Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2022

Новости за 27.07.2022

Маҳбуси 80-солаи тоҷикро ба "ШИЗО" интиқол доданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Зубайдуллоҳи Розиқ, узви 80 солаи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломиро, ки соли 2015 боздошт ва 25 сол ҳукми зиндон гирифта буд, барои “вайрон намудани тартибу низоми маҳбас” ба шуъбаи ҷаримавӣ (ШИЗО) интиқол додаанд.

Ҳаҷми гази содиротӣ аз Русия ба Аврупо кам шуд

Ozodi.org 

Тавре интизор мерафт, Русия интиқоли гази табиӣ ба Аврупоро кам кард ва аз роҳи эҷоди камбуди захираҳои энержӣ дар остонаи зимистон мавҷи танишҳоро дар қораи Аврупо боло бурд. Рӯзи 27-уми июл содироти газ тавассути лӯлаи Nord Stream 1 якбора кам шуд. Ширкати Газпроми Русия дар шаҳри расмии 27-уми июлаш гуфт, ки коҳиши интиқоли газ бо сабаби таҳримҳои ғарб сурат мегирад, чун, ба гуфтааш, наметавонад корҳои таъмирро дар лӯла баргузор кунад. Вале мақомоти аврупоӣ ин иддаоро рад карда гуфтанд, ки... Читать дальше...

Душанбе – мизбони қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Ozodi.org 

Панҷ дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои унвони зӯртарин тими Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе мубориза хоҳанд бурд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар Душанбе аз 5-ум то 12-уми август бо иштироки панҷ даста доир мегардад. Тибқи дастури мусобиқот ҳар як даста бо рақибони худ дар як давра бозӣ мекунад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари бадастоварда муайян хоҳад шуд. Читать дальше...

Тоҷикистон ба "биткоинсозӣ" иҷоза надод

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, қонунгузории кишвар фаъолияти ширкатҳои ба истилоҳ "истихроҷкунандаи пули рақамӣ"-ро иҷозат надодааст. Аз ин рӯ, як ширкат, ки мехост биткоин тавлид кунад, фаъолияташро қатъ кард.

Раҳмон ва Жапаров аз зарурати идомаи муколамаи сиёсӣ гуфтанд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки рӯзи 27-уми июл президентони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров (Ҷабборов) дар як сӯҳбати телефонӣ "масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минтақавиро” баррасӣ карданд. Дар хабарҳои мухтасари дастгоҳҳои ду президент инчунин омадааст, ки дар ин гуфтугӯ масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳам баррасӣ шудаанд. Сомонаи президенти Тоҷикистон хабар дод, ки “дар рафти суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 27-уми июли соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Бо ҳукми додгоҳи Русия тифли тоҷикро ба оилааш баргардонданд, шароити ҳабси фаъоли ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ вазнинтар шудааст, дар ноҳияи Восеъ як зан иддао дорад, ки дар идораи умурӣ дохилӣ бо шиканҷа мувоҷеҳ шудааст ва матолиби дигар.

Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 2684 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон дар як рӯзи гузашта 2684 ҳолати нави гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт шудааст. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, аз ин теъдод 864 ҳолат дар шаҳри Нурсултон, 505 ҳолат дар шаҳри Алмато ва ҳолатҳои боқимонда дар минтақаҳои дигари Қазоқистон сабт шудааст. Бино ба баҳогузории тиббӣ, рӯзи 27 июл шаҳри Нурсултон ба минтақаи "зард" шомил карда шуд. Бадшавии вазъи беҳдоштӣ дар Қазоқистон аз ибтидои моҳи июл оғоз гардид.

"Помидор то 7 сомонӣ баромад". Гармии шадид ҳосили сабзавотро дар Тоҷикистон талаф мекунад

Ozodi.org 

Гармои тоқатфарсо нархи помидорро дар Тоҷикистон ду баробар боло бурдааст. Нашрияи таҳлилии EastFruit, ки ба таҳлили бозори меваву сабзавот машғул аст, навиштааст, идомаи гармои шадид дар кишвар ба замин ва боғи деҳқонон мушкили ҷиддӣ эҷод кардааст. Дар кишвар ҳафтаи гузашта ҳарорати ҳаво аз марзи 40 дараҷа гузашт. Деқонону боғбонон аз талаф ёфтани ҳосили киштукори худ шикоят кардаанд. Ба навиштаи таҳлилгарони нашрия, ҳатто помидор ҳам дар замини кишт вайрон шуда, пешниҳоди он ба бозор кам ва нархаш ду баробар зиёд шудааст. Читать дальше...

Занону кӯдакони аз Сурия баргашта ҳеҷ беморие надоранд - мақомот

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, кӯдакону наврасоне, ки аз Ироқ оварда шудаанд, ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва Вазорати меҳнат вогузор мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон се сол пеш 84 фарзанди ҷангҷӯёни тоҷикро аз Ироқ оварданд, вале то ҳол онҳоро ба наздиконашон нишон намедиҳанд. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл зимни нишасти хабарии нимсолааш дар посух ба саволи журналистон гуфт, кӯдаконе, ки ба синни 7 мерасанд, барои таҳсил ба ихтиёри Вазорати маориф вогузор мешаванд. Читать дальше...

Вазир гуфт, интихоби кӯдаки 10-миллиона шаффоф буд. Сокинон шубҳа доранд

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Тоҷикистон  тасмими муайян кардани шахсияти шаҳрванди 10-миллионнафарии ин кишварро чун “ҷараёни шаффоф” ҳимоят  кард ва гуфт, ки интиқодҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин замина асос надоранд.

Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меравад

Ozodi.org 

Мақомоти Чин гуфтанд, қарор аст вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар доираи сафараш ба минтақаи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой инчунин аз Тоҷикистон дидан мекунад. Сухангӯи ВКХ-и Чин Жао Лиян рӯзи 27-уми июл гуфт,  Ван И рӯзҳои 28-29-уми июл дар Тошканд дар ҷаласаи вазирони СҲШ  ширкат мекунад ва пеш аз ин ҷаласаву баъди он қарор аст дар Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон сафарҳои расмӣ анҷом диҳад. Дар изҳороти сухангӯ таъкид шудааст... Читать дальше...

Вазири тандурустӣ: Дар Тоҷикистон сурхакони маймун сабт нашудааст

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба сурхакони маймун сабт нашудааст. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандуруст ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, барои пешгирӣ аз вуруди ин беморӣ ба кишвар назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи вазир, шахсоне, ки аз кишварҳои мубтало ба сурхакони маймун ба Тоҷикистон меоянд, ҳарораташон санҷида мешавад. Инчунин ба гуфтаи Абдуллозода, ба ҷуз аз санҷидани ҳарорат, Вазорати тандурустӣ тестҳо дорад. Читать дальше...

Қазоқистон то соли 2025 ҳаштод дарсади шакари мавриди ниёзашро дар дохил истеҳсол мекунад

Ozodi.org 

Вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев рӯзи 26 июл гуфт, то соли 2025 80 дарсади талаботи шакарро бо истеҳсоли дохилӣ таъмин хоҳанд кард. Қазоқистон айни замон 49 дарсади бозори дохилиро бо шакари худӣ таъмин мекунад. "То соли 2025 вобастагӣ аз воридоти шакарро ду баробар кам мекунем", - гуфт Карашукеев. Русия дар моҳи март содироти шакарро манъ кард ва дар Қазоқистон камчинии шакар пеш омад. Вазири кишоварзии Қазоқистон гуфт, "пешбинӣ намекарданд, ки Русия рӯзе содироти шакарро манъ мекунад". Читать дальше...

Шатранҷбозони тоҷик барои ширкат дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба Ҳиндустон сафар карданд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби шатранҷбозони тоҷик бо роҳбарии муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Хуршед Ватанов барои иштирок дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ба Ҳиндустон сафар кард. Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби шоҳмоти кишвар 12 нафар – 6 зан ва 6 мард - дохиланд. Дар мусобиқаи занон Тоҷикистонро Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Лидия Антонова ва Саодат Одинаева (капитан ё сартим) намояндагӣ мекунанд. Дастаи мардонаи Тоҷикистон аз Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев... Читать дальше...

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар ИМА як варзишгар намояндагӣ кард

Ozodi.org 

Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 15-24-уми июл дар шаҳри Юҷини иёлати Орегони ИМА баргузор шуд, Илдар Аҳмадиев, иштироккунандаи Бозиҳои олимпии Токио-2020, дар давидан ба масофаи 100 метр намояндагӣ кард. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Илдар дар даври интихобӣ бо натиҷаи 10.66 сония дар гурӯҳаш дуюм шуд ва ба даври баъдӣ роҳхат гирифт. Ӯ дар марҳилаи интихобӣ миёни 28 нафар 9-ум шуд. Вале дар даври дуюм дар гурӯҳаш натиҷаи 10.85 сонияро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум гашт. Читать дальше...

Чораҳои зидди коронавирусро дар Туркманистон сахттар мекунанд

Ozodi.org 

Дар Туркманистон чораҳои зидди паҳншавии вабои коронавирусро сахттар мекунанд. Расонаҳо хабар медиҳанд, ки рӯзи 25 июл дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ишқобод гуруҳҳои корӣ дар кӯчаҳо маводи зидди вабо мепошанд ва ба сокинон тавсия медиҳанд, ки ниқоб пӯшанд. "Одамон ба напӯшидани ниқоб одат карданд. Акнун талаб доранд, ки дубора ниқоб пӯшанд. Шуруъ аз 25 июл кӯдакон дар боғчаҳо вазифадор шудаанд, ки бо худ маводи зидди паҳншавии вабо биоранд", - хабар доданд сокинони Ишқобод. Эҳтимол меравад... Читать дальше...

Кони тилои "Қумтор" комилан ба ихтиёри Қирғизистон мегузарад

Ozodi.org 

Девони вазирони Қирғизистон рӯзи 26 июл дар робита шартҳои созиши ширкати канадагии Centerra Gold Inc бо ҷониби Қирғизистон изҳорот нашр кард. Дар изҳорот омадааст, ки "девони вазирон аз қарори маҷлиси саҳмдорони ширкат истиқбол мекунад". Дар девони вазирони Қирғизистон гуфтанд, "чанд нуктаи дигари техникӣ боқӣ мондааст, ки Қумтор комилан таҳти назорати ҷониби Қирғизистон гузарад". Рӯзи 25 июл дар ҷаласаи ғайринавбатии саҳҳомони ширкати канадагии Centerra Gold Inc. тасмим гирифта шуд, ки бо ширкати... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

На кураже: Рублёв пробился в финал «Мастерса» в Мадриде, Медведев снялся из-за травмы






Воробьев: в парке «Патриот» прошли всероссийские соревнования по стрельбе

Легойда объяснил, на какой срок Казанская Богоматерь уедет из Кремля

ЦСКА в Петербурге обыграл "Зенит" и повел в серии

Путин проведет встречу с членами правительства на следующей неделе