Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2022

Новости за 05.04.2022

Оилаи ҷавони маълул мехоҳад арзашро ба Президенти Тоҷикистон расонад

Ozodi.org 

Як оилаи ниёзманд дар вилояти Хатлон мегӯяд, муроҷиатҳои пайвастааашон барои дарёфти кӯмак ба мақомоти маҳаллӣ ҳеҷ натиҷа намедиҳад. Гузашта аз ин нисбаташон тамассухрро раво дида,бо он ҳамчун ба гадо муносибат мешавад.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо дар Тошканд барои Ҷоми Осиё мубориза мебаранд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи ҷудо барои дарёфти Ҷоми Осиё-2022 миёни наврасон ва ҷавонон (Tashkent Asian Cadet Cup & Tashkent Asian Junior Cup 2022), ки имрӯз, 5-уми апрел, дар шаҳри Тошканди Узбекистон шуруъ шуд, варзишгарони тоҷик низ ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқа байни наврасон 312 варзишгар (233 мард ва 79 зан) аз 4 кишвари Осиё (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин аз ду кишвари Аврупо - Гурҷистон ва Озарбойҷон) иштирок доранд. Читать дальше...

ИМА пардохти қарзҳои Русияро аз пулҳои ҳабсшуда манъ кард

Ozodi.org 

Вазорати молияи ИМА рӯзи душанбе пардохти қарзҳои давлатии Русияро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар доираи таҳримҳо дар кишварҳои ғарбӣ ҳабс шудаанд, манъ кард. Ба иттилои хабаргузории Reuters, 4-уми апрел муҳлати пардохти қарзҳои Русия ба маблағи 636 миллион доллар фаро расидааст. Москва то ин маҳдудияти Вашингтон имкон дошт, ки қарзҳои худро аз ҳисоби маблағҳои ҳабсшуда пардозад. Русия акнун қарзҳои худро бояд аз ҳисоби захираҳое пардозад, ки ИМА ва кишварҳои аврупоӣ натавонистанд ҳабс кунанд. Маҳдудияти... Читать дальше...

Садҳо наврасро дар Панҷакент ба "маршировка" ҷалб карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Садҳо наврас дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба тамрин ҷалб шудаанд. Корбаре бо ирсоли чанд навор мегӯяд, чанд вақт боз садҳо наврас ба ҷойи таҳсил дар як варзишгоҳи Панҷакент барои пешвози президенти кишвар омодагӣ мебинанд. Ин шеваи пешвозгириро коршиносон шахспарастӣ унвон мекунанд, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон роиҷ шудааст. Видеоро инҷо тамошо кунед: Чунин тамринҳо дар чанд шаҳру ноҳияи дигари Суғд идома доштааст. Қарор аст президент... Читать дальше...

Донишмандони узбек намуди нави растаниро кашф карданд

Ozodi.org 

Академияи илмҳои Узбекистон хабар додааст, ки донишмандони ин ниҳод дар давоми 80 соли ахир бори нахуст намуди нави растаниеро кашф карданд. Ба иттилои сомонаи расмии академия, намуди нави растаниро донишмандони Пажӯҳишгоҳи гиёҳшиносӣ дар куҳҳои вилояти Сурхандарё ошкор карда, онро "Ranunculus tojibaevii" номгузорӣ кардаанд. "Охирин намуди нави растаниро дар Узбекистон соли 1941 ошкор карда буданд ва онро "Ranunculus vvedenskyi" ном гузоштанд", - афзудааст манбаъ. Дар бораи ин намуди нави растанӣ... Читать дальше...



Омодагии "Истиқлол" ба сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар Арабистони Саудӣ

Ozodi.org 

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои ширкат дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 шоми 3-юми апрел вориди Арабистони Саудӣ шуд, хабар медиҳад сомонаи бошгоҳи «Истиқлол». Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи «Истиқлол» бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко 20 бозигар шомил аст. «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб дар гурӯҳи “А”  бо тимҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар) ва «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) бозӣ хоҳад кард. Читать дальше...

Мардон Мавлонов: Мехоҳам ба Бадахшон биравам

Ozodi.org 

Мардон Мавлонов, овозхони шинохта дар Самарқанд, мегӯяд, дар фикри баргузор кардани шаби эҷодияш дар Бадахшону Рашти Тоҷикистон аст. Ӯ аз соли 2018 ба ин сӯ чанд бор дар маҳфилҳо дар Тоҷикистон тарона иҷро карда, вале барномаи комили ҳунарӣ надоштааст. Суҳбатро бо Мардон Мавлонов, ки охири моҳи марти имсол дар Самарқанд сабт шудааст, дар инҷо бинед.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи Қирғизистон мағлуб шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагиаш ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бозии санҷиширо ба тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 5:6 бохт, хабар медиҳад Sport АКИpress.  Ба иттилои манбаъ, ин бозӣ рӯзи душанбеи 4-уми апрел дар майдончаи маҷмааи варзишию тандурустии Чолпон-Ота баргузор шуд. Се голи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ба самар расонид. Некрӯз Алимаҳмадов ва Идрис Ёров якголӣ заданд. Ду голи мунтахаби Қирғизистонро Абдураҳим Дониёр уулу ба ҳадаф расонд. Шоҳрух Маҳмадаминов... Читать дальше...

Дар Қазоқистон 152 касро дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ маҳкум кардаанд

Ozodi.org 

Дар асоси парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои моҳи январи соли ҷорӣ дар Қазоқистон нисбати 152 кас ҳукми додгоҳ содир шудааст. Аз ин теъдод 17 касро ба зиндон маҳкум кардаанд. Дар ин бора Елдос Килимҷонов, як намояндаи додситони кулли Қазоқистон рӯзи 4-уми апрел хабар дод. Афроде ба зиндон маҳкум шудаанд, ки "ҷиноятҳои вазнини марбут ба ғоратгарӣ ва ҳифзи аслиҳаро анҷом дода, зарари расонидаро ҷуброн накардаанд". 35 тани дигар, ба иттилои намояндаи додситонӣ, дар робита ба эътирофи айб ва ҷуброни... Читать дальше...

Қирғизистон ҳама саҳмияҳои кони тиллои "Қумтор"-ро соҳиб шуд

Ozodi.org 

Девони вазирони Қирғизистон ва ширкати канадагии "Сентерра голд инк." созишномаи интиқоли кони тилои Қумторро ба ихтиёри Қирғизистон имзо карданд. Баъди имзои созишнома президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, ки кон ба кадом шартҳо ба ҷониби Қирғизистон дода шудааст. Ба ин тартиб, даромади соф аз кон, ки баъди таъйин кардани мудирияти хориҷӣ - аз 15 майи соли 2021 то ин замон - ба даст омадааст, дороии Қирғизистон дониста мешавад. Ин даромад 323 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба илова, бино ба созишнома... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Павлюченкова и Потапова не смогли выйти в финал турнира WTA в Мадриде в парном разряде






«РБ Спорт»: Песьяков покинет «Ростов» и присоединится к «Крыльям»

«Большая часть израильских поселенцев — маргиналитет из США и Европы»

Трек группы "Моя Мишель" для Москвы и Благовещенска презентовали в Сети

В подмосковном ЖК «Пехра» открылась детская поликлиника на 50 посещений в смену