Мусовии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Озарбойҷон дар Туркия
![Мусовии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Озарбойҷон дар Туркия](https://gdb.rferl.org/BF93C2B6-61D7-4B17-9AA8-28FE539AC7EE_w800_h450.jpg)
Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бозии севуми санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия бо тими мунтахаби наврасони Озарбойҷон (U-17) бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Голи ягонаро Кабир Салимшоев ба ҳадаф расонд.
Аввалин бозии санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон муқобили дастаи «Коняспор»-и Туркия бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Дар бозии дувуми санҷишӣ футболбозони навраси тоҷик бар дастаи «Виктория»-и Берлини Олмон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд.
Бозии хотимавии санҷишӣ дар Анталияи Туркия миёни мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ва дастаи «Дебресен»-и Маҷористон рӯзи шанбеи 8-уми феврал баргузор мешавад.
Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии футболбозони навраси тоҷик ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн доир мегардад.”
Бозиҳои санҷишӣ
31-уми январ (ҷумъа)
Тоҷикистон (U-16) – «Коняспор» (U-17, Туркия) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Хусрав Тоиров.
2-юми феврал (якшанбе)
Тоҷикистон (U-16) – «Виктория» (U-17, Берлин, Олмон) – 2:0
Голҳо: Суннатулло Азизов (2).
6-уми феврал (панҷшанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Озарбойҷон (U-17) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Кабир Салимшоев.
8-уми феврал (шанбе)
Тоҷикистон (U-16) – «Дебресен» (U-17, Маҷористон)