. Ҷаҳон маҳкум кард, Русия "иғво" номид

Ozodi.org 

Далелҳои бераҳмии такондиҳандаи неруҳои Русия дар шаҳраки Буча, 37-километрии шимол-ғарби Киев, баёнияҳои шадидлаҳни ҷомеаи ҷаҳониро ба бор оварданд, аммо Маскав аксу видеоҳоро аз ин ҷо ҳамчун "иғво" рад мекунад.

Президенти пешини Қирғизистонро дубора иҷборан ба додгоҳ бурданд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон 4 апрел бояд парвандаи марбут ба ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 дар он кишварро баррасӣ мекард. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ҳам ба додгоҳ эҳзор карданд. Вакили дифои ӯ Замир Жоошев гуфт, ки шахси зери ҳимояашро иҷборан ба толори додгоҳ овардаанд. Президенти пешини Қирғизистон ба суоли рӯзноманигорон посух дод. Дертар Отамбоев изҳор дошт, ки вазъи саломатияш бад шудааст ва барои ӯ "Ёрии таъҷилӣ"-ро даъват карданд. Баррасии парванда ба рӯзи 5 апрел гузошта шудааст. Читать дальше...



Муовини раиси порлумони Узбекистон зидди баргузории “Полки абадӣ” баромад

Ozodi.org 

Муовини раиси палатаи поёнии порлумони Узбекистон ва раиси Ҳизби "Миллий Тикланиш" Алишер Қодиров гуфт, зидди баргузории роҳпаймоии "Бессмертный полк" ё "Полки абадӣ" дар кишвараш аст. "Полки абадӣ" намоиши нерӯи заиф ва як абзори таблиғи Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Мо зидди чунин намоишҳо ҳастем", - навиштааст Қодиров 3 апрел дар Телеграми худ. Баргузории ин роҳпаймоиро дар Узбекистон сафорати Русия дар шаҳри Тошканд ва Оҷонси "Россотрудничество" сармоягузорӣ мекунад. Ду соли ахир баргузории роҳпаймоӣ... Читать дальше...

Писари марде, ки дар Балҷувон бо бародари вазир даъво дошт, боздошт шуд

Ozodi.org 

Як ҳафта пас аз ҳабс шудани Саидмӯъмин Давронов, сокини ноҳияи Балҷувон, ки бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон, барои замин даъвои додгоҳӣ дошт, кормандони умури дохилии ноҳия писари ӯ Сайфуддинро низ боздошт кардаанд. Фариштамоҳ Каримова, ҳамсари Саидмӯъмин Давронов, рӯзи 4 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти писараш рузи ҷумъа сурат гирифта, мақомот сабаби онро шарҳ надоданд. Пештар низ Сайфуддини 27-сола ҳамроҳи падараш боздошт, вале пас аз як рӯз озод гашта буд. Читать дальше...

Пирӯзии варзишгарони узбеку қирғиз дар ниммарафони байналмилалӣ дар Тошканд

Ozodi.org 

Дар ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, ҳудуди 2300 варзишгар аз 31 давлат иштирок карданд, хабар медиҳаи сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ниммарафони СҲШ дар пойтахти Узбекистон дар ду масофа - 10 км ва 21 км 97,5 м сурат гирифт. Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ Тоҷикистонро чаҳор варзишгар -Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсидинов, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода ва Раҷабмо Абдуллоева - намояндагӣ карданд. Натиҷаи... Читать дальше...

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 оғоз ёфт

Ozodi.org 

Дар нахустин даври мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 2-3-юми апрел баргузор шуд, чаҳор бозӣ доир гардид, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар 31-умин мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон даҳ бошгоҳи лигаи олӣ – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳарду аз Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Хатлон” (Бохтар) , «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод) - иштирок мекунанд. Читать дальше...

Боздошти сартабиби бемористони Горди миллии Тоҷикистон барои "порагирӣ"

Ozodi.org 

Сардори қисми тиббии Бемористони ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани пора аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шудааст. Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 4-уми апрел хабар дод, ки Маҳмадӣ Охунов аз як шаҳрванд барои "ноқобил донистани ба хизмати ҳарбӣ", 25 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ба иттилои манбаъ, кормандони Оҷонсӣ дар пайи як амалиёт, дар утоқи ултрасадои бинои Шифохонаи ҳарбӣ ӯро баъди гирифтани 23 ҳазор сомонӣ боздошт карданд. Дар хабари Оҷонсии мубориза зидди фасод... Читать дальше...

"Чойхонаро барқарор созед." Даъвои сокинон бо соҳибкор дар ноҳияи Ғафуров

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз сокинони деҳаи Шайх Бурҳони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тахриб шудани чойхонаи назди маҳаллаашон шикоят доранд. Онҳо талаб доранд, ки чойхонаро дубора барқарор созанд.  Ба гуфтаи онҳо, ин чойхонаи мардумиро соҳибкоре ба нияти сохтмони фурушгоҳ харидорӣ карда ва тобистони соли гузашта бе ризоияти бошандагони деҳа вайрон намудааст.  Соҳибкори маҳаллӣ мегӯяд, онҷоро барои обод кардан аз мақомоти маҳаллӣ харидорӣ кардааст

Темур Раҳимов дар "Antalya Grand Slam 2022" медали биринҷӣ гирифт

Ozodi.org 

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam 2022", ки рӯзи якшанбеи 3-юми апрел дар Туркия ба поён расид, дар вазни беш аз 100 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Темур, ки дар даври аввал озод буд, баъдан бар Грегори Прайор аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Магомедумар Магомедумаров аз Имороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар чорякфинал аз Ричард Сипоч (Маҷористон) мағлуб шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври тассалобахш Ушанги Кокаурии озарбойҷониро мағлуб кард. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Швентек и Соболенко устроили триллер за престижный трофей






«Большая часть израильских поселенцев — маргиналитет из США и Европы»

Панда Катюша из Московского зоопарка прогулялась по уличному вольеру

Москва не сразу устроилась // Столичная оппозиция продолжает поиск кандидатов на выборы в Мосгордуму

Телевидение Нигера заявило о поставке Россией военной техники