Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2022

Новости за 16.04.2022

Хабарнигори тоҷик баъди 8 сол аз зиндон озод шуд

Ozodi.org 

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии тоҷик нисфирӯзии 16-уми апрел аз зиндони шаҳри Хуҷанд озод шуд. Ӯро гуруҳе аз хешовандонаш пешвоз гирифтанд ва хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам онҷо буд.

Русия Борис Ҷонсонро аз ҳаққи сафар ба ин кишвар маҳрум кард

Ozodi.org 

Русия гуфт, ки ба сабаби мавзеъгирии душманонаи Бритониё, нахуствазир Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷӣ Лиз Трас ва чанде дигар аз вазирони ҳукумати он кишварро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мекунад.

Дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон 40 нафар дар Афғонистон ҷон додаанд

Ozodi.org 

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои Покистон ба шарқи Афғонистон даҳҳо нафар аз ҷумла занону кӯдакон кушта шудаанд. Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ аз қавли қабиласолорон гузориш дод, ки бомборон шаби 16-уми апрел дар манотиқи марзии вилояти Хӯст сурат гирифтааст. Хабаргузории Олмон бо такя ба гуфтаҳои як мақоми Толибон дар он маҳал навиштааст, камаш 40 нафар дар ин ҳамлаҳо ҷон додаанд. Расулҷон Машъал, яке аз қабиласолорони онҷо ба Радиои Машъал гуфтааст, ки ҳангоми ифтор буд... Читать дальше...

Содир Ҷабборов гуфтааст, раванди таъйини марз бо Тоҷикистон суст аст

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Cодир Ҷабборов гуфтааст, ба назари ӯ ҷараёни таъйину аломатгузории марзи кишвараш бо Тоҷикистон оҳиста пеш меравад ва “хуб мешуд, агар ин раванд зудтар мебуд.”

Як мансабдорро барои беэътиноӣ ба Қонуни забони тоҷикӣ ҷарима бастанд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Бохтар раҳбари як идораи ҳукумати вилояти Хатлонро барои риоят накардани “Қонун дар бораи забони давлатӣ” ва истифодаи забони ғайр дар коргузорӣ ҷарима бастааст.  Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ рӯзи 15-уми апрел хабар дод, ки Шодӣ Мусозода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, бар хилофи қонуни мазкур зимни коргузорӣ, “муҳр ва тамғаҳои ба забони ғайридавлатӣ навишташудаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро то ин ҷониб истифода кардааст.” Дигар “гуноҳ”-и Шодӣ Мусозода ин будааст... Читать дальше...

"Нархҳо баланд аст, аммо чӣ кор мекунӣ?"ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар бозорҳои Тоҷикистон ин шабу рӯз мева ва дигар маҳсулоти полезӣ бештар ба назар мерасад, вале гаронии нархҳо боис шудааст, ки на ҳама ба чунин маҳсулот дастрасӣ дошта бошанд.

"Нархҳо баланд аст, аммо чӣ кор мекунӣ?"

Ozodi.org 

Дар бозорҳои Тоҷикистон ин шабу рӯз мева ва дигар маҳсулоти полезӣ бештар ба назар мерасад, вале гаронии нархҳо боис шудааст, ки на ҳама ба чунин маҳсулот дастрасӣ дошта бошанд.

Блогерони тоҷик корро аз тарс бас мекунанд ё аз бепулӣ?

Ozodi.org 

Дар барномаи навбатӣ суҳбат дар бораи тарки Ютубу шабакаҳои иҷтимоӣ кардани баъзе аз блогерони тоҷик меравад. Ҳам дар бораи онки то куҷо онҳо ба ҷомеа кумак мекунанд ва ё корашонро медонанд. Блогери тоҷик Далери Имомалӣ ва ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон Нуриддин Қаршибоев меҳмони барнома ҳастанд.

Аввалин президенти Тоҷикистонро мешиносед?

Ozodi.org 

Рӯзи 16-уми апрел зодрӯзи президенти аввалини Тоҷикистони Шӯравӣ Қаҳҳор Маҳкамов аст. Агар умр вафо мекард, ӯ дар ин рӯз 90-сола мешуд. Маҳкамов аз cоли 1990 то соли 1991 президенти Тоҷикистон буд. Мунтақидонаш ӯро ба вафодорӣ ба Маскав ва сустияш дар баробари таҳаввулоти солҳои навадум айбдор мекунанд. Радиои Озодӣ аз сокинони Душанбе пурсид, ки Маҳкамовро мешиносанд?


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

«У меня больше нет сил бороться». Елена Рыбакина раскритиковала WTA






Кечинов: «Пари НН» повезло, «Спартак» полностью владел инициативой»

РЕН ТВ: один человек пострадал в результате стрельбы в Калуге

Коллекционер из Германии обнаружил в куске янтаря из Мьянмы осу возрастом 100 млн лет

Грешно ли православным работать в церковный праздник 6 мая 2024 года