Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2022

Новости за 19.07.2022

11 шаҳрванди Тоҷикистон ба Қирғизистон товон додаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

11 сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд пас аз пардохти товон ё ҷарима ба Қирғизистон, аз он кишвар ба хонаҳои худ баргаштаанд. Пештар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд онҳоро ба гузашти ғайриқонунӣ аз сарҳад гунаҳкор карда буд.

Эълони иттиҳоми нав ба зидди Пирмуҳаммадзода ва Ғурбатӣ

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро ба ифротгароӣ ва хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатиро ба узвият дар Ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ гумонбар донист. Масъулони ҲНИТ дар хориҷа мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳеч гоҳ узв ё ҳамкори онҳо набуд.



Эълони иттиҳоми нав ба зидди Абдуллоҳ Ғурбатӣ. ҲНИТ рад кард

Ozodi.org 

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷикро ба узвият дар Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гумонбар донистаанд. Вакилу пайвандонаш дар ин бора чизе нагуфтанд. Масъулони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳеч гоҳ узв ва ё ҳамкори онҳо набуд.

"Оё ҳукумат ҷуръат мекунад, ба пойи худаш тир занад?"

Ozodi.org 

Мо тавассути манбаъҳои расмӣ аз рафти корҳо дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба андозаи кофӣ огаҳ ҳастем, вале мехоҳам, аз бинокорони нерӯгоҳ ё тавре мегӯянд, аз шоҳидони айнӣ бифаҳмем, ки худи онҳо дар бораи “Роғун” чӣ фикр доранд ва ин хабарҳоро чӣ гуна қабул мекунанд.

Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро баргардонд

Ozodi.org 

11 сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд пас аз пардохти товон ё ҷарима ба Қирғизистон аз он кишвар ба хонаҳои худ баргаштаанд. Пештар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд онҳоро ба гузашти ғайриқонунӣ аз сарҳад гунаҳкор карда буд.

Дар Узбекистон дар пасманзари афзоиши интиқоли пул мушкили нақдина пеш омадааст

Ozodi.org 

Сокинони Узбекистон давоми ҳафтаҳои ахир бештар аз камбуди пули нақд ва асъори хориҷӣ шикоят мекунанд. Аксу видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, нишон медиҳанд, шаҳрвандони Узбекистон барои гирифтани пули нақд дар назди банкоматҳо навбат меистанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, бонкоматҳо чанд рӯз мешавад, пули нақд надоранд. "Ин мушкил дар ноҳияи мо ду-се моҳ мешавад, ки вуҷуд дорад. Дар банкоматҳо на ҳамеша пули нақд мавҷуд аст. Онҳое, ки сахт ба пули нақд ниёз доранд, ба дорухона ё фурӯшгоҳ... Читать дальше...

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро ба ифротгароӣ муттаҳам кардаанд

Ozodi.org 

Мақомот алайҳи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик ба иттиҳоми ифротгароӣ парванда кушодаанд. Ин рӯзноманигори тоҷик рӯзи 9-уми июл аз сӯи маъмурони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ба гумони итоат накардан ба амри кормандони пулис боздошт шуд. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ бовар доранд.

Идомаи гармии бесобиқаи ҳаво дар Осиё ва Аврупо. Испания мотами миллӣ эълон кард

Ozodi.org 

Мавҷи гармои шадид ин шабурӯз кишварҳои зиёди аврупоӣ ва осиёиро фаро гирифтааст. Дар Тоҷикистон ҳам рӯзи дувум аст, ки ҳарорати ҳаво дар бисёре аз минтақаҳо аз 44 дараҷа боло аст.

Дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон 545 кас муҷозот шудааст

Ozodi.org 

Додситони кулли Қазоқистон Елдос Килимҷанов 18 июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январи ин кишвар 429 парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳ ирсол ва ҷамъан 545 кас муҷозот шудааст. Ба гуфтаи Килимҷанов, то имрӯз дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои моҳи январ 83 нафар, ки ба гуфтаи муфаттишон, ба "ҷиноятҳои вазнини марбут ба зӯроварӣ ба мансабдорони давлатӣ ва нобуд кардани амвол" даст задаанд, маҳкум ба зиндон шуданд. Ба ҷуз ин, додситонҳои Қазоқистон дар ҳоли ҳозир... Читать дальше...

Теннисбози рус Даря Касаткина ҳамҷинсгаро буданашро эътироф кард

Ozodi.org 

Теннисбози рус Даря Касаткина дар суҳбат бо блогери варзишӣ Вите Кравченко ҳамҷинсгаро будани худро ошкор кардааст. "Ман каме асабонӣ ҳастам. То ҳол ин қадар ошкоро набуд ва ҳамчунин рӯбарӯи дурбин ҳам нагуфтаам", - изҳор доштааст варзишгар дар посух ба суоли блогер, ки дар ин бора чӣ ҳиссиёте дорад. Даря Касаткина ҳамчунин дар посух ба суоли блогер, ки оё дустдухтар дорад, ҷавоби мусбат медиҳад. Вай дар мавриди он, ки ҳамҷинсгароӣ дар Русия як мавзуи мамнуъ аст, изҳор медорад, ки "дар кишвари мо мавзуъҳои мамнуъ хеле зиёданд. Читать дальше...

Теъдоди қурбониёни ҳодисаҳои Қароқалпоқистон бештар шуд

Ozodi.org 

Сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсуддинов хабар дод, ки шумораи қурбониёни ҳодисаҳои 1 ва 2 июл дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон ба 21 нафар расид. "Мутаассифона, сарфи назар аз кушиши табибон се нафари дигар фавтид", - иттилоъ додааст ӯ. Қаблан хабар дода шуд, ки дар ҳодисаҳои Нуқус 18 нафар, бо шумули 4 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷон бохтааст. Ба гуфтаи Шамсуддинов, дар ҳоли ҳозир дар беморхона 16 тани дигар бистарӣ мебошад ва ҷамъан дар натиҷаи нооромиҳо 274 кас барои кумаки тиббӣ муроҷиат кардааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Даниил Медведев

Чех Легечка пожелал здоровья россиянину Медведеву, который снялся с их матча






Амбассадоры сообщества «Волонтеры Москвы» помогают столице и горожанам

Срочники из Торопца написали «Диктант Победы»

Куда девать скорлупу от освященных пасхальных яиц: что говорят священники

Галина Янко: главные традиции и приметы Пасхи