Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2022

Новости за 08.12.2022

Сокинони "Нурафшон" дар ҷустуҷӯи мавҷи телефону интернет ба кӯҳу саҳро мераванд.

Ozodi.org 

Сокинони як деҳаи дурдаст дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, барои тамос бо наздикони роҳдурашон ба теппаву кӯҳҳо мебароянд. Дар ин деҳ, мардум аз оддитарин шароит барои зиндагӣ, аз ҷумла обу роҳи дуруст ва телефону интернети хуб маҳруманд.

Ахбори Озодӣ аз 8-уми декабри соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон Рӯзи ризокорро ҷашн гирифтанд, роҳи хатарноки кӯдакон ба мактабе дар Кӯлоб, шикояти занони афсари афғон аз бекориву ниёзмандӣ, талош барои наҷоти маркази кӯдакони "дархудмонда" дар Душанбе.

Манбаъҳо: нақшаи даъват ба артиши Тоҷикистон иҷро нашудааст

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки Вазорати дифоъ аз иҷрои нақшаи даъват дар ҳама вилоятҳои кишвар ва шаҳри Душанбе гузориш дод, манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, нақшаи даъват дар чанд шаҳру ноҳия иҷро нашудааст.    Ду ҳамсуҳбати радиои Озодӣ дар комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон гуфтанд, ки мақомот натавонистаанд, нақшаи даъватро дар беш аз 15 шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон ба иҷро расонанд.    Вазорати дифоъ рӯзи 1-уми декабр бо пахши хабарномае гуфт, “бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ... Читать дальше...

Тоҷикистон бо арзиши 100 миллион доллар ба хориҷ нерӯи барқ фурӯхтааст

Ozodi.org 

Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқ дар нӯҳ моҳи имсол беш аз 100 миллион доллар фоида дарёфт кардааст, ки 10 миллион доллар бештар аз соли гузашта мебошад.  Оҷонсии омори Тоҷикистон бо нашри ҳисоботе гуфтааст, ки соли гузашта дар нӯҳ моҳ Тоҷикистон ба хориҷ бо арзиши беш аз 91 миллион долллар нерӯи барқ фурӯхта будааст.  Ҳоло дар аксар деҳоти Тоҷикистон нерӯи барқ бо маҳудият дода мешавад. Аввали моҳи октябр ширкати “Барқи тоҷик” тасдиқ карда буд, ки дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст. Читать дальше...

Сафари президенти Узбекистон ба Қирғизистон ба таъхир афтод

Ozodi.org 

Сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон, ки рӯзи 10 декабр дар назар буд, ба таъхир гузошта шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки Мирзиёев то охири соли ҷорӣ ба Қирғизистон сафар хоҳад кард. Рӯзи 9 декабр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) баргузор мешавад. Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов дар ин ҷаласа ба ҳайси нозир ширкат хоҳад кард. Қарор буд дар сафари Мирзиёев ба Қирғизистон чанд санад ба имзо расад. Читать дальше...

Раиси Додгоҳи олии Қазоқистонро иваз карданд

Ozodi.org 

Жакип Асанов, раиси Додгоҳи олии Қазоқистон аз мақом барканор шуд. Вай 5 сол дар ин мақом адои вазифа кард. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон номзадии Асламбек Мергалиевро ба мақоми раисии нави Додгоҳи олӣ пешниҳод кард. Номзадии раиси Додгоҳи олии Қазоқистонро президент пешниҳод ва табақаи болоии порлумони он кишвар тасдиқ мекунад. Вакилони порлумон Асламбек Мергалиевро ба мақоми Додгоҳи олӣ интихоб карданд. Мергалиев аз соли 2020 то ин замон раиси Додгоҳи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон буд.



Президенти Перу баъди эъломи беэътимодӣ боздошт шуд

Ozodi.org 

Порлумони Перу рӯзи чаҳоршанбе ба президенти он кишвар Педро Кастило эъломи беэътимодӣ кард. Пулис аз боздошти президенти ҳамакнун пешини Перу хабар дод. Нисбати вай бо айби сӯистифода аз мақом ва талоши табаддулоти давлатӣ парванда боз шудааст. Як рӯз пеш аз раъйи беэътимодӣ Кастило хабар дод, ки порлумонро пароканда ва дар кишвар вазъи фавқулода эълом мекунад. Аммо порлумон пароканда нашуд ва масъалаи истеъфои Кастилоро ба баррасӣ гирифт. Ба ҷонибдорӣ аз эъломи беэътимодӣ 101 вакил ва зидди беэътимодӣ 6 вакил раъй доданд. Читать дальше...

Узбекистон ҳам аз таъсиси "иттиҳоди газ" бо Русия худдорӣ кард

Ozodi.org 

Узбекистон омода аст, бо Русия оид ба газ шартномаи тиҷорӣ бандад, аммо тасмим надорад, шомили "иттиҳоди газ" шавад. Дар ин бора вазири энержии Узбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов хабар дод. Ба гуфтаи вазир, Тошканд "ҳаргиз дар ивази газ шартҳои сиёсиро қабул намекунад". Маскаву Тошканд дар бораи интиқоли гази Русия тавассути ҳудуди Қазоқистон гуфтугӯ доранд, аммо "ин шартномаи техникӣ аст" ва "маънои иттиҳодро надорад,"-гуфт Мирзомаҳмудов. Дар фасли зимистон Узбекистон ба камбуди энержӣ рӯ ба рӯ мешавад. Читать дальше...

Аз гузоришгари Созмони Милал хостанд, ба зиндонҳои Душанбе ва Ваҳдат биравад

Ozodi.org 

“Бунёди Бузургмеҳр”, як созмони ҷамъиятии марбут ба пайвандони адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров дар Лаҳистон дар номае аз гузоришгари вижаи Созмони Милал хостааст, бо зиндониёни сиёсӣ ва пайвандони онҳо бе ҳузури намояндагони мақомот мулоқот кунад.

«Соро компания» барандаи секаратаи Ҷоми Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дастаи «Соро компания»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал тими «Амонатбонк»-ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард, бори сеюм барандаи Ҷоми миллӣ гардид. Бозии ниҳоӣ 7-уми декабр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор шуд. Ду голи Самандар Ризомов, инчунин голҳои Дилшод Саломов, Идрис Ёров ва легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода ба «Соро компания» пирӯзӣ овард. Қаблан «Соро компания» солҳои 2020 ва 2021 Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Ин бошгоҳ бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов имсол... Читать дальше...

Дар ошхонаи як сокини Самарқанд деги дуҳазорсола пайдо карданд

Ozodi.org 

Оҷонси мероси фарҳангии Узбекистон мегӯяд, деги биринҷиеро дар ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд пайдо кардааст, ки ба қабилаи сакиҳо дар асрҳои II-I пеш аз милод тааллуқ дорад. Дегро сокини деҳаи "Муҳаммадӣ"-и Пайариқ соли 1993, ки он замон ба ҳайси мудири мактаб кор мекард, пайдо карда будааст. Мард мегӯяд, дегро ҳангоми кофтани ҷӯйбор дар теппаи миёни куҳи Карочӣ ва ёдгории бостонии "Тешиктеппа" пайдо кард ва бехабар аз арзишаш онро дар умури рӯзгор истифода мебурд. Баландии дег 37 ва паҳноияш 52 сантиметр аст.

Бонки Қирғизистон суратҳисоби "Temirov Live"-ро баст

Ozodi.org 

Бонки "Қирғизистон" суратҳисоби тарҳи рӯзноманигории "Temirov Live"-ро, ки барои мубориза бо коррупсия ва худсариҳои мақомот пул ҷамъ мекард, баст. "Мо бо таассуфи амиқ маҷбурем хабар диҳем, ки дар ҳоли ҳозир суратҳисоби бонкии "Temirov Live" баста шудааст. Худатон хулоса кунед", - навиштаанд рӯзноманигорони қирғизистонӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук. "Темиров Live" сарфи назар аз он ки бонк барои бастани суратҳисоб ягон далели расмӣ надорад, тасмим гирифтааст, ки эълони ҷамъоварии маблағро қатъ кунад. Читать дальше...

Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Адил соз" дар Қазоқистон иваз шуд

Ozodi.org 

Рӯзноманигор Тамара Калеева рӯзи сешанбе хабар дод, ки аз мақоми раҳбарии бунёди "Адил соз" дар Қазоқистон канор рафт. Ӯ бунёдро аз соли 1999 раҳбарӣ мекард. Калеева дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки раҳбари нави бунёд коршиноси қазоқ дар умури расонаҳо Қарлиғаш Чаманқулова интихоб шудааст. "Тамоми умед ва даъвоҳо дар бораи озодии баён минбаъд бояд ба раҳбари нави "Адил соз" Қарлиғаш Чаманқулова шавад", - афзудааст ӯ. Чаманқулова, ки қаблан ба ҳайси сухангӯи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон кор мекард... Читать дальше...

Дар Олмон 25 кас бо гумони омодагӣ ба табаддулот дастгир шуданд

Ozodi.org 

Мақомоти қудратии Олмон субҳи 7-уми ноябр дар натиҷаи як амалиёти густурда 25 узви ҳаракати ростгарои ифротии ин кишварро бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ дастгир карданд. Дар амалиёт ҳудуди се ҳазор маъмури неруҳои амниятии Олмон иштирок карда, дар натиҷаи он 137 иншооти 57 гумонбар дар Баден-Вюртемберг, Бавария, Гессен, Саксонияи Поён, Китсбюэли Австрия ва Перуҷаи Италия бозҷӯӣ шудааст. Вазири адлияи Олмон Марко Бушман дар Твиттер навишта, ки "додситонии федеролӣ фаъолияти як шабакаи... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Свентек переиграла Соболенко и выиграла титул WTA в Мадриде






Тайны профессии. Восемь историй о том, когда нотариусы спасают людей

Замминистра обороны Иванов просит отпустить его из СИЗО на Рублёвку: Не шутка, а ходатайство по делу

КАЛМЫКИЯ. В Москве презентовали первый калмыцкий парфюм

Амбассадоры сообщества «Волонтеры Москвы» помогают столице и горожанам