Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2022

Новости за 13.07.2022

"Ҳоли зорро бинед." Зиндагӣ дар даруни об ва дар канори қурбоққаҳо. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бошандагони 17 хона дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон шикоят доранд, ки дар даруни об ва дар канори қурбоққаҳо зиндагӣ мекунанд, аммо касе ба додашон намерасад. Масъулони ҳукумат мегӯянд, ин ҳолат мавсимист ва дар фикри ҳалли мушкил ҳастанд.

Зиндагӣ дар хонаи намнок ва дар канори қурбоққаҳо

Ozodi.org 

Бошандагони 17 хона дар ноҳияи Фархор мегӯянд, чанд сол боз дар даруни об зиндагӣ доранд. Дар ҳавлӣ фақат мӯза мепӯшанд ва хонаҳо пур аз қурбоққа аст. Муроҷиати пайвастаи сокинон ба мақомот бенатиҷа будааст.

Суръату сифати Интернет дар Тоҷикистон: Гуноҳи муштариён ё масъулон? ВИДЕО

Ozodi.org 

Масъулони Хадамоти алоқа як сабаби паст будани суръат ва сифати Интернетро дар Тоҷикистон "истифодаи нодурусти он аз сӯйи мардум" номиданд. Ин дар ҳолест, ки муштариён ҳамеша гуноҳи ширкатҳои мухобиротӣ ва Хадамоти алоқа медонанд.

Ҳукми як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Ozodi.org 

Раёсати Хадамоти Федеролии Амният (ФСБ) дар вилояти Псков 13-уми июл дар баёнияе гуфт, ӯ ба таблиғи терроризм дар миёни зиндониён ва кӯшиши порадиҳӣ гунаҳкор шудааст.

Аз мақомот пурсиданд, чаро суръати Интернет суст аст?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, як сабаби паст будани суръату сифати интернет дар истифодаи нодурусти он аз сӯйи худи корбарон аст. Ин дар ҳоле, ки муштариён пайваста аз суст будани суръати интернет дар телефонҳояшон ширкатҳои мухобиротӣ ва ниҳодҳои дигари масъулро танқид мекунанд.



Байден ба Исроилу Арабистони Саудӣ меравад

Ozodi.org 

Ҷо Байден, президенти Амрико, дар сафари нахустини худ ба Ховари Миёна пас аз ба қудрат расиданаш вориди Исроил мешавад. Ӯ аз Исроил мустақим ба Арабистони Саудӣ меравад. Ин иқдомро ӯ “рамзӣ” номидааст. Исроил умедвор аст, ки робитаҳои дипломатиаш бо Арабистони Саудӣ беҳтар хоҳад шуд.

Washington Post: Русия намехоҳад, беш аз 400 ҳавопайморо баргардонад

Ozodi.org 

Ширкатҳои русиягӣ намехоҳанд, 400 ҳавопаймоеро баргардонанд, ки аз ширкатҳои хориҷӣ ба лизинг гирифта буданд. "Ширкатҳои хориҷӣ ба баргардонии ҳавопаймоҳои худ шубҳа доранд," -- менависад нашрияи Washington Post.

Падар барои ёфтани ҷасади духтараш ёрӣ хост

Ozodi.org 

Як сокини Душанбе ду ҳафта боз ҷасади духтари 12-солаашро ҷустуҷӯ дорад. Хуршед Ҳамроев аз ҳукумат хостааст, чанд соат оби обанбори канори Боғи Айниро хушк кунанд, то ҷасади духтарашро ёбад. Ду духтари хурдсоли ӯ дар обанбори канори Боғи Айнии пойтахт ғарқ шудаанд.

Чаро дар Душанбе монеи "Манқурт" шуданд?

Ozodi.org 

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, монеи намоиши "Манқурт" шуданд, чун ба иддаои ӯ, "коргардон матни асарро таҳриф кардааст". Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, мегӯяд, бо ҳамин мазмун номаи расмӣ гирифт, вале бо он розӣ несту хулосаашро ба зудӣ хоҳад фиристод.

Хонаводаи муҳоҷирон дар Тоҷикистон танбал шудаанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бино ба гузоришҳои гуногун, муҳоҷирати корӣ бо вуҷуди кумак ба хонаводаҳо ва пешрафти иқтисоди кишварҳои муҳоҷирфирист, як оқибати баде ҳам дорад ва он ҳам дастнигар ва ҳатто танбал шудани оилаҳо дар ватан аст.

Оилаҳои муҳоҷирони тоҷик танбал ҳастанд?

Ozodi.org 

Бино ба гузоришҳои гуногун, муҳоҷирати корӣ бо вуҷуди кумак ба хонаводаҳо як оқибати баде ҳам дорад ва он ҳам танбал шудани оилаҳои муҳоҷирон дар ватан аст. Оё дар Тоҷикистон ҳам ин воқеият ҳаст, зану фарзанди муҳоҷир фақати пули фиристодаро мегиранду ҳеч кор намекунанд.

Гумонбарони таҷовуз ба духтари 13-солаи қирғизистонӣ айбҳоро рад карданд

Ozodi.org 

Дар додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 12 июл муҳокимаи парвандаи таҷовуз ба номуси духтари 13-сола шуруъ шуд. Дар доираи ин парванда ду корманди пулис ва як шаҳрванде гумонбар мешавад, ки доғи судӣ дорад. Тимур Султонов, вакили мудофеи ҷабрдида гуфт, дар додгоҳ се шоҳид пурсида шуд. "Имрӯз айбдоршавандаҳо эътирофи гуноҳ накарданд. Дар ҷаласаҳои додгоҳӣ мо бори дигар мавқеи онҳоро хоҳем шунид", - гуфт вакили мудофеъ. Расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки айбдоршавандаҳо як духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублев о победе на "Мастерсе" в Мадриде: у меня нет слов






Офис президента весь на нервах

Врачи Первой Градской больницы вернули мужчине на место вышедший из орбиты глаз

Свет из Иерусалима: частицу Благодатного огня доставят в Читу

Мужчину госпитализировали после стрельбы в Калужской области