Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2022

Новости за 13.04.2022

Дар Туркманистон ороиши занонро маҳдуд мекунанд

Ozodi.org 

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон дар шаҳри Байрамлии он кишвар ба кошонаҳои ҳусн рафта, ба соҳибони кошонаҳо ҳушдор додаанд, ки баъзе аз хадамоти ороишӣ барои занону духтарон манъ хоҳад шуд.

Масъалаи нафақаи муҳоҷирони тоҷик ҳал шуд?

Ozodi.org 

Дар порлумони Тоҷикистон созишномаеро бо Русия тасдиқ карданд, ки бар асоси он ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳаққи бознишастагӣ ё нафақа дода мешавад, аммо бо як шарт. Мақомот гуфтанд, танҳо шаҳрвандоне, ки андози иҷтимоӣ супурдаанд, аз ин имконият баҳравар мегарданд.

Саҳифаи вижаи муҳоҷирон дар Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ дар "Телеграм" саҳифаи махсусро бо номи "Мигрант Медиа" таъсис додааст. Аз ташкили ин саҳифа як моҳ сипарӣ мешавад. Сироҷиддини Ислом, муҳарири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, дар ин бора тафсилот дод.

Сарбози тоҷик дар муноқишаи марзӣ кушта шудааст

Ozodi.org 

Мақомот тасдиқ карданд, ки дар муноқишаи шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сарҳадбони тоҷик кушта шудааст. Зоир Саидумарови 27-сола сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон буд.

Бозори "Корвон" навсозӣ мешавад, вале...

Ozodi.org 

Гурӯҳи соҳибкорони бозори калонтарини Душанбе аз боло рафтани ҳаққи иҷора дар "Корвон" шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, аз аввали моҳи апрел аз онҳо пардохти бештари хароҷоти вобаста ба ҳаққи кор дар Корвон, мисли иҷораву чекпулиро талаб мекунанд.



Сокинони кӯчдодашудаи Бодканд ба хонаҳояшон бармегарданд

Ozodi.org 

Сокинони ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди Қирғизистон, ки аз макони зисташон кӯчида буданд, дубора ба хонаҳояшон бармегарданд. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон рӯзи 13-уми апрел хабар дод.

Дар Исфара роҳҳои пешгирӣ аз ҷанҷол дар марзро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Аз бими такрори нооромиҳо дар марз имрӯз намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон роҳҳои пешгирӣ аз ҷангу ҷанҷол дар деҳоти марзиро баррасӣ карданд. Дар мулоқот дар ноҳияи Исфара раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва аз Ботканди Қирғизистон Абдукарим Алимбоев ҳузур доштаанд.

Иштироки се гуштигири тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Муғулистон

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштӣ (тарзи озод, юнонию румӣ ва гуштии занона), ки рӯзҳои 19-24-уми апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Се паҳлавони маъруфи тоҷик – Муҳаммад Икромов (-61 кг), Шуҳрат Бозоров (-79 кг) ва Искандари Рустам (-125 кг) - дар мусобиқаи гуштии озод ҳунарнамоӣ мекунанд. Аммо Тоҷикистон дар гуштии юнонию румӣ ва гуштии занона намоянда надорад. Чунонки Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) дар сомонааш хабар додааст... Читать дальше...

Музокирот поён ёфт, "нерӯҳоро берун мебаранд". Шарҳи расмии Тоҷикистон дар бораи тирпарронӣ

Ozodi.org 

Муовини раиси ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, марзбонҳои кишвари ҳамсояро ба сар задани тирпарронии шоми 12-уми апрел муттаҳам кард. Дар ин ҳодиса аз ду тараф чанд кас захмӣ шуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон берун бурдани неруҳои худро аз маҳалли даргирӣ дар марз оғоз карданд

Ozodi.org 

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки ин тасмим яке аз қарорҳое мебошад, ки дар ҷараёни мулоқоти сардори бахши сарҳадбонии вилояти Бодканд Киялбек Толонбоев бо ҳамтои тоҷики худ Ҳикматулло Пираков қабул шудааст. Бар асоси созиш, неруҳо ва техникаҳои иловагӣ аз маҳалли даргир дар марз ба ҷои доимияшон берун бурда мешаванд. Хадамот афзудааст, ки вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳоло "нисбатан муътадил" аст. Ба огаҳии он, гуфтугӯи намояндагони марзбонии ду кишвар дар гузаргоҳи "Овчи-Калача – автодорожный" идома дорад. Читать дальше...

Қирғизистон деҳаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро дар Лайлак тахлия мекунад

Ozodi.org 

Сокинони деҳаҳои назди марзии ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистонро ба ҷои дигар мекучонанд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, сокинони деҳаҳои "Мақсад", "Интернасионал", "Кулунду", "Достук", "Борбордук", "Арка" ва "Жаштик" дар робита ба вазъе, ки дар марз бо Тоҷикистон ба миён омадааст, ба ҷойи амн интиқол дода мешаванд. Дар намояндагии ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд натавонистанд дақиқ бигӯянд, ки чи қадар одамон ба ҷои дигар кучонида шудааст. Сокини деҳаи "Жаштик" Сарвар Турдубоев гуфт... Читать дальше...

Дар Қазоқистон зидди сӯзонидани партовҳо ҳастанд

Ozodi.org 

Фаъолони мадании Қазоқистон 12-уми апрел баррасии ҳамагонии тарҳи бунёди корхонаҳои коркарди партовро дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон, Оқтеппа, Чимкент ва Қарағанда оғоз карданд. Созмондиҳандагон гуфтанд, ба далели кам огаҳ будани сокинон дар бораи тарҳи санҷишии корхонаҳои партовсӯзӣ ва гуш надодани мақомот ба суханони экологҳо даст ба ин иқдом задаанд. Ба гуфтаи экологҳо, ин тарҳи мақомоти Қазоқистон хатарнок ва хисоротовар мебошад. "Сӯзондани партов кори хатарноке аст. Низоми идораи партовҳои... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Швентек и Соболенко устроили триллер за престижный трофей






Для ветеранов ВОВ в России ж/д перевозки весь год будут бесплатными

Одна из «башен Кремля» задумала захват власти в России – Сивков

Лавров заявил, что Кэмерон не сожалеет о словах про удары ВСУ по РФ

Песков: Изъятие активов России станет «солидным гвоздем» в гроб западной экономики