Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2022

Новости за 21.12.2022

Ҷанҷоли шахсони наздик ба мансабдорон дар Душанбе. Манобеъ: "Маҷруҳон ҳастанд"

Ozodi.org 

Манобеи муътамади Радиои Озодӣ гуфтанд, муноқиша шаби 16-уми декабр байни афроди Зариф Соҳибов, мудири корхонаи "Тилои тоҷик" ва Наврӯз Абдуллоев, писари Исматулло Абдуллозода, раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе рӯй додааст. Тасдиқи расмӣ ва назари ҷонибҳо дастрас нест.

Ният доранд, барои арзёбии "Алфа Телеком" 8 миллион сом пардозанд

Ozodi.org 

Хазинаи идораи амволи давлатӣ рӯзи 20-уми декабри имсол барои харидории хадамоти арзёбӣ аз ҶСП "Алфа Телеком" (собиқ бренди MegaCom, ҳоло MEGA) тендер эълон кард. Чунин эълон дар сомонаи харидҳои давлатӣ нашр шудааст.

Рӯ ба поин. Қурби рубл муҳоҷирону хонаводаашонро ғамгин кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Қурби рубли русӣ дар як ҳафтаи ахир ба таври назаррас паст шуд. Ин хабар садҳо нафарро дар Тоҷикистон нигарон кард, чун наздикони онҳо маблағҳои худро аз Русия бо рубл мефиристанд. Таҳлилгарон инро пайомади таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав бахусус ҷорӣ кардани нархи ягона барои нафти Русия медонанд.

Қурби рубл дар Тоҷикистон поин рафт

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон арзиши рубли русӣ дар баробари сомонӣ якбора поин рафт. Ин хабар садҳо нафарро дар Тоҷикистон нигарон кард. Қурби рубл барои аксар сокинони кишвар як мавзӯи муҳим аст, чун наздиконашон аз Русия асосан пули русӣ мефиристанд.

Пешниҳоди чанд тағйир дар артиши Русия

Ozodi.org 

Вазири дифои Русия гуфтааст, теъдоди хидматчиёни ҳарбии кишвараш бояд ба 1,5 миллион нафар, аз ҷумла шумораи сарбозони қарордодӣ то 695 ҳазор нафар расонда шавад.



Модараш гуфт, Саидмуҳаммади Ғозӣ дар зиндон "бемор шудааст"

Ozodi.org 

Модараш гуфт, Саидмуҳаммади Ғозии 46-сола, писари зиндонии Саид Қиёмиддини Ғозӣ, намояндаи пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, дар зиндон “бемор шудааст” ва “ба кумак ниёз дорад”. Ӯ ба гуноҳи хиёнат ба давлат ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст.

Мулоқоти сарони ИДМ рӯзҳои 26-27 декабр доир мешавад

Ozodi.org 

Раҳбарони Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус, ки узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳастанд, ба зудӣ гирди ҳам хоҳанд омад.

1300 сол пеш. Бо омадани арабу Ислом чӣ додем ва чӣ гирифтем?

Ozodi.org 

Оё мо бояд соли 722-умро ҳамчун соли хушбахтӣ ё баръакс, ҳамчун санаи ғамангез қабул кунем? Бо зуҳури арабу Ислом мо чиро аз даст додем ва чӣ бурд кардем? Суғдиён киҳо буданд ва бо фарҳанги хубу дини зардуштияшон куҷо шуданд?

Илон Маск гуфт, аз раёсати Twitter меравад, агар...

Ozodi.org 

Миллиардер Илон Маск гуфтааст, пас аз ёфтани ҷойнишин аз вазифаи мудири иҷроияи Твиттер истеъфо медиҳад. Дар айни замон афзуда, ки баъзе аз бахшҳои калидии шабакаро шахсан мудирият хоҳад кард.

Гуштигирони ҷавони тоҷик дар Боку ду медал гирифтанд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштии озод ва юнонию румӣ миёни наврасони то 17-сола, ки рӯзҳои  16-19-уми декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд, ду медал (як нишони тилло ва як биринҷӣ) ба даст оварданд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон, намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил ширкат доштанд. Варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар риштаи... Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон ба Санкт-Петербург меравад

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат мекунад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар доданд.  Раҳбарони кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус дар мулоқоти ғайрирасмӣ ҷамъ меоянд. Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ дирӯз дар як нишаст дар Минск гуфт, нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ... Читать дальше...

Толибон дарвозаҳои донишгоҳҳоро ба рӯи духтарон бастанд

Ozodi.org 

Ҳукумати Толибон дар як иқдоми нав, раванди омӯзиши духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Афғонистонро манъ кард. Шуморе аз кишварҳои ҷаҳон ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз ин тасмими Толибон интиқод карданд.

Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон якбора поин рафт

Ozodi.org 

Қурби рубли русӣ баъди чанд муддати болоравӣ, дубора ба таври қобили мулоҳиза поин рафт. Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1000 рубли русиро 147 сомону 50 дирам таъин кардааст. Дар як ҳафтаи пеш 1000 рубли русӣ ба 162 сомонӣ мубодила мешуд. Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон шарҳ надоданд, ки қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ чаро якбора поин рафт. Мавзӯи пасту баланд шудани қурби рубл барои бештари оилаҳо дар Тоҷикистон муҳим аст. Наздиконашон аз Русия рубл мефиристанд ва бонкҳои Тоҷикистон ба онҳо сомонӣ медиҳанд. Читать дальше...

Як зану мард дар Узбекистон духтаронро барои танфурӯшӣ ба Ҳинд мебурдаанд

Ozodi.org 

Кормандони Вазорати умури дохилии Узбекистон мардеро боздошт карданд, ки ҳамроҳи ҳамсараш духтаронро барои танфурӯшӣ ба Ҳиндустон мефиристодааст. Хадамоти матбуотии вазорат иттилоъ додааст, ки маъмурони пулис шаҳрванди Узбекистон М. Ю., соли таваллудаш 1978-ро 13 декабр ҳангоми фиристодани ду духтар ба Ҳиндустон дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд дастгир карданд. Ба иттилои муфаттишон, ин мард ба боварии ду хоҳари 19 ва 27-сола аз Намангон даромада, ҷои кори "хуб" ва маоши баландро дар Ҳиндустон ваъда додааст. Читать дальше...

Коршикании панҷрӯзаи кормандони "Яндекс.Еда" дар Русия

Ozodi.org 

Кормандони "Яндекс.Еда", хадамоти дастраскунандаи ғизо дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Русия бо талаби афзоиши маош панҷ рӯз коршиканӣ мекунанд. Иттифоқи касабаи "Курьер" дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм иттилоъ додааст, ки беш аз 600 корманди "Яндекс.Еда" аз 20 то 25 декабр ба кор нахоҳанд баромад. Ба ҷуз ин, ба дастраскунандагони ғизо пешниҳод шудааст, ба хотири фишор овардан ба шарикони "Яндекс" хазинаҳои тарабхонаҳоро банд намоянд, то навбатпоиҳо ба миён ояд. Бино ба хабарҳо... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублёв стал победителем «Мастерса» в Мадриде






6 мая: какой сегодня праздник, что было в этот день

Амбассадоры сообщества «Волонтеры Москвы» помогают столице и горожанам

Хельга Рай высказалась о скоропостижной смерти актрисы Галины Давыдовой

Яд в банках: в популярных марках кофе Росконтроль выявил фальсификаты