Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2022

Новости за 08.07.2022

"Дилам аз дунё сард шудааст, вале бояд зиндагӣ кунам"

Ozodi.org 

Дар остонаи Иди Қурбон бисёриҳо дар Тоҷикистон серкоранд. Яке аз бозор маҳсулот мехарад ва дигаре дасторхон меорояд. Чанде ҳам дар фикри бузу гӯсфанди қурбонӣ ҳастанд. Дар ин миён оилаҳое ҳастанд, ки натанҳо дар айёми ид, балки рӯзу моҳҳои дигар низ хӯроки кофӣ надоранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили яке аз онҳо рафтанд ва чанд лаҳза зиндагияшонро аз наздик диданд.

"Огоҳии охирин". Бозпурсӣ, кофтукоби хона ва мусодираи телефони Пирмуҳаммадзода. ВИДЕО

Ozodi.org 

Маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Ваҳдат рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бозпурсӣ, хонаашро кофтукоб ва телефонашро мусодира кардаанд. Мақомот сабаби чунин тасмимро намегӯянд. Камаш се манбаъ тасдиқ карданд, ки Пирмуҳаммадзода рӯзи 7 июл “чанд соат” бозпурсӣ шуд.

Мақомот Пирмуҳаммадзодаро бозпурсӣ кардаанд

Ozodi.org 

Маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Ваҳдат рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бозпурсӣ, хонаашро кофтукоб ва телефонашро мусодира кардаанд. Мақомот сабаби чунин тасмимро намегӯянд. Камаш се манбаъ тасдиқ карданд, ки Пирмуҳаммадзода рӯзи 7 июл “чанд соат” бозпурсӣ шуд.

Муҳлати ҳабси хеши Назарбоев дароз шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон муҳлати ҳабси пешакии Кайрат Боронбоев - қудои пешини Дариға Назарбоева, духтари президенти собиқи он кишвар Нурсултон Назарбоевро як моҳи дигар дароз кардааст.

Хокбориш дар Душанбе. Ғубор аз куҷо омад?

Ozodi.org 

Ҳавои Тоҷикистон ва бахусус шаҳри Душанбе чанд рӯзи охир пур аз гарду ғубор буд. Мутахассисон гуфтанд, боди хушк аз шимоли Афғонистон ба Тоҷикистон расида, сабаби хокбориш шудааст. Нақли мардум ва пизишконро дар навор бинед.

Намоишгоҳи якрӯзаи арзон ба мардум кумак мекунад?

Ozodi.org 

Дар Хатлон дар остонаи Иди Қурбон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карданд ва бо қимати арзонтаре ба мардум фурӯхтанд. Сокинон мегӯянд, намоишгоҳ масъалаи қиматҳои баландро барои дарозмуддат ҳал намекунад.



Дар Аврупо саркӯби тазоҳуротро дар Бадахшон маҳкум карданд

Ozodi.org 

Порлумони Аврупо аз талафот дар ҷараёни тазоҳурот дар Бадахшон ибрози таассуф карда, ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби хушунатбори эътирозгарон, хабарнигорон ва дигар фаъолони маданӣ маҳкум кардааст.

Муҳаммади Султонро ба Боздоштгоҳи КДАМ бурдаанд

Ozodi.org 

Пайвандони Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон), рӯзноманигор ва сарҳанги бознишастаи амният, гуфтанд, ки ӯро 4-уми июл аз Боздоштгоҳи муваққатии умури дохилӣ ба Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бурдаанд, аммо сабабаш маълум нест.

Мирзиёев ҳодисаҳои Нуқусро кори "неруҳои бадхоҳи хориҷӣ" номид

Ozodi.org 

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар шарҳи эътирозҳо ба бекор кардани мақоми "мухтор"-и Ҷумҳурии Қароқалпоқистони кишвараш гуфт, "ин амалҳо солҳо боз аз ҷониби нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ омода шудаанд." Вале аз кадом гуруҳ ё кишвари хориҷие ном набурд.

"Маҳдӣ Арсалон". Дидбонгоҳи нави Толибон дар рӯ ба рӯи Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Толибон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба сохтмони як дидбонгоҳи нав оғоз кардаанд. Ончӣ мақомоти Тоҷикистонро ба гуфтаи худашон “асабонӣ” кардааст, навиштаи “M.Arsalon” бар пояи кӯҳе дар канори дидбонгоҳ аст.

Толибон дар рӯ ба рӯи Тоҷикистон дидбонгоҳ месозанд

Ozodi.org 

Толибон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба сохтмони як дидбонгоҳи нав оғоз кардаанд. Ончӣ мақомоти Тоҷикистонро ба гуфтаи худашон “асабонӣ” кардааст, навиштаи “M.Arsalon” бар пояи кӯҳе дар канори дидбонгоҳ аст. “М.Арсалон” ҳамон Маҳдӣ Арсалон, лақаби Муҳаммад Шарипови 27-сола аз ноҳияи Нуробод аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳашт сол боз ба иттиҳоми терроризм меҷӯянд.

Душанбе дар рӯзҳои гармо

Ozodi.org 

Мардум дар Тоҷикистон мегӯянд, ин шабу рӯз айёми гармтаринро таҷриба мекунанд. Мақомот ҳам рад намекунанд, ки ҳарорат баланд аст ва аз беморону пирон ва хурдсолон хостаанд, ки дар хона бимонанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ сокинон ба сайругашт ва зери дарахтону лаби кӯлҳо мераванд. Дар Душанбе ин рӯзҳоро чӣ гуна мегузаронанд? Акси ҳамкори Радиои Озодиро бибинед.

Новости России
Москва

Пресс-релиз | CRYPTONIUM | Новая экосистема для заработка на криптовалюте | Арбитраж | Трейдинг | Обучение


Як ноболиғи қазоқ дар эътироз ба амали додситонҳо худро корд задааст

Ozodi.org 

Қодирҷон Абизи 17-сола, ки баъди ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон зиддаш бо гумони "дуздии силоҳ" тафтишот оғоз шуда буд, ба худ осеби ҷисмонӣ расонидааст. Ноболиғ 7 июл аз ноҳияи сар ва гардан ба худ осеб расондааст ва ӯро ба бемористоне дар наздикии шаҳри Алмато бурдаанд. Абиз аз дохили мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар суҳбат ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, дар эътироз ба фиристода шудани парвандааш ба додгоҳ худро корд зад. Ба гуфтаи ӯ, додситонҳо пештар ваъда дода буданд, ки агар далеле пайдо нашавад, парвандаи ӯро қатъ мекунанд. Читать дальше...

Бонки миллии Қирғизистон қурби доларро боло бурд

Ozodi.org 

Бонки миллии Қирғизистон қурби расмии як доллари амрикоиро барои рӯзи 8 июл 82,37 сом муайян кардааст. Он дар як рӯз се сом баланд шудааст. Ин бори нахуст аст, ки қурби расмии доллар дар давоми як моҳи ахир дар Қирғизистон тағйир меёбад. Он аз аввали моҳи июн ба ин сӯ 79,50 сом буд. Қурби бозории доллар низ дар Қирғизистон рӯзҳои ахир боло рафта, бонкҳои он кишвар нимаи дувуми рӯзи 7 июл як долларро 83 сом харидорӣ карда ва 84 сом фурӯхтаанд. Қурби доллар дар миёнаҳои моҳи марти имсол дар Қирғизистон то ба 105 сом баланд шуда... Читать дальше...

Қурбонӣ имсол дар Тоҷикистон харҷи бештар дорад

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон имсол Иди Қурбон дар замоне омад, ки қимати ҳама чиз боло рафтааст. Имсол зоҳиран қурбонӣ камтар мешавад, чун сокинон мегӯянд, қимати гӯсфанду бузу гов ҳам боло рафтааст.

"Ид шуд, нархро мебардоранд." Қурбонӣ, вале бо қимати бештар. ВИДЕО

Ozodi.org 

Иди Қурбон дар Тоҷикистон дар замоне омад, ки нархи ҳама чиз боло рафтааст. Мардум мегӯянд, зоҳиран имсол қурбонӣ камтар мешавад, чун бузу гӯсфанду гов ба мисли пешина арзон нест. Идро рӯзи 9-уми июл таҷлил мекунанд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

WTA огорчила Елену Рыбакину после турнира в Мадриде






«Коммерсант»: экс-офицер ФСБ Фролов просил суд закрыть дело о мошенничестве

ФСБ: адъютант Гитлера заявлял, что Гитлер хотел вместе с США воевать против СССР

Увидеть производство шоколада, лифтов и микрочипов: ...

Асфальтирование услуги Санкт-Петербург