Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2022

Новости за 26.12.2022

"Басеҷ" нагузашта боз "басеҷ"? Як пайомади тағйирот дар артиши Русияро гуфтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Маскав дар посух ба талоши НАТО барои зиёд кардани нерӯҳояш дар наздикиҳои сарҳади Русия ба ислоҳоти артиш шуруъ кардааст. Пешниҳод шудааст, ки синни даъват ба хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба тадриҷ боло бурда шавад ва дигар ҷавонони аз 21 то 30-соларо ба хидмат бигиранд.

HRW хост, тарҳи Кодекси иттилоотии Узбекистон бозхонд шавад

Ozodi.org 

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 23-юми декабр бо нашри изҳороте аз Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон хост, то лоиҳаи Кодекси иттилоотиеро, ки барои баррасии умум пешниҳод кардааст, бозхонд кунад.

Ахбори Озодӣ аз 26-уми декабри соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Болоравии нархи маводи ғизоӣ дар арафаи соли нав дар вилояти Суғд, таъмири нокомили паёмади сел дар Кӯлоб, кӯшиши афзоиши шумори сарбозон дар артиши Русия ва сайри мақбараи дояи Исои Масеҳ.



Сохтмони хона дар як гӯшаи Душанбе баҳсбарангез шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бунёди бинои истиқоматӣ дар як гӯшаи Душанбе ҷанҷолбарангез шуд. Моликони ширкати сохтмонӣ мегӯянд, барои истифодаи қитъаи замин дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Сино санаду имзо доранд. Сокинон даъво доранд, ки бино дар як қисми варзишгоҳ сохта шуда, ҷойи бозӣ ва гаштугузори онҳоро танг мекунад.

Варзишгоҳ ё хона? Баҳси сокинон дар як гӯшаи Душанбе

Ozodi.org 

Бунёди бинои истиқоматӣ дар як гӯшаи Душанбе ҷанҷолбарангез шуд. Моликони ширкати сохтмонӣ мегӯянд, барои истифодаи қитъаи замин дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Сино санаду имзо доранд. Сокинон даъво доранд, ки бино дар як қисми варзишгоҳ сохта шуда, ҷойи бозӣ ва гаштугузори онҳоро танг мекунад.

Размикори тоҷик ба аввалини рақобати худ дар UFC омодагӣ мебинад

Ozodi.org 

Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аввалини рақобаташро дар мусобиқоти UFC (Ultimate Fighting Championship) FN 123 рӯзи 25-уми феврали соли оянда дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор мекунад.

Даргузашти як зоири тоҷик дар Макка

Ozodi.org 

Як зоири тоҷик ҳангоми адои Ҳаҷҷи Умра дар Арабистони Саудӣ вафот кардааст. Холмаҳмад Ҳамдамов, сокини 70-солаи ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Макка даргузашт. Яке аз пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "дирӯз баъди адои намози пешин дар хонаи Каъба, якбора дилашон аз кор мондааст. Он касро дар ҳамон шаҳри Макка ба хок супориданд. Бемории ҷиддӣ надоштанд". Холмаҳмад Ҳамдамов ягона тоҷике нест, ки зимни адои Ҳаҷҷи Умра вафот мекунанд. Масъулини Кумитаи дин ва танзими анъана гуфтанд... Читать дальше...

Дар Узбекистон теъдоди вазоратҳову идораҳоро кам мекунанд

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон қарорҳоро дар бораи аз 61 то 28 адад расонидани теъдоди вазоратҳо ва идораҳо имзо кард. 20 идора дар он кишвар комилан барҳам дода мешавад. Шуруъ аз 1 январи соли 2023 дар Узбекистон теъдоди мақомоти худиҷроияи давлатӣ аз 61 ба 28 адад кам карда мешавад. Теъдоди вазоратҳо аз 25 ба 21 мерасад ва 20 ниҳоди давлатӣ комилан барҳам дода мешавад. Дар ин бора дар фармон ва қарори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев зикр шудааст. Фармону қарор 21 декабр ба имзо расид, хабар дод Шерзод Асадов... Читать дальше...

Дума: Шаҳрвандони "фирорӣ"-и Русия андози бештар диҳанд

Ozodi.org 

Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро таҳия мекунад, ки бар асоси он молиёт ё андоз барои шаҳрвандони "фирорӣ"-и ин кишвар дар хориҷа бештар хоҳад шуд. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин хабар дод.

Панҷ пулиси қирғиз барои сарпарастии ҷинояткорон айбдор шуданд

Ozodi.org 

Рӯзи 24-уми декабр Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) дар вилояти Норини он кишвар 10 касро боздошт кард. Панҷ тан аз онҳо аъзои гуруҳи ҷиноии Қамчӣ Асанбек буда, панҷ тани дигар кормандони пулис, ки ҷинояткоронро пушти паноҳ шудаанд. Ин гуруҳ, ба иттилои КДАМ, рӯзи 7 ноябри соли ҷорӣ аз соҳиби як қаҳвахона моҳона ҳазор долларри ИМА талаб кардааст. Гуруҳ таҳдид кардааст, ки дар сурати напардохтани маблағ қаҳвахонааш оташ зада мешавад. Соҳиби қаҳвахона ба пулис шикоят, аммо пулис чораҷӯӣ накардааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Соболенко и Швентек сыграют в финале турнира WTA в Мадриде






Детский хор из Кисловодска примет участие в Литургии в Храме Христа Спасителя

Для ветеранов ВОВ в России ж/д перевозки весь год будут бесплатными

Яд в банках: в популярных марках кофе Росконтроль выявил фальсификаты

Мэр Москвы заявил, что ЕМИАС будет внедрена в нескольких федеральных клиниках