Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2022

Новости за 09.12.2022

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даргузашт

Ozodi.org 

Убайдулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки намояндаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маҳал маҳсуб мешавад, даргузаштааст. Дар ҳукумати ноҳия рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раиси ноҳия, ки бемории шабеҳи зуком доштааст, дар ҳамин рӯз ва ҳангоми интиқол барои муолиҷа ба Душанбе дар роҳ ҷон додааст.  Як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Убайдулло Файзуллои 58-сола бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуда буд. Қарор аст, маросими дафни ӯ рӯзи 10-уми декабр дар зодгоҳаш... Читать дальше...

Дар як ҳафта чаҳор ҳукм. Аз 30 то 8 соли зиндон ба фаъолони маданӣ аз Бадахшон

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар муддати як ҳафта чаҳор фаъоли маданӣ, аз ҷумла як хабарнигору блогер аз Бадахшонро ба солҳои дарози зиндон маҳкум кардааст. Коре, ки мояи нигаронии вазорати умури хориҷии Амрико шуд.

Хабарнигори дигари тоҷик 21 сол зиндонӣ шуд, Амрико гуфт нигарон аст

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоева, хабарнигор ва як фаъоли ҷомеаи маданӣ аз Бадахшонро ба 21-соли зиндон маҳкум кардааст. Афроди огоҳ аз парванда имрӯз 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукми додгоҳ аввали ҳамин ҳафта содир шудааст, вале ҷузъиёти дигаре надоданд.

Дар ҳамоиши Риёз омодагиҳо ба Олимпиадаи Париж-2024 ва Бозиҳои осиёӣ баррасӣ шуд

Ozodi.org 

Рӯзҳои 4-7-уми декабр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҳамоиши минтақавии ҳамбастагии олимпӣ/Шӯрои олимпии Осиё барои кумитаҳои олимпии қора баргузор шуд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш намояндагони кумитаҳои миллии олимпии узви Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) ширкат варзиданд. Тоҷикистонро ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва дабири кулли КМОТ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ карданд. Мудири департаменти Бозиҳои варзишии Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон гуфт... Читать дальше...



Дар Эрон Муҳсин Шакариро ба дор овехтанд

Ozodi.org 

Мақомоти Эрон Муҳсин Шакарӣ, яке аз 11 иштирокчии эътирозҳои оммавии зиддиҳукуматӣ дар он кишварро, ки ба қатл маҳкум шудаанд, эъдом карданд. Тибқи иттилои BBC, Муҳсин Шакарӣ субҳи 8 декабр ба дор овехта шудааст. Қаблан Додгоҳи инқилобии Эрон амалҳои ӯро дар ҷараёни эътирозҳои оммавӣ, ки нимаи моҳи сентябр пас аз марги Маҳсо Аминии 22-сола оғоз шуданд, "душманӣ зидди Худо" номида буд. Мақомоти Эронӣ Шакариро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 25-уми сентябри имсол роҳеро дар шаҳри Теҳрон баста... Читать дальше...

Вазъи фавқулода дар як шаҳри Қазоқистон бекор шуд

Ozodi.org 

Вазъи фавқулода дар шаҳри Экибастузи вилояти Павлодари Қазоқистон бекор шудааст. Вазъи фавқуллода дар ин шаҳр баъди як рӯзи аз кор мондани маркази барқу гармидиҳии шаҳр дар ҳавои то 30 дараҷа сард эълом шуда буд. Шаҳрдории Экибастуз гуфтааст, "фаъолияти мактаб ва боғчаҳо тибқи низоми муқаррарӣ, баъди фароҳам шудани шароити мусоид ва гармӣ дар биноҳо аз сар гирифта мешавад". Манбаъ афзуда, ки интиқоли гармӣ ба ҳама биноҳои истиқоматии баландошёна аз сар гирифта шуда, “корҳои барқарорсозӣ ҳамоно идома доранд". Читать дальше...

Қирғизистон то охири сол дар марз бо Тоҷикистон 150 хона месозад

Ozodi.org 

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров дар ҷаласаи порлумон гуфт, то охири имсол дар вилояти Бодканди ин кишвар, ҳаммарз бо Тоҷикистон 150 хона бунёд мешавад. Масъалаи бунёди хонаҳо дар Бодкандро вакили порлумони Қирғизистон Жанар Акаев дар ҷаласаи 8-уми декабр матраҳ кард. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои бинокорӣ қисми зиёди маблағеро, ки барои сохтмони хонаҳои осебдида дар натиҷаи муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон ҷудо шудааст, дарёфт накардаанд. "Пештар гуфтанд, ки хонаҳои Бодканд дар моҳи декабр пурра бунёд мешаванд. Читать дальше...

Бозпурсии туркманистониҳо пеш ва баъд аз сафар ба Узбекистон

Ozodi.org 

Маъмурони Вазорати амнияти миллии Туркманистон шаҳрвандонеро, ки мехоҳанд ба Узбекистон сафар кунанд, ба суҳбат даъват менамоянд. Ин хабарро як ҳамсуҳбати бахши туркмании Радиои Озодӣ, ки барои суҳбат ба Вазорати амнияти миллии Туркманистон даъват шуда буд, тасдиқ кард. "Вақте ҳамаи санадҳо барои сафар омода шудан шумо бояд барои суҳбат ба Вазорати амнияти миллӣ равед. Баъди бозгашт аз Узбекистон ҳам ба суҳбат даъват менамоянд. Бо шаҳрвандон тавре муносибат мекунанд, ки гӯё ба Узбекистон ҷосусро мефиристода бошанд"... Читать дальше...

Узбекистон созиши Толибон бо ширкати қазоқиро рад кард

Ozodi.org 

Ширкати давлатии “Узбекистон темир йӯллари” хабари додани роҳи оҳани Мазори Шариф-Ҳайратонро ба ширкати қазоқии "Mansour Fatih" рад кард. Дар изҳороти ширкати узбекистонӣ гуфта шудааст, ки "рӯзҳои 5-6 декабри имсол бо маъмурияти роҳи оҳани Афғонистон дар бораи истифодаи қитъаи роҳи оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф дар соли 2023 гуфтугӯ анҷом шудааст". "Дар натиҷаи гуфтугӯ бораи тамдиди муҳлати қарордод, таҳияи харитаи роҳ барои ҷалби шаҳрвандони Афғонистон барои нигоҳубини роҳ ва кор дар ширкат тавофуқ ҳосил шудааст", - омадааст дар изҳорот. Читать дальше...

Нигаронии ҷиддии Аврупо аз ҳодисаҳои Бадахшон ва вазъи хабарнигорони тоҷик

Ozodi.org 

Дар ҳамоише дар Душанбе намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз руйдодҳои имсол ва соли гузашта дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вазъи хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон ба шиддат нигаронӣ кардаанд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Рублёв поднимется на шестое место в рейтинге ATP после победы на «Мастерсе» в Мадриде






Пушилин: девочке из Макеевки подарили щенка по поручению Путина

КАЛМЫКИЯ. В Москве презентовали первый калмыцкий парфюм

Экс-футболист Мостовой о предложении от "Пари НН": будем думать и смотреть

Четыре самодельных дрона нашли в багажнике авто в центре Москвы